КИТОБ – ДӮСТИ БЕҲТАРИНИ МО

Ба муносибати сесолагии ба фаъолият оғоз намудани маҷмӯаи «Олами китоби Самарқанд» анҷуман ба вуқӯъ пайваст.

 Дар он адибон, шоирон, вакилони расонаҳои ахбори умум, мухлисони бешумори каломи бадеъ иштирок карданд.
Чорабиниро сармуҳаррири таҳририяти муштараки рӯзномаҳои «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник» Фармон Тошев ҳусни ифтитоҳ бахшида, таъкид намуд, ки «Олами китоби Самарқанд» маркази маърифату маънавият аст. Барои эҳёи он хизмати марди маърифатпарвар Акбарҷон Маҳмудов калон мебошад. 
Инчунин, дар анҷуман доктори илмҳо Мамаюнус Пардаев, раиси шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Тошпӯлод Тугалов, роҳбари маҷмӯи савдои «Олами китоби Самарқанд» Хуршед Нуруллоев ва дигарон доир ба аҳамияти китоб ва мутолиаи он ҳарф заданд.
– Бо ташаббуси ҳокимияти вилоят дар се муассисаи таълими олӣ – Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Донишкадаи тиббии Самарқанд, Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони таълими халқи вилоят, шуъбаҳои «Олами китоби Самарқанд» ташкил шуд, – гуфт корманди маҷмӯа Азизҷон Маҳмудов. —   Дар растаи бозори Сиёб, боғҳои истироҳат ва дигар ҷойҳои серодами Самарқанд савдои китобро ба роҳ мондем. Ғайр аз он, дар 600 мактабу муассисаи таълими ибтидоӣ савдои сайёри китоб гузаронда шуд. Мақсад – дар асоси фармону қарорҳои сарвари давлат баланд бардоштани сатҳи маънавияти мардум аст. 
Дар поёни чорабинӣ мушоираи шоирон баргузор гардид.

З.ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: