ТАШАББУС ВА АМАЛҲОИ ХАЙР ИДОМА ДОРАНД

«Шарғун ба яке аз шаҳрҳои обод табдил меёбад» Ш. М. МИРЗИЁЕВ

Аз таърихи пурғановатамон маълум аст, ки дар гузашта бузургони мо, шоҳони одилу раиятпарвар, агар ба ҷои хушбоду ҳаво сафар намоянд, албатта, аз пайи бунёдкориҳои он шаҳру мавзеъ, обод кардани обидаҳои таърихӣ, ҷойҳои муқаддаси он мешуданд. Баъди сафари таърихии Шавкат Мирзиёев ба шаҳри Шарғуни вилояти Сурхондарё низ ба чунин иқдоми нек пойдевори мустаҳкам гузошта шуд.
Алҳол баҳри татбиқ намудани Барномаи давлатии «Обод маҳалла» ва нақшаҳои хайрхоҳона дар шаҳри Шарғуни вилояти Сурхондарё низ як қатор корҳои ободонӣ, аз ҷумла сохта ба истифода додани биноҳои наву боҳашами истиқоматӣ ва иншооти замонавӣ, масъалаҳои бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ, тармим ва аз нав барқарор сохтани қубурҳои хонаҳои бисёрошёна бо суръат идома доранд. Яъне, дар ин ҷо «Шарғун ситӣ» бунёд мегардад. То имрӯз чор даҳрӯза аз корҳои бунёдкорӣ паси сар гардид. Натиҷаҳо, дигаргуниҳо рӯз то рӯз меафзоянд. Ин ободию бунёдкориҳо ба фаровонии ҳаёти ҳар шаҳрванд, зиндагонии муносиби одамон нигаронида шудаанд. Дарҳақиқат, мардум дар ин ҷо солҳои зиёд дар гирдоби муаммоҳои зиёд монда буданд.
Чанд сол қабл аз ин шаҳри Шарғун, ки аслан як мавзеи хушбоду ҳавои воҳаамон ба шумор меравад, ҳусни худро гум карда, ба як гӯшаи аз эътибор дур табдил ёфта буд. Ниҳоят, орзуву мақсади истиқоматкунандагони ин шаҳр ҷомаи амал пӯшид. Чунки ҳоло бо ташаббуси хайрхоҳонаи Президент Шавкат Мирзиёев дар ин ҷо корҳои ободонӣ хуб ҷараён гирифтааст, ки мо инро ҳангоми сафари хидматӣ ба ин шаҳр мушоҳида намудем. 
Мардуми мо одати хубе доранд. Яъне ба таври ҳашар ба ҳамсоя, хешу табор ва маҳаллаву гузар аз наздик кӯмаки беғаразона мерасонанд. Туфайли ана ҳамин урфу одати беғараз ва ташаббускоронаи мардуми мо айни ҳол ба Шарғун аз тамоми ноҳияҳои вилоят ҳашарчиён, бинокорон, роҳбарони ташкилот ва муассисаҳо, бригадаҳои фаъоли Иттифоқи ҷавонон, кормандони хайрхоҳ ва нафарони ихтиёрӣ, хуллас, зиёда аз ду ҳазор ба кор омада, аз як гиребон сар бароварда, бо азму ҷазми қавӣ  баҳри ободонии шаҳр камар бастаанд.
Ҳангоми сафар ҳис намудем, ки кор дар ҳамаи ҷабҳаҳо бо ғайрати беандоза идома дорад. Аз ҳама асосиаш манзилҳои истиқоматии бисёрошёна ба таври намунавӣ таъмир мешаванд. Биноҳои нави замонавии хизмати маишӣ бунёд мегарданд. Қубурҳои обгузар хобонида, роҳҳо низ васеъ ва мумфаршу ҳамвор мешаванд. Дар ин кор баробари ҳашарчиёни аз дигар ноҳияҳо омада, мардуми маҳаллӣ низ ихтиёрӣ дар паҳлӯи коргарону ташаббускорон истода ҳимматбаландӣ зоҳир мекунанд. 
– Бовар кунед, чун субҳгоҳон гирду атрофи шаҳрро давр мезанед, бунёдкориҳоро дида ба ҳайрат меоед, –  мегӯяд тадбиркорзан Ӯғилой Норбоева. – Ба бунёду таъмири биноҳои бисёрошёна, таъмини оби нӯшокӣ, иваз ва таъмир намудани қубурҳои обгузар эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Ба ман ташаббуси неки бригадаи «Ҷавонони хайрхоҳ» хеле писанд афтод. Мушоҳида намудам, ки ин ҷавонони матинирода барои тоза намудани гирду атрофи бозори деҳқонии шаҳр ва вайрон кардани дуконҳои тиҷоратӣ ва нуқтаҳои савдо, ки қаблан бидуни нақшаву лоиҳаҳои замонавӣ бунёд ёфта, ба ҳусни шаҳр халал мерасониданд, ҳиссаи босазо мегузоранд. Ман ба ҳамаи ҳашарчиён миннатдорӣ изҳор мекунам.
Бо итминони комил гуфта метавонем, ки Шарғун қиёфаи нав кашф месозад. Баъди муддати кӯтоҳ ҳамаи мову шумо гувоҳи он мегардем, ки вай ба як шаҳри зебо, ба як гулгашти табъи дил, маскани фароғату истироҳат мубаддал шудааст. 

Солеҳ МУҲАММАДҶОН,
Олим ПАНҶИЗОДА. 

Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: