РАНГОРАНГ

Сад гиряи дурӯғ ва як гиряи рост

Пирамарди навадсола аз олам гузашт. Хайр, ҳаёт ҳамин. Касе ба дунё сутун нашудааст. Дигар, навад сол умр дидан кори калон. Мардум реҳлат дар ин синну солро шӯхиомез азо не, балки ... «тӯй» ҳам гӯянд. Мефаҳмем, албатта.
Вале азо азо аст. Соҳибони мурда бояд овоз бароранд. Дигарон таскин диҳанд онҳоро, барояшон сабр хоҳанд.
Хуллас, мӯйсафед мурд. Даро-барои наздикон, ақрабо ва ёру дӯст дар авҷ.
Писарон, духтарон, набераю абераҳои марҳум, дар тан либоси мотам, ҳар воридшуда ва  китфгирифтаро «вой, додом», «вой бобом...» гӯён истиқбол мегиранд. Мисле онҳоро дида, «хориашон омада», мегирянд. Вале ин гиряҳо рост ё дурӯғ?
Канӣ, камера бошад ва ин тамошои аҷиб, «фоҷиаи мазҳакаомез» ё худ «мазҳакаи фоҷиаомез»-ро сабт созӣ.
Аммо миёни азодорон нафаре рост мегиряд. Гиряаш раҳмовар...
Ӯ кӣ аст? Яке аз писарҳои марҳум?
Не. Духтараш? Не. Набераҳо... Не! Пас кӣ рост гиристанаш мумкин ба вафоти пири навадсола?
Лекин як нафар воқеан мегирист. Ҷигар мегирист. Гиряи ҷигарбандон – писару духтарҳо, дигару дигарҳо дурӯғ буд, «намоиш» буд. Сохта буд.
Вале рост буд гиряи ин ҷигар. Вай бо сӯзу гудоз, дарду аламҳои ногуфт нола мекард. Ашкҳои талхи аз чашмонаш дамида ба рӯи пуроҷингаш фуромада ва ба ришҳои сафедаш андармон мешуданд. Ӯ ҳам пиронсол. Дар таҳи навад. Кӯдаквор мегиряд вале. Кӯдаквор!
Ӯ кӣ аст? Додари паршикаста, дилшикаста ва ... «танҳомонда»-и мӯйсафеди навадсола.
Додар мегиряд. Ҷигар мегиряд! Кӯдаквор мегиряд...

Қонуни ҳаёт

Акбари бузург, тоҷи шоҳаншоҳӣ бар сар, дар тахт нишастааст. Вале хаёлаш куҷое саргардон. Мисле, аз рӯи адолат набудани баъзе корҳои дунё ӯро азият медиҳанд. Ҳолати ӯ дарк карда:
– Шоҳам, чиро фикр мекунед? – пурсид дӯсти бачагиаш Бирбал, ки алъон мушовири оқили ӯст. 
Акбар ҳасрат кард:
– Чаро подшоҳон мемиранд?
Бирбал гуфт:
– Агар онҳо намемурданд, Шумо подшоҳ намешудед.

Ака-укаи ба хуни ҳам ташна

Бародарони номуросо, ака-укаҳои ба якдигар душман низ ёфт мешудаанд.
Часпочасп ва мӯйкании духтарчаҳо Мадина ва Умеда зиддияти падаронашон Дамир ва Рашид Тӯраевҳоро аз деҳаи Чиғатой (воқеъ дар вилояти Сурхондарё) боз ҳам тезутунд гардонд.
Дамир як не, ду корд бардошта, ба хонаи додар рафт. Рашид, бехабар аз он ки дар қиёфаи ака ба сараш фалокат зер карда меояд, «Тико»-и худро таъмир мекард.
Вай паст наомад.
– Ба нағзӣ дафъ шав, ака, вагарна бо ҳамин (монтировкаро нишон дод ӯ) саратро пачақ мекунам.
Овисинҳо, тарафи шавҳари худро гирифта, ба байн даромаданд. Дамир келинашро, Рашид янгаашро сахт носазо гуфт. Ҷонибҳо ба ҳам дарафтоданд, Дамир ба шиками Рашид корд зад. Корди хунолудро кашида гирифту ба келинаш Ибодат ҳамла ва ӯро ярадор сохт. Рашид шиками хунрези худро дошта, бо ҳавли ҷон, ба анборчаи ҳавлиаш даромад, милтиқеро, ки ғайриқонунӣ нигоҳ медошт, бардошта, бародарро ба нишон гирифт.
Дамиру занаш гурехта, кӯча баромаданд. Бо дар вақташ аз задухӯрди оилавӣ хабардор шуда, расида омадани ходимони ҳифзи ҳуқуқ, хайрият, фоҷиа рӯй надод – зану шавҳари кордхӯрдаро дарҳол ба беморхона расонданд, ҳаёташон нигоҳ дошта шуд.
Бародарони ба хуни якдигар ташна дар назди қонун ҷавоб доданд.
Ҳар ду ҳам баққуват ва девқомат. Вале фил барин ҷусса ва қувваю қудрат бошаду тафаккуру маърифат набошад, ҷаҳолат ғолиб меомадааст.

Ҳоли бад ва ҳоли хуб

Дар авҷи камолот шахси наҷибе ногаҳон вафот кард. Рӯзи дафн ҳама ашк рехтанд. Ҷуз аз нафаре, ки наздиктарин шахси марҳум буд. 
Одамон ҳайрон. Ба ӯ чӣ шудааст? Овоз намебарорад. Чашмонаш хушк.
Бо тараҳҳум:
– Ҳоли вай бад аст, – гуфт мӯйсафеди рӯзгордидае.
Ду-се рӯз гузашт.
Ӯ акнун кам-кам мегирист.
Мӯйсафед гуфт:
– Ҳолаш беҳ мешавад.
Баъди ҳафтае аз хонаи марҳум доду фарёде, ки дилҳоро ба риққат меорад, шунида шуд.
Мӯйсафед мамнун даҳон кушод:
– Сад шукр, вай ба худ омад.
Ҳолаш беҳ аст!

Шоҳбайте, ки Навоӣ харид

Дар бораи дарк ва диди амиқу баланди Навоии бузург «гап нест». Вай бо гирифтани таълим ва фотиҳаи сафеди ҳазрати Ҷомӣ, ки барояш пири комил низ буд, шеърияти туркиро ба дараҷаҳои баланд баровард.
Мегӯянд, Навоӣ дили ҳассос дошт, бо шунидани сухан ё образи обнарасида, ишораҳои дилангез, мисраъ ва байтҳои дилошӯб сахт ба ваҷд меомад.
Аснои дар Самарқанд буданаш байту ғазалхонии як гадои кӯча диққаташро ба худ кашид. Гадо нола мекард:
Кӯкрагимдир субҳнинг пироҳанидин чокроқ,
Кипригим шабнам тӯкилган сабзадан намроқроқ.
Бо ба гӯшаш даромадани ин байт нозуктарин торҳои эҳсоси Навоӣ ба ларзиш даромаданд. Гадоро боздошт ва пурсид:
– Байти кист?
– Намедонам, – гуфт гадо. – Шояд аз они халқ.
– Ба ман намефурӯшед?
Гадо ҳайрон.
– Байтро? О, гуфтам-ку, аз они ман не. Ман фақат...
– Чӣ набошад, аз даҳони шумо шунидам. Илтимос, фурӯшед. Ҳама хоҳишатон ба ҷо меорам!
Бо баҳонаи «байтхарӣ» Навоӣ сари гадоро ба осмон расонд. «Байт акнун мулки худам» гуён худро низ тасаллӣ мебахшид бузургвор. Ва он ду мисраъро ба шакли ғазали мукаммал овард. Ин аст таърихи навишта шудани яке аз беҳтарин ғазалҳои Навоӣ. Навоие, ки барои хайр кардан, ёфтани дили  бечорагон, айни замон, сабаберо маътал буд. 

Ш. МУҲАММАД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: