МОҲОНА ДАР ЛИФОФА

ФОИДА АСТ Ё ЗАРАР?

Агар сарлавҳаро хонда ҳайрон шуда бошед, пас маълум мешавад, ки шумо ҳанӯз ба доми бархе аз кордиҳандагони  қаллоб наафтодаед. Акнун биёем ба сари мақсад, “моҳонаи дохили конверт” чӣ маъно дорад?
Тавре ки шолӣ бе курмак намешавад, роҳбарони “ӯҳдабаро”-и баъзе корхонаҳо ба онҳое, ки кор пурсида меоянд, чунин таклиф пешниҳод мекунанд: агар бо шартномаи меҳнатӣ ба кор дароед,  камтар, бидуни шартнома кор кунед, бештар маош мегиред. 
Албатта, ҷавононе, ки аз моҳияти шартномаи меҳнатӣ ва бидуни ин шартнома бехабаранд, «маоши бештар»-ро интихоб мекунанд. Хушбахтона, на ҳама ба ин дом меафтанд. Ба онҳое, ки мехоҳанд бо шартномаи меҳнатӣ ба кор дароянд, кордиҳандагон таклифи нав пеш мегузоранд. Онҳо мегӯянд, биёед маоши шуморо дар шартнома камтар нишон медиҳем. Боқимондаашро дар конверт, яъне лифофа мегиред.
Касоне, ки бо шартномаи меҳнатӣ ба кор медароянд, ёхуд моҳонаи онҳо дар шартномаи меҳнатӣ  кам нишон дода мешавад, бояд бидонанд,  ки онҳо аз чанд ҷиҳат зарар мебинанд.
Якум, бе шартномаи меҳнатӣ ба кор даромадагон вақти ба таътили меҳнатӣ баромадан таътилпулӣ гирифта наметавонанд.
 Дуюм, дар ноомади кор, мабодо бемор шаванд, барои онҳо варақаи корношоямӣ кушода намешавад. Яъне, онҳо ҳангоми беморӣ аз он маблағе, ки бояд бигиранд, маҳрум мемонанд.
Сеюм, касоне, ки даҳ соли охир  бе шартномаи меҳнатӣ кор кардаанд, вақти ба нафақабароӣ пушаймон мешаванд, аммо ин пушаймонӣ дигар суд надорад. Ба онҳо миқдори камтарини нафақа дода мешавад. 
Чорум, агар шартномаи меҳнатӣ набошад, кредит, яъне вом барои харид дода намешавад.
Ҳамаи ин оқибатҳо қисман ба онҳое ҳам тааллуқ дорад, ки музди корашон дар шартномаи меҳнатӣ кам нишон дода шудааст. Яъне онҳо низ дар вақти ба таътили меҳнатӣ баромадан, беморӣ, ёхуд ҳангоми ба нафақабароӣ зарар мебинанд. Зеро дар чунин мавридҳо ба онҳо аз рӯйи маблағи дар шартномаи меҳнатӣ нишондодашуда ҳақ дода мешавад
Аз ҳама муҳимаш мувофиқи қонун ҳама бояд аз даромадаш андоз диҳад. Агар ошкор гардад, ки шумо бе шартномаи меҳнатӣ кор мекунед, баробари кордиҳанда шумо ҳам дар назди қонун ҷавобгар мешавед.

Ш. ЮЛДОШЕВ,
мудири шуъбаи робита бо ҷамоат ва ахбори ҳуқуқии Садорати андози вилояти Сирдарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: