«ТАШАББУС-2019»: ҶОИЗАҲОИ ПРЕЗИДЕНТ БА ФАТҲИ ҚУЛЛАҲОИ БАЛАНД РАҲНАМУН МЕСОЗАД

Дар пойтахт маросими тантанавии мукофотонидани ғолибони зинаи ҷумҳуриявии озмун-азназаргузаронии «Ташаббус-2019» барои ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба амал омад.

Дар он ғолибони зинаҳои қароқалпоқистонӣ, вилоятӣ ва шаҳри Тошканди озмун-азназаргузаронӣ, кормандони мазкури як қатор вазорату идораҳо, намояндагони ҷомеаи васеъ, инчунин ҳайатҳои дипломатие, ки дар мамлакатамон номнавис шудаанд, иштирок карданд.
Раиси Палатаи савдову саноати Ӯзбекистон Атҳам Икромов ва дигарон алоҳида таъкид намуданд, ки татбиқ шудани ислоҳоти васеъмиқёси иқтисодӣ дар мамлакат  барои соҳибкорон имкониятҳои бузург фароҳам меорад. Дар ин бобат озмун-азназаргузаронии  анъанавӣ, ки таҳти дастгирии Палатаи савдову саноати Ӯзбекистон, Иттифоқи хоҷагиҳои фермериву деҳқонӣ ва соҳибони заминҳои наздиҳавлигӣ, ассотсиатсияи «Ҳунарманд», Иттифоқи ҷавонон ва вазорату идораҳои мухталиф гузаронда мешавад, аҳамияти муҳим дорад. 
Дар зинаҳои ноҳиявӣ ва шаҳрии озмун қариб ҳафт ҳазор субъекти соҳибкорӣ иштирок карданд. Инчунин, он чиз ҷолиби диққат аст, ки 35 фоизи онҳо занони соҳибкор мебошанд. Ин натиҷаи эътиборест, ки дар мамлакатамон ба рушди соҳибкории занон дода мешавад. 
Дар зинаи ҷумҳуриявии озмун 69 ғолиби зинаҳои пешина иштирок карданд. 
Аз сафи онҳо ғолибон дар номинатсияҳои «Соҳибкори беҳтарини соли соҳаи саноат», «Соҳибкори  беҳтарини соҳаи хидматрасонӣ», «Соҳибкори ҷавони беҳтарини  сол», «Ҳунарманди беҳтарини сол», «Фермери беҳтарини сол» муайян шуданд.
Ба иштирокдороне, ки аз рӯйи ин самтҳо ҷойи якумро ишғол намудаанд, ҷоизаи Президент – автомобили «Спарк» супурда шуд.
Ба соҳибони ҷойҳои дувум ва сеюм мукофоти пулӣ ба миқдори 20 ва 15 миллион сӯм дода шуд. Ғолибон дар номинатсияҳои махсус низ туҳфаҳои пурарзиш гирифтанд.
Дар байни онҳое, ки ҷойи якумро соҳиб гардиданд, роҳбари муассисаи ғайридавлатии таълимии «Ситора имкон плюс»-и ноҳияи Яккабоғи вилояти Қашқадарё Наргиза Саломова низ ҳаст.
– Озмун маро водор менамояд, ки дар болои худ, кашфиётҳои нав сермаҳсул кор кунам, – мегӯяд Н. Саломова. – Муассисаи мо дар тайёр намудани занон ва ҷавонон ба касбу ҳунар ва бо шуғл таъмин кардани онҳо кӯмак мерасонад. То айни ҳол беш аз 1600 писарону духтаронро бо кор таъмин намудем. Минбаъд ба роҳ мондани фаъолият, созмон додани мактабҳои нави хусусӣ ва фабрикаҳои хурди бофандагиро ба нақша гирифтаем. Ғалабаи имрӯза ва эътибори Президент барои фатҳи мақсадҳои гузошташуда рағбат хоҳад гардид. 

Насиба ЗИЁДУЛЛОЕВА, 
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: