МОИ «ҒИЖДУВОН»: ЛОИҲАҲО АМАЛӢ МЕГАРДАНД

Маълум аст, ки минтақаи озоди иқтисодии «Ғиждувон» мувофиқи Фармони Президент соли 2017 ташкил ёфт ва барои рӯйи об баровардани лоиҳаҳои пешбинишудаи он 67,5 гектар майдон ҷудо карда шудааст.

Ба қарибӣ мо бо директори корхонаи давлатии унитарии «Ғиждувон» Хайрулло Ҷӯраев вохӯрда, аз хусуси ҷараёни корҳои иҷрошуда ва вазифаҳои пешистодаи корхона суҳбат кардем.
– 14 лоиҳа дар биноҳои хусусӣ бо қимати харидкунии сифр ва 15 лоиҳаи боқимонда дар 30,5 гектар қитъаҳои барои минтақаи озоди иқтисодӣ ҷудогардида ба амал татбиқ мегардад, – гуфт вай. – Имрӯз дар ҳудуди МОИ «Ғиҷдувон» 17 гектар майдони бекорхобида мавҷуд аст.  Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба сармоягузорон, рушди шабакаҳои муҳандисӣ, коммуникатсияҳои нақлиётӣ ва инфрасохтори объектҳои иҷтимоӣ дар чаҳорчӯбаи қарори махсуси Девони Вазирон аз соли 2017 иҷрои корҳо  бобати нақли гази табиӣ, шабакаи об, таъминоти барқ, хобондани кабели алоқа идома дорад. Инчунин аз ҷониби ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари» ҳамчун сарпудратчӣ аз истгоҳи «Қизилтеппа» то МОИ «Ғиждувон» имсол бунёди роҳи оҳан дар масофаи 26 километр бо роҳи кашидани хати барқ ва аз байн бурдани  биноҳои фартут  ва гузаргоҳҳо ба нақша гирифта шудааст. Ҳоло дар ҳудуди МОИ «Ғиждувон» 33-то лоиҳаи 29 сармоядор, ки қимати умумиашон ба 102,4 млн. доллари ИМА баробар асту онҳоро Шӯрои маъмурии минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва минтақаҳои хурди саноатӣ маъқул ёфтааст, татбиқ мегардад.
Танҳо соли гузашта 18  лоиҳаи сармоявии ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ аз 33,2 млн. доллари ИМА ва 10,1 млрд. сӯм воми бонкҳои тиҷоратӣ баҳраманд гардиданд. Дар натиҷа 13 лоиҳа моҳҳои ноябр – декабр ба амал татбиқ гардида, 786 ҷойи нави корӣ фароҳам омад. Оқибат ба андозаи 1,2 млн. доллари ИМА содироти маҳсулот сурат гирифт. Ҳамин тариқ, дар 14 корхона  лоиҳаҳои пешбинишуда ба амал татбиқ гардиданд. То охири сол боз дар 17 корхона истеҳсоли электрод, симтӯр, елим, лентаи елим, чой аз барги тут, зарфҳои сунъӣ, орд ва маҳсулоти он, дастпӯшакҳои тиббӣ, ҷилди болину кӯрпа, плитаҳои МДФ аз ғӯзапоя ва партовҳои чӯбу тахта, коғази картон, газвор, тагпӯшиҳо, намудҳои гуногуни ришта, коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, шир, хушк кардани мева ва ғайра ба роҳ монда мешавад.
Ҳоло бо сармоядорони Малайзия, Хитой, Туркманистон ва Тоҷикистон бобати ба андозаи 118,0 млн. доллари ИМА даровардани сармояҳо гуфтушунидҳо идома доранд.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: