АЗ ПАЙИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМИЮ ОМӮЗИШӢ

Чанде пеш (7-12 апрел) намояндагони Донишгоҳи ахбору технологияи Тошканд ба номи Муҳаммад ал-Хоразмӣ дар доираи барномаҳои “Таҳарруки байналмилалии сармоя” (КА107, Erasmus) аз шаҳри Беневентои Итолиё боздид ба амал оварданд.

Тайи баргузории ин боздид дар байни Донишгоҳи ахбору технологияи Тошканд ва Донишгоҳи Саннио (Universita degli Studi del Sannio) қарордоди ҳамкориҳои илмию омӯзишӣ ба имзо расид.
Дар маросими бастани қарордоди ҳамкорӣ мири шаҳри Беневенто Франсиско Антонио Капетта, сафири томулихтиёри Ӯзбекистон дар Итолиё Шуҳрат Рашидов, ректори Донишгоҳи Саннио, профессор Филиппо де Росси, мудири омили бемористони «Сан-пио» Ренато Риззути, масъулони Оҷонсии миллии «Erasmus» ва чандин намояндаи созмонҳои марбута, устодони Донишгоҳи Саннито, таҷрибаомӯзони ӯзбекистонӣ ширкат варзиданд. Аз ДАТТ профессор М. Раҳматуллоев, дотсент Б. Ғаниева, муаллими калон К. Шукурова дар мулоқоти дуҷониба суханронӣ карда, роҷеъ ба имконоти минбаъдаи илмию омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ, табодули донишҷӯён ва ҳамкориҳои ду донишгоҳ дар оянда фикру андешаҳои худро баён намуданд. Тафсилоти ин вохӯрӣ ва имзои қарордод дар расонаҳои гурӯҳии Итолиё ба таври васеъ пахш гардидааст.
Ҷолиби таваҷҷӯҳ ин аст, ки дар ҳошияи ҳамкориҳои мазкур се нафар магистранти ДАТТ Мирҷалол Одинаев, Камолиддин Ҳусинов ва Баҳманёр Нурназаров зарфи муддати се моҳ дар Донишгоҳи Саннио таҳсил ва коромӯзӣ намуда ба Ӯзбекистон баргаштанд. Пас аз бозгашт мо бо тоҷикписар, донишҷӯи давраи магистратураи  ДААТ Баҳманёр Нурназаров суҳбат оростем. Ӯ, аз ҷумла, изҳор намуд:
– Таҳти пӯшиши барномаҳои «Erasmus» ҳамасола ҳимоятҳои молии Иттиҳоди Аврупо барои таҳсил ва коромӯзии донишҷӯёни кишварҳои рӯ ба пешрафт ба муддати аз се то дувоздаҳ моҳ сурат мегирад. Ин гуна таҳсилу коромӯзӣ комилан бепул аст. Ахиран Донишгоҳи мо низ аз пайи ҳамкориҳо ва табодули таҷриба бо Донишгоҳи маъруфи Санниои Беневенто ба дарёфти имтиёзҳои ёдшуда муваффақ шуд. Маъмурияти донишгоҳи мо беҳтарин донишҷӯён – дӯстонам Мирҷалолу Камолиддин ва каминаро баргузида барои таҳсил ва коромӯзӣ фиристоданд. Ҳамроҳи мо чор нафар донишҷӯйи беҳтарин аз Донишкадаи педиатрияи Тошканд низ буданд. Мо дар давоми се моҳ дар озмоишгоҳҳои илмию амалии Донишгоҳи Саннио бо устодони варзидаи соҳаи тиб доир ба омӯзиши роҳҳои муолиҷа, корбурди фановариҳои нави муосир дар соҳаи пизишкӣ, ба хусус, дар риштаи тавонбахшӣ ва эҳёи неруву тандурустии аздастрафта (реабилитатсия) таҳсил ва коромӯзӣ кардем. Вазифаи мо – се нафар донишҷӯйи барноманавис аз он иборат буд, ки нармафзорҳои дастгоҳу абзори дақиқи ташхисӣ ва дармонии тиббиро сохта, дар низоми роёнаӣ (компутерӣ) насб ва ҳамроҳ бо коршиносони соҳаи пизишкӣ дар амал татбиқ намоем. Хушбахтона, ҳамаи мо аз уҳдаи ин кор баромадем ва дар ниҳоят, соҳиби гувоҳномаи ихтисосии Донишгоҳи Саннио гардидем.

А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: