ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН РАИСИ МАҶЛИСИ ПАРЛУМОНИ ҚАЗОҚИСТОНРО ПАЗИРУФТ

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 7 июн ҳайати Ҷумҳурии Қазоқистонро таҳти сарварии Раиси Маҷлиси Парлумони ин мамлакат Нурлан Нигматулин қабул кард.

Сарвари давлатамон меҳмонро самимона хайрамақдам гуфта, алоҳида таъкид намуд, ки ташрифи ҳайати намояндагии Парлумони Қазоқистон ба Ӯзбекистон аз мустаҳкам гардидани муносибатҳои дӯстӣ, некҳамсоягӣ ва шарикии стратегии байни ду мамлакати бародар далолат медиҳад.
Раиси Маҷлиси Парлумони Қазоқистон, дар навбати худ, ба Президенти мамлакатамон барои пазироии самимӣ миннатдории амиқ изҳор намуда, салом ва таманнои беҳтарини Нахустин Президенти Қазоқистон – Элбасы Нурсултон Назарбоев ва Президент Қасим-Жомарт Тоқаевро расонд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо қайд намуданд, ки натиҷаҳои ташрифи аввалини давлатии Президенти Қазоқистон Қасим-Жомарт Тоқаев ба Ӯзбекистон моҳи апрели соли ҷорӣ бори дигар саъю кӯшиши тарафайн ва пайравии қатъӣ доштанро ба минбаъд васеъ гардондани ҳамкории бисёрҷанба, бо мазмуни амалӣ ғанӣ гардондани он тасдиқ намуд.
Афзудани ҳаҷми савдои дуҷониба бо қаноатмандӣ қайд гардид. Дар соли 2018 муомилоти тарафайни мол 50 фоиз афзуда, аз 3 миллиард доллар гузашт. Вазифаи мақсадноки дар солҳои наздик камаш ба 5 миллиард доллар расондани ин нишондиҳанда қарор дорад.
Бо иштироки ширкату корхонаҳои бонуфузи ду мамлакат дар асоси кооператсия лоиҳаҳои пешомаднок татбиқ мегарданд. Дар соҳаи нақлиёт хатсайрҳои нави автобусӣ ва роҳи оҳан ба роҳ монда шуда, парвозҳои ҳавоии байни шаҳрҳо вусъат ёфта, ҳаҷми боркашонӣ меафзояд.
Равобити байниминтақавӣ торафт мустаҳкам гардида, мубодилаи маданиву инсонпарварӣ вусъат меёбад. Соли гузашта дар Қазоқистон соли Ӯзбекистон бомуваффақият гузаронда шуд, соли ҷорӣ бошад, дар мамлакатамон Соли Қазоқистон бо барномаҳои аз чорабиниҳо ғанӣ гузаронда мешавад.
Дар вохӯрӣ инчунин масъалаҳои муҳими рушди минбаъдаи ҳамкории байнипарлумонии Ӯзбекистону Қазоқистон баррасӣ гардиданд.
Зарурати ба роҳ мондани алоқаҳои фаъол дар дараҷаи кумитаҳои соҳавии парлумонҳо ва боз ҳам самарабахш истифода бурдан аз имкониятҳои гурӯҳҳои байнипарлумонии дӯстӣ ба мақсади саривақт татбиқ намудани созишномаҳо ва пеш бурдани лоиҳаҳои нави шарикӣ таъкид гардид.
Нурлан Нигматулин изҳор намуд, ки мақомоти олии қонунгузории  Қазоқистон ният дорад, минбаъд низ муносибатҳои байнипарлумониро амиқ гардонда, инчунин ба пеш бурдани ташаббусҳое, ки ба таҳкими ҳамкории  бисёрнақша бар манфиати ду халқи бародар нигаронда шудаанд, ҳамаҷониба кӯмак намояд.
Дар хотимаи вохӯрӣ сарвари давлатамон  бомуваффақият баргузор намудани чорабинии муҳими ҳаёти сиёсии Қазоқистон – интихоботи президентиро, ки 9 июн баргузор мегардад,  таманно намуд.

ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: