МЕҲМОНХОНА БА КОР ДАРОМАД

Тавре ки пештар хабар дода будем, бо шарофати таҷдид ва ободтаргардонии «Ҳафт пир»-и комили Бухоро дар ин зиёратгоҳҳо корҳои зиёди бинокорӣ амалӣ шуда, чандин иншооти нав ба кор сар кард.

Бо ташаббуси тадбиркори ҳимматбаланд Комил Рӯзиев дар ин зиёратгоҳҳо сохтмони меҳмонхонаҳо таҳти унвони «Poykent Bukhara» вусъат ёфта буд. Дар арафаи Иди рамазон чор меҳмонхона – дар зиёратгоҳҳои Баҳоваддини Нақшбанд, Амир Кулол (дар Когон), Хоҷа Маҳмуд Анҷири Фағнавӣ (дар Вобканд) ва Хоҷа Ориф Моҳитобон ар-Ревгарӣ (дар Шофиркон) ба истифода супорида шуданд. Бояд гуфт, ки барои бунёди меҳмонхонаи зиёратгоҳи пири комили шофирконӣ 4,5 миллиард сӯм маблағ харҷ гардид. Он дар як вақт ба 68 нафар мусофир хидмат расонда метавонад. Дар ин ҷо дукони китоб, мағозаи бузург, маҷлисгоҳ низ фъолият дорад.

А.АВЕЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: