РАНГОРАНГ

Эҷоди Қаҳҳорона

Адиби номвар Абдулло Қаҳҳор бо яке аз шогирдони худ ба дӯкон даромад ва ду даста коғази сафед, ки ҳар кадом 250-тоӣ варақ дошт, харид намуд.
– Коғазе харидед, ки ба як роман мерасад, – гуфт шӯхиомез шогирд.
Устод ҷиддӣ лаб ба сухан кушод:
– Ба роман не, ба ду ҳикояи ҳаҷман хурд расад ҳам гапи калон.
Шогирд тааҷҷуб намуд. Наход панҷсад адад варақ танҳо ба ду ҳикояи хурд сарф шавад?
Аз байн чанд вақт гузашт. Устоду шогирд боз вохӯрданд.
– Аз магазин коғаз хариданамон дар хотиратон? – суол кард А.Қаҳҳор. – Аз ҳамон як бастааш фақат ба як ҳикоя расиду халос.
Шогирд аз устод папкаи дастнависҳоро гирифт ва кушод, варақҳои ислоҳшударо аз назар гузаронд. Саҳифаҳои якум ва дуюми ҳикояе, ки А.Қаҳҳор таъкид кард, 6 маротибагӣ, саҳифаи сеюм 24, саҳифаи чорум 16 маротиба аз нав кӯчонда шуда буд. Саҳифаҳои дастнависи ҳикоя ҷамъ ҳашт саҳифаю бас. Аммо бинобар 15-20 маротиба аз нав навишта шудани саҳифаҳо миқдори умумии варақҳо аз 200 адад гузаштааст.
Шогирд ҳайратангез ба устод нигарист:
– Ҳикояро дар чӣ қадар муддат навиштед?
Устод гуфт:
– Вақти коғазхарӣ ҳикоя дар майнаам тайёр буд.
– Аҷиб, чизи тайёрро дар давоми ду сол навиштед?
– Агар аз таҳририят омада маро саросема намекарданд, кори шаш-ҳафтмоҳа мондаи ҳикояро таъҷилӣ ба иҷро намерасондам.
***
Абдулло Қаҳҳор ва Саид Аҳмад дар яке аз бӯстонсаройҳо якҷо машғули эҷод буданд. Абдулло Қаҳҳор дар болои «Синчалак», Саид Аҳмад дар болои песаи «Ҳукм» кор мекарданд.
Саҳифаи ҳаштоду якуми «Синчалак» навишта мешуд, таъкид месозад Саид Аҳмад зимни хотирот дар бораи Абдулло Қаҳҳор. Устод аз навиштаҷоти худ қонеъ намешуд, батакрор саҳифа сиёҳ мекард. Танҳо баъди сипарӣ шудани як моҳу чаҳор рӯз А.Қаҳҳор ба саҳифаи ҳаштоду дуюми асаре, ки иншо мекард, ду ҷумла илова намуд.
Саид Аҳмад дилтангона гуфт:
– Домулло, ин қадар дароз кардед, шарт-шарт навишта фиристед, намешавад?
Устод маънидор лаб кушод:
– Бо шарт-шарт навиштан мурод ҳосил мешуд, эҳтимол романҳои зиёд менавиштам, вале онҳо, бовар дорам, аз баъзе ҳикояҳои хурд-хурде, ки иншо кардам, камарзиш мебаромаданд.
Тавре мутахассисони соҳа эътироф кардаанд, дар «Бемор», «Дузд», «Анор», «Ҳазору як ҷон» барин ҳикояҳои ҳаҷман хурди адиб фикр, мазмун ва моҳияти романҳои ҷудогона ҷойгузин шудаанд.
А.Қаҳҳор исрофро намеписандид, ба муқаддасоте чун нон ба коғаз муносибат менамуд, вале барои он ки асар пухта барояд, вақт ва коғазро дареғ надошта, гаштаю баргашта рӯйнавис мекард. Вай дар адабиёти муосири ӯзбек мактаби ба худ хоси ҳикоянависӣ офарид. Дар ҳикояҳои ҳаҷман хурд маънӣ ва мазмунҳои васеъро ифода месохт. Ба таъкиди образноки яке аз суханварон, ҳар кадом ҳикояи ӯ анори пухта расидаро мемонд: мисле донаҳои сероб пӯсти анорро таранг мекунанд, дар дохили ҳикояҳои ин нависанда фикр ва зебоӣ аз мавҷудияти худ дарак дода меистоданд. Арғамчини дароз ва гапи кӯтоҳ хуб аст, мегуфт вай. Чӣ қадар ба эҷоди худ талаб гузорад, назди шогирдон низ ин гуна талаб мегузошт. Сахтгӯӣ ва сахтгириҳои бамавридаш бори ширин меовард: даҳҳо дастпарварони ӯ худ ба дараҷаи устодӣ расида, ба адабиёт хидмати сазовор намуданд. Меҳнат ва эҷоди А.Қаҳҳор бароямон дарси ибрат буд, эътироф сохтаанд онҳо.

Иштибоҳ

Базми шеъру суруд дар манзили яке аз адибон то субҳ давом кард. Яке аз гулҳои сари сабад – меҳмони азиз ва доимии аҳли адаб Юнус Раҷабӣ буд, ки панҷа ба лаълӣ зада, диловез хонишҳо менамуд. Саҳарӣ ҳама ба кӯча баромаданд, ки ба хонаҳои худ баргарданд. Ин асно гурӯҳи мӯйсафедон аз оши наҳор бармегаштанд. Ду аробае, ки ангиштсанг бор карда шуда буд, наздик мешуд. Ин асно аз карнаи радио суруди «Чоргоҳ» танин андохт.
– Ором! – гӯён шитобзада ба миёни кӯча баромад Ғафур Ғулом. – Ҳой аробакаш, биист! Тӯйчиака суруда истодаанд!!!
Баробари аробаҳо раҳгузарон ҷои худ истоданд. Юнус Раҷабӣ назди Ғафур Ғулом рафт ва пичиррос зад:
– «Чоргоҳ»-ро Тӯйчиака не, ман иҷро карда истодаам аз радио.
– Эҳ, намуред шумо, – гуфт Ғафур Ғулом ва ба ҳозирон хитоб намуд: – Аробакаш, аспи худ бирон. Мӯйсафедҳо, гузаштан  гиред!

Ш. МУҲАММАД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: