РАНГОРАНГ

Шоҳона кӣ буд?

Чӣ тоҷикон ва чӣ ӯзбекон Есенинро дӯст медоранд. Ӯро дунё мешиносад. Дар ватанаш Русия мегӯянд, ки ашъори вақтҳои охир аз ҳама зиёд мутолиашаванда маҳз падидаҳои қаламии Есенин мебошад.
Есенинро Лоиқ ва Бозор ба тоҷикӣ, Эркин Воҳидов ба ӯзбекӣ хеле хуб тарҷума ва дар шакли китоб бо унвонҳои «Гулафшон» ва «Замин дарғаси» ба дӯстдорони назм тақдим кардаанд.
«Оҳангҳои форсӣ», хусусан, ба Есенин шуҳрати калон овард ва маҳз ҳамин силсила аз сафи яке аз шоирони номвари дунё эътироф шуданашро сабаб гашт. Яке аз беҳтарин шеърҳо дар васфи Шоҳона аст, ки дар он мисраи «аё Шоҳона, эй Шоҳонаи ман» чанд бор такрор мешавад.
Шаҳинам, о менинг Шаҳинам,
Шимол ёқда бир нозанин бор.
Балки мени ӯйлар ул санам...
Шаҳинам, о менинг Шаҳинам.
Тавре мебинем, «Шаганэ»-и аслро Лоиқ «Шоҳона» ва Э. Воҳидов «Шаҳина» номида ва муҳаббати ҷӯшзани қаҳрамони лирикиро нисбати маҳбуба ифода кардаанд.
Анна, Зинаида, Айседора, Галина ва Софя барин соҳибҷамолон паи ҳам ба ҳаёти Есенин ворид шуда ва вақтҳои муайян ҳамсараш қарор гирифтаанд. Шоҳона-чӣ? Вай дар ҳаёти воқеӣ вуҷуд дошт ё надошт? Балки чун парии илҳом  ба тавлиди шеърҳои пурсӯз ва лирикиаш такон мебахшиду халос?
Шоҳона дар асл вуҷуд дошт. Номи ҳақиқиаш Шаганэ. Аз фамилааш Талян (дар баъзе манбаъҳо Тертерян) пайдост, ки вай мансуб ба миллати арман будааст. Сергей бо ӯ дар Тифлис шинос шуда буд. 
Дар Батуми, ки шоири рус зимистони солҳои 24 ва 25-и асри гузаштаро он ҷо гузаронд, дӯстиашон мустаҳкам гашт. Шаганэ духтари аз шеърият огоҳ, дар мактаб аз адабиёт дарс медод.
Ҳам ҳусн ва ҳам фикррониҳои тозаи муаллима шоирро мафтун сохтанд. Бахшида ба вай чанд шеър навишт. Хусусан, яке аз онҳо, ки дар рӯзномаи «Бакинский рабочий» чоп шуд, вирди забонҳо гашт.
Дӯстдорӣ ва наздикии шоири рус ва арманидухтар, афсус, чанд муддат давом карду халос. Муросо гурехт ва... дигар якдигарро надиданд.
Бо вуҷуди ҳамин Есенин дар васфи Шаганэ шеърнависиро давом дод. Ӯро бо худ дар ватани нилгуни Фирдавсию Саъдӣ тасаввур мекард. Бинобар ҳамин бисёрҳо гумон доранд Шоҳона зебосанами эронист, ки қалб ва эҳсоси шоири русро ба ҷунбиш ва ҷӯш овард, «Оҳангҳои форсӣ»-ро файз ва ҷозибаи дигар бахшид.

Муҳаббати ягонаи Кумуш

Пайдо ва нопадид шудани гурӯҳҳои мусиқӣ як ҳолати табиист. Баробари аз фаъолият бозмондан онҳо фаромӯш мешаванд. Вале дастаи эстрадии созу навои «Садо», ки ба он Владимир Боромиков роҳбарӣ мекард, ҳанӯз дар лавҳи хотири мо. Таронаҳои  он, ки сабт дар лентаҳоянд, ҳанӯз пахш ва садо медиҳанд. Хусусан, сурудҳои Кумуш Раззоқоваро ҳама бо эҳсосе гӯш мекунанд, лаззат мебаранд.
Володяю Кумуш якҷо кор ва дар «Садо» сурудофарӣ намуда, якдигарро дӯст доштанд. Муҳаббат ошкор гашт. Ҳар хел гап, ҳар хел фикр. Кумуш ақли худ гум кардааст?
Русро дӯст доштан, бо вай оиладор шудани духтари ӯзбек ба тасаввур меғунҷад?
Вале дӯстдоштагон ба гапи гапчаҳо эътибор накарданд.
Кумуш Владимирро чун устод ҳурмат мекард. Акнун чун ҳамсари хуб ва хуштавозеъ эҳтироми соҳиби сарро ба ҷо меовард. Бахти оилавӣ насибашон. Вале афсӯс, тӯфон ва бӯронҳои сахт низ доштааст зиндагӣ. Ҳар лаҳза як санҷиш. Инсонҳои оқил ва вазнину таҳаммулнок ҳам гоҳо худ бой дода ва якдигарро нафаҳмида мемондаанд. Оҳангсозу овозхони машҳур ба чунин ҳолат дучор ва ... ба ҷудо шудан қарор карданд.
Ҷудо шудани шахсони машҳур низ ба гапу овозаҳои зиёд сабаб мешавад. Сабаби ҷудошавиро ҳама донистанӣ. Вале Кумушу Владимир инро сир доштанд. Ба маънои «Чӣ илоҷ, тақдир ҳамин будааст» ҷавоб доданд, халос. Дар ҳаққи якдигар бадгӯӣ накарданд. 
Ҷудо шуданд, вале ҳамроҳ кор карданро давом доданд. Муносибатҳо гӯё тағйир наёфтанд. Баъди пароканда шудани «Садо», ҳамчунин, муносибатҳои самимона қатъ наёфт.
Ин то вафоти Владимир давом намуд.
Ба ҳаёт видоъсозии шавҳари собиқ ба Кумуш Раззоқова зарбаи сахт гардид.
Гӯё ҷудо нашуда ва ҳамон зан ва шавҳари меҳрубон буданд, ки баногоҳ миқрози аҷал...
Баъди фавти Владимир Кумуш худро «зани танҳо» ҳис кард, дарди сӯзнок ва воқеии ҷудоиро дар мағзи ҷон идрок намуд.
Вай мегӯяд: «Владимир фавтид. Ман аз устод ва эҷоди худ ҷудо шудам...»

Ойбек дар бозор

Дур аз фронт низ ҷанги хонумонсӯз рӯзгори аҳолиро тира мекард. Қатори дигарон адибони номвар душвориҳои онро аз сар мегузаронданд.
Дар яке аз рӯзҳои зимистон Ойбек, ки либоси тунук ба бар дошт, ба бозор фуромад, то палто харад. Дар дӯконҳо нарх баланд, бинобар ҳамин ба гӯшае, ки кӯҳнафурӯшон савдо мекунанд, қадам  гузошт.
– Ака, ҳамин палторо намехаред? – моли худро нишон дод ҷавонзане, – нигаред, наппа-нав, мӯйинаи тоза, рангаш ҳам нарафтааст.
Ойбек палторо ба даст гирифт, бовар ҳосил кард, ки моли тоза. Пӯшида дид, ки ба танаш мувофиқ.
– Чанд пул?
Зан, бо сари хам, нархи палторо гуфт. Ларзнок баромадани садои ӯро Ойбек ҳис кард. Ҳамчунин пай бурд зиндагӣ муштипари ҷафодидаро ба фурӯхтани бисоте, ки дар хона дорад, маҷбур сохта.
Ба зан савдо карда нишастанро ба худ раво надида, Ойбек пулеро, ки ӯ пурсид, шумурда дод.
– Раҳмат, дар рӯзҳои нек пӯшед, – гуфт зан пулро гирифта.
Ойбек, дар даст палто, рафтагор шуд. Чанд қадам гузошт ва, бидуни ихтиёр, қафо нигарист. Зан ба замин нишаста ашк мерехт. Қафо гашт ва: 
– Чӣ шуд? – пурсид.
– Илтимос, равед, – гуфт зан гиряомез.
– Чаро мегирйед?
Зан базӯр ашк фурӯ нишонд ва даҳон кушод:
– Аз они шавҳарам буд. Хати сиёҳ омад.
Ойбек ба худ ларзид.
– Фарзанд доред?
– Ҳа, як писар. Аз ноилоҷӣ фурӯхтам палторо. Лекин ба пули нағз. Раҳмат, ака, ёрдам кардед. Насиб кунад. Акнун равед, равед!
Ойбек палторо болои зонувони зан гузошт ва гуфт:
– Инро нафурӯшед. Ба зудӣ писаратон калон мешавад. Мепӯшад!
– Лекин... фурӯхтам ба шумо.
– Ҳа, палто аз они ман. Лекин он акнун ба писари шумо тӯҳфа.
Ойбек ин гуфт ва тез-тез қадамзанон дур гашт. Дар як ҳолати пурҳаяҷон зан аз қафои ӯ нигоҳ мекард.

Ш. МУҲАММАД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: