Ҷамъомади Комиссияи ҷумҳуриявии байниидоравӣ оид ба акси амал бо коррупсия

Дар Сенати Олий Маҷлис ҷамъомади васеи Комиссияи ҷумҳуриявии байниидоравӣ оид ба акси амал бо коррупсия ба амал омад.

Дар Сенати Олий Маҷлис ҷамъомади васеи Комиссияи ҷумҳуриявии байниидоравӣ оид ба акси амал бо коррупсия ба амал омад.
Дар он аъзои Комиссияи ҷумҳурияви байниидоравӣ, парлумон, намояндагони Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вазорату идораҳо, депутатҳои Шӯрои намояндагони халқи маҳаллӣ, кормандони намояндагиҳои созмонҳои байналхалқӣ, инчунин воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок карданд.
Ҷамъомад таҳти раёсати Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии байниидоравӣ оид ба акси амал бо коррупсия Нигматилла Йӯлдошев гузашт.
Дар рафти ҷамъомади комиссия вазифаҳое, ки аз Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои минбаъд такмил додани низоми мубориза бурдан бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» аз 27 майи соли 2019 бармеоянд, баррасӣ гардиданд.
Таъкид гардид, ки коррупсия иллатест, ки ҷамъиятро бо роҳҳои гуногун ба доми худ фаро мегирад, ба асосҳои демократия ва волоияти қонун зарар мерасонад, ба поймол шудани ҳуқуқи инсон, аз роҳ баровардани фаъолияти бозорҳо оварда мерасонад ва ҳамин тариқ тараққиётро ба қафо мекашад. Бинобар маълумоти Созмони Милали Муттаҳид ҳар сол иқтисодиёти ҷаҳонӣ аз коррупсия ба миқдори 2,6 триллион доллари ИМА зарар мебинад, ки қариб 5 фоизи маҳсулоти умумии ҷаҳониро ташкил медиҳад.
Дар соли 2008-ум Ӯзбекистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бар зидди коррупсия, дар соли 2010 – ба Нақшаи истамбулӣ бинобар мубориза бо коррупсияи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд ҳамроҳ шуд. Дар соли 2017-ум қабул шудани Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», бобати дар ҷамъият ташаккул додани муносибати бемуросо ба ин иллат ва мубориза бурдан бар зидди коррупсия қадами муҳим гардид. Соли ҷорӣ дар палатаҳои Олий Маҷлис таъсис дода шудани кумитаҳои масъул барои мубориза бо коррупсия омили муҳими таъмин намудани назорати самарабахши парлумонӣ дар соҳаи мазкур ба ҳисоб меравад.
Дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба такмил додани низоми мубориза бар зидди коррупсия дар мамлакатамон нигаронда шудааст, механизмҳои дақиқи амалӣ гардондани чораҳои зарурӣ дар самти мазкур пешбинӣ шудаанд. Барномаи давлатӣ оид ба мубориза бар зидди коррупсия дар солҳои 2019-2020 ва таркиби навшудаи Комиссияи ҷумҳуриявии байниидоравӣ оид ба мубориза бар зидди коррупсия таҳти сарварии Раиси Сенати Олий Маҷлис тасдиқ шуданд. Ба ғайр аз ин, бинобар таҳлили қонунгузорӣ, зоҳир намудани меъёр ва қоидаҳои он, ки барои коррупсия шароит фароҳам меоранд, чораҳо андешида шуданд.
Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки мубориза бурдан танҳо бо оқибатҳои ин иллат ҳеҷ гуна самара нахоҳад дод. Аз ин рӯ бояд тамоми қувваву имкониятҳоро барои пурра решакан намудани сабабу шароитҳои он сафарбар намуд.
Зарурати эътибори алоҳида додан ба масъалаҳои зоҳир намудани ҷиноят бевосита аз ҷониби шуъбаҳои дахлдори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва давлатӣ, инчунин ҷиноятҳои бо сӯиистеъмол аз ваколати мансабӣ алоқаманд қайд гардид. Инчунин таъкид гардид, ки ҳар як мақомоти давлатӣ бояд бинобар ризоияти комиссияи байниидоравӣ барномаи идоравии худро бо назардошти хавфҳое, ки дар соҳаи мазкур мавҷуданд, тасдиқ намояд.
Дар рафти ҷамъомад таъкид гардид, ки тамоми мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо бояд кори комиссияи дохилии оид ба мубориза бар зидди корупсияро фаъол гардонанд, ба ин бевосита роҳбарони он масъул мебошанд. Зеро, решакан намудани сабабу шароитҳое, ки барои содир намудани қонуншиканӣ имконият фароҳам меоранд, вазифаи муҳими роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо ба ҳисоб меравад.
Инчунин дар бораи ҷавобгарии шахсии роҳбарони мақомоти идораҳои давлатӣ, ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо барои сари вақт муайян нанамудани хавфҳои коррупсионӣ ва сари вақт баҳои дахлдор надодан, инчунин роҳ додан ба ҳолатҳои такрорӣ содир намудани чунин ҷиноятҳо сухан рафт.
Дар рафти чорабинӣ таъкид гардид, ки аз 1 августи соли 2019 ба сифати озмоиш татбиқи лоиҳаи «Соҳаи бекоррупсия» дар низоми сохтмони асосӣ ва таълими олӣ пешбинӣ шудааст. Дар доираи он бинобар барҳам додани саддҳо, ки ба дӯлобкорӣ ва расмиятпарастӣ, мустаҳкам кардани қонуният, таъмин намудани татбиқи адолатнок ва шаффофи тамоми ҷараён алоқаманданд, чорабиниҳои дақиқ татбиқ мешаванд.
Дар ҷамъомад қарори дахлдори Комиссияи ҷумҳуриявии байниидоравӣ оид ба акси амал бо коррупсия қабул гардид, ки мувофиқи он нақшаи чорабинии комиссияҳои байниидоравӣ, таркиби гурӯҳҳои корӣ оид ба тайёрӣ ва татбиқи лоиҳаи «Соҳаи бекорупсия», инчунин таркиби гурӯҳи корбасти назди комиссияи байниидоравӣ, медиа-нақша оид ба васеъ дар воситаҳои ахбори оммавӣ равшан намудани иҷрои вазифаҳои дар Барномаи давлатӣ пешбинишуда тасдиқ шуданд.

Хидмати ахбори Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: