БОВАРИИ ҲАМДИГАР – ШАРТИ МУҲИМИ БЕХАТАРӢ ВА БАРҚАРОРӢ

ДУШАНБЕ, 15 июн. Хабарнигори махсуси ӮзА Матназар ЭЛМУРОДОВ хабар медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои иштирок дар анҷумани панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё 14-15 июн аз шаҳри Душанбе боздид ба амал овард.
Осиё гаҳвораи дин ва маданиятҳои гуногун, молики захираҳои зиёди табиӣ, аз лиҳози сармояи инсонӣ ва иқтисодӣ минтақаи хеле зуд инкишофёбанда аст. Дар ҳоле ки имрӯз дар дунё ҷаҳонишавӣ бо шиддат суръат пайдо менамояд, давлатҳои қитъаро аз муаммо ва таҳдидҳои гуногун орӣ гуфта намешавад.
Аз он ҷумла, терроризми байналхалқӣ, ифроткории динӣ, савдои одам ва ҷиноёти фаромарзӣ, буҳронҳои иқтисодӣ, экологӣ ва инқирозҳои гуманитарӣ дар назди мамлакатҳои қитъа мақсадҳоеро мегузорад, ки бо роҳи гуфтугӯҳои сиёсии бисёрҷониба мустаҳкам намудани сулҳ ва бехатарӣ, ноил гардидан ба рушди устувор ба онҳо муваффақ гарданд. Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои бехатарӣ дар Осиё аз он ҷиҳат майдони байналхалқӣ ба шумор меравад, ки ба мустаҳкам намудани ҳамкорӣ, таъмин намудани сулҳ, бехатарӣ ва суботнокӣ нигаронда шудааст.
Мақсадҳои асосии МҲТБО таҳияи бархӯрдҳо оид ба таъмини сулҳ, бехатарӣ ва суботнокӣ дар минтақа, ҷилавгирии паҳн гардидани яроқҳои қатли ом, мубориза бар зидди ҳама гуна шакл ва шамоили терроризм, табодули ғайриқонунии моддаҳои нашъаовар, васеъ гардондани ҳамкории иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва мадании давлатҳои аъзо ба шумор мераванд.
Ба Шӯро имрӯз 27 давлати қитъаи Осиё аъзо мебошад, ки 90 фоизи ҳудуд ва аҳолии қитъаро фаро мегирад. 8 мамлакат ва 5 ташкилоти бонуфузи байналхалқӣ – Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Ташкилоти давлатҳои араб, Ташкилоти байналхалқии меҳнат, Ассамблеяи парлумонии мамлакатҳои туркзабон молики мақоми нозир ҳастанд.
Дар тӯли солҳои гузашта 4 анҷумани Шӯро зери раёсати Қазоқистон, Туркия, Чин баргузор гардид. Солҳои 2018-2020 раёсати он ба ӯҳдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Анҷумани панҷуми ҷории Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои бехатарӣ дар Осиё зери шиори «Назари ягона ба минтақаи бехатар ва ҳарчи шукуфон» баргузор мегардад.
Чорабиниҳои асосии ҳамоиш 15 июн дар Кохи «Наврӯз»-и шаҳри Душанбе ба амал омад. Дар кори ҳамоиш беш аз 30 ҳайат аз мамлакатҳои аъзои шӯро ва нозир, инчунин намояндагони созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ иштирок карданд.
Аввал роҳбарони ҳайатҳо дар маросими аксгирӣ иштирок карданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ кушод.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё нутқ эрод намуда, як қатор ташаббусҳои муҳиме, ки ба муттаҳид гардондани саъю кӯшиши давлатҳои иштирокдор бинобар таҳкими сулҳ, рағбатноксозии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ нигаронда шудаанд, пеш гузошт.
Сарвари давлатамон таъкид намуд, ки низоми замонавии муносибатҳои байналхалқӣ бо торафт баланд гардидани ноустуворӣ ва ҳодисаҳои пешгӯинашаванда тавсиф карда мешаванд. Мамлакатҳои қитъаи Осиё, ки иқтидори азими иқтисодӣ ва зеҳнӣ доранд, бо таҳдидҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ мегарданд. Ин, пеш аз ҳама, мушкилоти экология, демография, муҳоҷират, сатҳи пасти зиндагӣ ва таълим мебошанд. Онҳо манбаъҳои асосии низоъҳои иҷтимоӣ, асоси ғизодиҳанда барои паҳн шудани ғояҳои экстремизм ва терроризм мебошанд. Хусусан, ҷараёни радикализм байни ҷавонон боиси ташвиш мегардад.
Имрӯз ҷаҳон ба буҳрони боварӣ рӯ овардааст. Дар асл боварии байни мамлакатҳо ва халқҳо шарти муҳими таъмини амният ва рушди устувор мебошад. Ба назари мо, барои бартараф намудани буҳрони боварӣ ва мустаҳкам кардани амният, дар навбати аввал, барои рушди сармояи инсонӣ шароити мусоид фароҳам овардан лозим. Ба ин муносибат фаъолияти ҷамъомадамон, ки ба эҳтироми тарафайн ва масъулияти ҷамоавӣ асос ёфтааст, аз ҳарвақта дида муҳим мегардад, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Роҳбари давлатамон қайд намуд, ки амният тақсимнопазир аст, боварӣ бошад асоси фундаменталии он ба ҳисоб меравад.
Президент Шавкат Мирзиёев таъкид намуд, ки Ӯзбекистон ҳар як шакли музокиротро, ки ба муваффақ гардидан ба сулҳ нигаронда шудааст, дастгирӣ менамояд. Танзими вазъият дар Афғонистон ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ дар ин мамлакат барои тамоми минтақа имкониятҳои нави стратегиро мекушояд.
Яке аз шартҳои муҳими устуворӣ ва шукуфоӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои ба рӯйи об баровардани иқтидори ҷавонон, аксуламали онҳо ба радикализм ва васеъ гардондани имкониятҳо бобати таълими хушсифат гирифтан ба ҳисоб мераванд.
Бо ташаббуси Президентамон резолютсияи «Маърифат ва кушодадилии динӣ»-и Ассамблеяи генералии СММ қабул шуд, лоиҳаи Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи ҳуқуқи ҷавонон таҳия мегардад.
Сарвари давлатамон ба ин муносибат таъкид намуд, ки Ӯзбекистон омода аст ба зиммаи худ нақши мутобиқгари соҳаи фан, таълим ва ҳамкории маданиву гуманитариро гирад. Мамлакатамон фаъол гардондани алоқаҳоро дар доираи дипломатияи халқӣ, аз ҷумла, ба воситаи ташкил кардани форумҳо дар соҳаи сайёҳӣ муҳим меҳисобад. 
Ин, бешубҳа ба баланд бардоштани боварӣ ва беҳтар гардондани ҳусни тафоҳум байни халқҳо мусоидат менамояд, қайд намуд Президенти Ӯзбекистон.     
Шавкат Мирзиёев пешниҳод намуд, ки бинобар масъалаҳои нигоҳ доштани ризоияти байнидинӣ, маърифат ва якҷоя ғанӣ гардондани маданият мулоқоти мунтазам ба роҳ монда шавад.
Таъкид гардид, ки барои ин Маркази байналхалқии тамаддуни исломӣ дар Тошканд ва Маркази байналхалқии илмиву тадқиқотии Имом Бухорӣ дар Самарқанд метавонанд ҳамчун платформаи самарабахш хидмат кунанд.
Зарурати вусъат додани саъю кӯшиш бинобар рушди робитаи дутарафаи иқтисодӣ ва савдои минтақавӣ зикр гардид. Дар ин бобат, пеш аз ҳама, ба лоиҳаҳои устувори инфрасохторӣ эътибор додан лозим, ки татбиқи онҳо имконияти дар ҳаҷми пурра кушодани иқтидори транзитӣ ва иқтисодии тамоми минтақаро фароҳам меорад.
Рушди шарикӣ дар дараҷаи тиҷорат драйвери афзоиши устувори иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Мувофиқи консепсияи ҳамкорӣ дар ин соҳа пешниҳод менамоем, ки Форуми минтақавии тиҷорати хурд таъсис дода шавад, гуфт Шавкат Мирзиёев. 
Дар рафти ҳамоиш сарони ҳайатҳои давлатҳои иштирокдор ақидаҳояшонро оиди пешгирии таҳдиду хавфҳо ба сулҳ, амният ва устуворӣ дар Осиё, васеъ гардондани ҳамкории иқтисодӣ, фаъол намудани мубодилаҳои маданиву инсонпарварӣ изҳор намуданд. Қайд гардид, ки муносибатҳои муштарак ва саъю кӯшиши амалӣ дар самти мазкур ба таъмин намудани беҳбудӣ, сулҳ ва бехатарии мамлакату халқҳои қитъа хидмат мекунанд.
Бинобар ҷамъбасти муҳокимаҳо дар ҷамъомад Изҳороти ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё қабул гардид.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар қароргоҳи барояш дар Душанбе ҷудошуда Президенти Ҷумҳурии Мардумии Бангладеш Абдул Ҳамидро қабул кард.
Дар рафти вохӯрӣ пешомади васеъ гардондани ҳамкории дуҷониба, инчунин ҳамкорӣ дар доираи созмони байналхалқӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуданд.
Ба масъалаҳои пеш бурдани лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои савдо, сармоя, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва мубодилаҳои гуманитарӣ эътибори алоҳида дода шуд. 
Дар бораи фаъолсозии алоқаҳо ва баргузор намудани чорабиниҳои муштарак дар дараҷаҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ аҳду паймон ба амал омад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар доираи ҷаласаи панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои бехатарӣ дар Осиё бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдуғон мулоқот намуд. 
Муносибати байни Ӯзбекистон ва Туркия, ки ба эҳтироми ҳамдигар ва боварӣ асос меёбад, имрӯз дар тамоми самтҳо муттасил инкишоф меёбад. Дар ин суҳбат ва мулоқотҳои пешвоёни ду мамлакат нақши муҳим доранд, ки хусусияти тадриҷӣ касб намудааст.
Ташрифҳои давлатии Президенти мамлакатамон ба Туркия соли 2017 ва Президенти Туркия ба Ӯзбекистон соли 2018 дар муносибати дуҷониба марҳалаи навро боз намуданд. Ба туфайли азми ҷонибҳо ба ҳамкорӣ ва кӯшиши муштарак робитаҳои дӯстии байни мамлакатҳоямон ба дараҷаи нави шарикии стратегӣ баромад.
Чорабиниҳо дар заминаи афзоиши тиҷорати ҳамдигар андешида мешаванд. Соли гузашта табодули мол ба 40 фоиз афзуда, 2,2 миллиард долларро ташкил намуд. Дар якуним соли охир теъдоди корхонаҳои муштарак бо иштироки сармояи ду мамлакат ду баробар афзуда, ба 1062 адад расид.
Роҳбари давлат таъкид кард, ки мулоқоти кунунӣ имконоти хубе барои табодули афкор доир ба рушди минбаъдаи ҳамкории Ӯзбекистон ва Туркия ба ҳисоб меравад.
Президенти Туркия аз ноил гардидан ба дараҷаи баланди муносибот бо Ӯзбекистон изҳори қаноатмандӣ намуд ва изҳор дошт, ки минбаъд низ барои таъмини мустаҳкамсозии риштаҳои дӯстии байни ду халқ омода аст.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои мустаҳкамсозии ҳамкорӣ дар ҷанбаҳои савдо, саноат, хоҷагии қишлоқ, нақлиёт, сайёҳӣ, илм ва ғайра баррасӣ гардиданд. Аҳду паймон дар бобати васеъ намудани савдои дуҷониба ва диверсификатсияи номгӯйи он, таҳияи чорабиниҳои мушаххас дар бобати расондани ҳаҷми табодули мол то 5 миллиард доллар дар солҳои наздик низ ба даст омад.
Бо ҳамин сафари Президент Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба поён расид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: