САНҶИШҲОИ ТЕСТ БАРОИ ҚАБУЛ БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИ ОЛӢ

Оиди ҳолати омодагӣ ба санҷишҳои тест барои қабул ба муассисаҳои таълими олӣ дар Оҷонсии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавии назди маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон брифинг баргузор гардид.

Ҷиҳати қабул карда шудани охирин ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ аз ҷониби ҳукумат доири санҷишҳои тест ва қабул ба муассисаҳои таълими олӣ дар соли ҷорӣ, иҷрои вазифаҳо дар ин самт, дараҷаи омодагӣ ба санҷишҳои тест сухан ба миён омад. Масъулони Маркази давлатии тест қайд намуданд, аз рӯи вазифаҳое, ки дар қарори Президенти мамлакат аз 14 майи соли 2019 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оиди такмили сохтори қабул ба муассисаҳои таълими олии ҷумҳурӣ тавассути санҷишҳои тест», қарори Девони Вазирон аз 13 май «Дар бораи татбиқи сертификатҳои сохтори баҳогузории миллию байналхалқӣ дар қабул ба муассисаҳои таълими олӣ» муайян карда шудаанд, бо иштироки вазорат, идора ва ташкилотҳои дахлдор корҳои зиёд ба иҷро расонда мешаванд.
Соли равон бо мақсади ташаккул додани супоришҳои тест оиди фанҳои таълими умумӣ бо иштироки бештар аз 140 нафар гурӯҳи экспертҳо ташкил карда шуд. Бо қарори Комиссияи давлатӣ аз 31 январи соли 2019 гурӯҳи экспертҳо тасдиқ ёфт.
Соли 2017 37 ҳазору 736 супориши тест, соли 2018 179 ҳазор ин гуна супориш кор карда бароварда шуда бошанд, соли 2019 барои санҷишҳои тест ташаккул додани бештар аз 180 ҳазор супориши тест ба нақша даромадааст.
Барои ташаккул додани базаи санҷишҳои тест таҷрибаҳои Туркия, Куриёи Ҷанубӣ, Русия ва Ҷопон барин кишварҳои мутараққӣ омӯхта, соли равон як қатор навигариҳо корбаст шуданд. Аз ҷумла, дар супоришҳои тест графика, харитаи контурӣ (бематн), расмҳо ҷой гирифтанд. Барои амалӣ гардондани ин корҳо бо корхонаи илмӣ-истеҳсолии картография ва геодезия шартнома баста шуд. То ин рӯзҳо аз онон бештар аз 40 шаблон-харита гирифта шуд.
Навъе дар брифинг таъкид гашт, бо мақсади таъмини кушодии фаъолият эътиборан аз соли таҳсили оянда базаи супоришҳои тести мавҷуда дар Маркази давлатии тест барои ҷомеа кушод эълон карда мешавад.
Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ 69-то бино ҷудо гашт. Бинои калонтарин дорои 1710 ҷой мебошад. Дар онҳо рӯзе дар ду баст дар 12 ҳазору 75-то гурӯҳ 38 ҳазору 310 нафар абитуриентҳо супоришҳои тест супурда метавонанд. Бо мақсади таъмини адолатнок сурат гирифтани санҷишҳо рӯзе 2 ҳазору 518 нафар назоратчиён ҷалб карда мешаванд.
16-23 апрели соли равон дар ҷойҳо ҳолати омодагии биноҳо барои имтиҳон дар асоси талаботи замон омӯхта шуд. Норасоиҳое, ки ба назар расиданд, бартараф карда шуданд. Соли ҷорӣ ҷалб карда шудани ҷамъ 6 ҳазору 200 нафар назоратгарон ба нақша даромадааст. Ба санҷишҳо барои қабули довталабон барои соли таҳсили 2019-2020 ба гурӯҳи назоратгарҳо 8 ҳазору 140 нафар рӯихати номзадҳо муайян ва ба базаи маълумотҳои STAFF ворид карда шуд. Номзадҳои мазкур аз рӯи ҷамъбасти анҷуманҳои таълимӣ дар асоси натиҷаҳои санҷишҳо ва суҳбат интихоб карда мешаванд.
Дар Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд барои ин номзадҳо анҷуманҳои таълимӣ баргузор гашт. Аз 8 ҳазору 140 номзад 6 ҳазору 887 нафарашон дар анҷуманҳо иштирок карданд.
Таҳти ҳамкорӣ бо Вазорати технологияҳои ахбор ва рушди коммуникатсияҳо барои биноҳо 1155  камераи назоратӣ, 120 дастгоҳи алоқаи мобилиро қатъкунанда омода карда шуд.
Барои додани маълумотҳо оиди холҳои аз санҷишҳои тест ҷамъшуда, ба донишҷӯӣ тавсия шудан ё нашудани довталабон дар веб-сайти Маркази давлатии тест таъминоти техникӣ-барномавӣ ба роҳ гузошта шуд. Бо мақсади ташаккул додани базаи маълумотҳо дар бораи абитуриентҳое, ки соҳиби имтиёз мебошанд, дастури махсус бо воридсозии онлайн корбаст гардид. Хидматгузорӣ оиди барӯихатгирӣ дар 4 давра пеш бурда мешавад.
Довталаб сарфи назар аз ҷое, ки дар рӯихати доимӣ ва муваққатӣ ҳаст ё не, ба комиссияҳои муассисаҳои таълими олии дилхоҳаш муроҷиат карданаш мумкин. Дар номнависии паспорти шаҳрвандӣ, гувоҳнома дар бораи таваллуд (агар ба синни паспортгирӣ нарасида бошад), ҳуҷҷат дар бораи хатми муассисаи таълимии довталаб ва иловаи он, онҳое, ки ба имтиёз соҳибанд, ҳуҷҷати имтиёзро тасдиқкунанда дар нусхаи асл талаб карда мешавад. Муддати аз рӯихат гузаштан аз 15 июн то 15 июл муқаррар шудааст. Вақт ва соати гузаронидани санҷишҳои тест аз ҷониби Комиссияи давлатӣ муайян ва дар сайти расмии Маркази давлатии тест эълон карда мешавад, қайд карда шуд дар брифинг.

М.ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: