МАСЪАЛАҲОИ САРФАКОРОНА ИСТИФОДА БУРДАН АЗ ЗАХИРАҲОИ ЗАМИН ВА ОБ БАРРАСӢ ГАРДИДАНД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 4 июн бахшида ба вазифаҳои устувори истифодаи самарабахши захираҳои замин ва об дар кишоварзӣ ҷамъомад баргузор намуд.

Дар сектори аграрӣ ҳосилнокии баланд танҳо бо оқилона истифода намудан аз захираҳои замину об имконпазир мегардад. Аммо дар натиҷаи ба дараҷаи бояду шояд эътибор надодан ба шабакаҳои ирригатсионӣ ва бесоҳиб монондани замин дар тӯли 30 соли охир 450 ҳазор гектар майдонҳои обёришаванда ба ҳолати ношоям омад.
Дар айни ҳол дар мамлакат имкони азхуд намудани беш аз 1 миллион гектар замин мавҷуд аст. Таъкид гардид, ки бояд бинобар рушди онҳо бо роҳи иҷрои корҳои ирригатсионӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои обсарфакунанда, рӯёндани зироати ба об камталаб чораҳо андешид.
Дар ҷамъомад бинобар ҷорӣ намудани низоми самарабахш барои аз нав азхудкунии заминҳо чораҳо баррасӣ гардиданд.
Зарурати дар асоси таҷрибаи байналхалқӣ ҷорӣ намудани тартиботе таъкид гардид, ки мувофиқи он заминҳои аз муомилот баровардашуда дар шароитҳои шарикии давлативу хусусӣ азхуд карда мешаванд. Дар ин бобат сармоягузорон ба мустақилона ҷойгир намудани зироат дар заминҳои азхудшуда, ба субиҷора додани замин ва сохтани объектҳои зарурии инфрасохторӣ ҳуқуқ доранд.
Сарвари давлатамон таклифи Бонки умумиҷаҳониро оид ба дар ноҳияҳои ҷудогонаи Ӯзбекистон ҷорӣ намудани модели намунавии барқарор намудани заминҳои аз муомилот баромада дар асоси шарикии давлативу хусусӣ маъқул донист ва ба роҳбарони вазоратҳои дахлдор бино бар татбиқи лоиҳаи мазкур супориш дод.
Бинобар ҷорӣ намудани механизмҳои шарикии давлативу хусусӣ дар идоракунии шабакаҳои обёрикунӣ таклифот изҳор шуданд.
Ба Вазорати кишоварзӣ ва Кумитаи «Давергеодезкадастр» супурда шуд, ки дар солҳои 2019-2021 дар асоси шарикии давлативу хусусӣ ба ташаббускорони лоиҳаҳо додани 281 ҳазор гектар замини ба азхудкунӣ мансубро таъмин намояд. Таъкид гардид, ки дар ин заминҳо маҳсулоти меваву сабзавоти ба содирот нигарондашуда рӯёнда шуда,  навъҳои нави зироати ба хушкӣ тобовар офарида шавад.
Бинобар дар заминҳои азхудшуда ҷорӣ намудани технологияҳои баланд бардоштани ҳосилнокии замин, беҳтар гардондани ҳолати мелиоративӣ ва таъминоти об, ҷорӣ намудани тартиби қисман ҷуброн намудани хароҷоте, ки ба ин мақсадҳо нигаронда шудаанд, таклифот пешниҳод шуданд.
Дар ҷамъомад ба масъалаҳои беист бо об таъмин намудани заминҳои барқароршуда, дар ин бобат ба кор бурдани технологияҳои обсарфакунанда эътибори алоҳида дода шуд.
Дар рафти баррасии масъала дар бораи омӯхтани захираҳои обҳои зеризаминӣ аз ҷониби кумитаи давлатӣ оид ба геология ва захираҳои минералӣ, Кумитаи давлатӣ оид ба экология ва ҳифзи муҳити зист, Вазорати хоҷагии об бино бар зоҳир намудан ва истифодаи самарабахши захираҳои обҳои зеризаминӣ, ки барои  обёрикунии заминҳои лалмӣ ва чарогоҳҳо лоиқ мебошанд, тавсияҳо дода шуданд.
Ба вазорату идораҳои масъул супурда шуд, ки бинобар пешгирӣ намудани истифодаи ғайриқонунии замин ва аз нав дида баромадани низоми назорат дар ин соҳа чораҳои муассир муайян кунанд.
Зарурати ба кор даровардани низоми ягонаи автоматиконидашуда барои таъмин намудани дақиқии маълумотҳои кадастри замин ва самарабахшии идоракунии онҳо зикр гардид.
Бино бар масъалаҳои дар ҷамъомад баррасигардида ба шахсони масъул супоришоти дахлдор дода шуданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: