МАҶМӮАЕ, КИ 200 МИЛЛИОН ДОЛЛАР АРЗИШ ДОРАД, СОХТА МЕШАВАД

Дар маркази шаҳри Фарғона корҳои сохтмони бинои фурӯш ва рекламаи меҳмонхонаҳои «Model House»-и Ширкати «Chang construction group»-и Куриёи Ҷанубӣ шурӯъ гардид.

Дар солҳои охир ҳамкориҳои бисёрҷанбаи байни Ӯзбекистон ва Куриёи Ҷанубӣ аз ҷиҳати сифат ба зинаи нав бардошта шуд. Дар ин бобат, бахусус, вилояти Фарғона ва дар байни ин мамлакатҳо ривоҷи мунтазами алоқаҳо дар соҳаҳое мисли соҳибкорӣ, тиб, таълими томактабӣ сазовори эътибор аст. 
Дар вилоят дар солҳои 2019-2020 аз ҳисоби сармояи Куриёи Ҷанубӣ 10-то лоиҳаи арзишаш қариб 239,4 миллион доллар амалӣ шуд. Саъю ҳаракатҳо дар бобати сохтани манзилҳои зисти бисёрқабатаи замонавӣ, меҳмонхонаҳои муҳташам, маҷмӯаҳои савдо ва тантана, марказҳои солимгардонӣ аз ҷумлаи созишномаҳои дуҷонибаи манфиатнок мебошад.
Дар доираи лоиҳаи рушди вилоят бахшида ба гузоштани хишти аввали пойдевори бинои фурӯш ва рекламаи меҳмонхонаҳои «Model House» чорабинӣ баргузор шуд. Дар он ҳокими вилояти Фарғона Шуҳрат Ғаниев, директори Ширкати «Chang construction group»-и Куриёи Ҷанубӣ Чи Чанг Ги нахустин хишти рамзиро барои сохтмони бинои «Model House»  гузоштанд.
Дар асоси лоиҳаи рушди вилояти Фарғона бисёр меҳмонхонаҳо, маҷмӯаҳои савдо ва иншоотҳои дигар барпо карда мешаванд. Хусусан, дар шаҳри Фарғона дар ҳамкорӣ маҷмӯаи замонавии «Business City», ки қиматаш 200 миллион доллар мебошад, қад рост мекунад.

М. СУЛАЙМОНОВ, 
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: