ПЕШ АЗ МУҲЛАТ АФВ ШУДАМ

Дар байни 575 нафар афвшудагон, ки бо фармони Президенти мамлакат ба шарафи Иди фитр ба назди пайвандонашон баргаштанд, банда низ шомил ҳастам.

Озодӣ чӣ бахти калоне будааст. Ин озодиро шояд танҳо онҳое дарк мекунанд, ки бар асари гумроҳӣ ва нодонӣ солҳои тӯлонӣ паси панҷараи зиндон равона шудаанд.
Ман низ гумроҳ будам ва барои ин ҷазои сазовор гирифтам. Додгоҳ маро ба муддати шаш сол аз озодӣ  маҳрум кард. Дастикам се сол аз назди модар, аҳли оила ва хоҳару бародарам ҷудо шудам ва бо ормонҳои зиёд муддати ҷазоро сипарӣ намудам. 
Дар натиҷаи сиёсати башардӯстонаи Шавкат Мирзиёев баъди ду солу ҳашт моҳ афв шудам. Маҳз, дар моҳи шарифи Рамазон афв шудани мо – зиндониёне, ки борҳо ибрози пушаймонӣ кардем, маъноҳои зиёди рамзиро касб хоҳад кард. Фикр мекунам, ин фармони Президент бори дигар собит намуд, ки дар мамлакати соҳибистиқлоли мо ба арзишҳои демократӣ, қадри инсон, ҳуқуқ ва озодии ӯ арҷ гузошта мешавад.
Паси панҷараи зиндон нишаста, шабу рӯз орзу мекардам, ки зудтар фурсат расаду ба назди модари меҳрубонам, зану фарзандон ва хоҳару бародаронам баргардам. Хосатан шаби Қадр як гурӯҳ маҳбусон дуо кардем, ки пушаймонии моро сарвари давлатамон ба инобат гирифта, моёни гумроҳро аз банд раҳо кунад. Ин дуоямон мустаҷоб гардид ва дар арафаи Иди сайиди фитр дар бораи афви мо фармони Президенти мамлакат содир шуд.
Шодиву хурсандиҳои моро ҳадду канор набуд. Ман ба худ ваъда додам, ки баъди ба озодӣ баромадан ба қадри меҳру мурувват ва ғамхории беназири Президентамон мерасам, онро қадр мекунам, ба меҳнати пурсамар ва зиндагии обод машғул мешавам. 
Хушбахтона, баъди бозгашт имкон фароҳам оварда шуд, ки барои дар ҷамъият барқарор кардани мавқеи аздастдодаи худ талош кунам. Дар айни ҳол аз атрофиён низ даъват мекунам, ки ба кӯчаи гумроҳӣ надароянд, софдилона меҳнат кунанд ва ба фиребу найрангҳои нокасону бехирадон ҳаргиз фирефта нашаванд. Як гумроҳ шудани кас метавонистааст дар сарнавишти ӯ хеле нақши манфӣ бозад, аъзои хонаводаву наздиконашро мувоҷеҳи машаққатҳо ва бесару сомониҳо кунад. 
 Баробари бозгашт ҳокими ноҳияамон Фаррух Ӯсаров бо чанд тан аз роҳбарони идораҳо ва масъулони ташкилоту муассисаҳо ба хонаамон омада, аҳволамро пурсид. Ҳокими ноҳия гуфт, ки барои ба кор таъмин шуданам дасти ёрӣ дароз мекунад ва шароит фароҳам меоварад, ки машғули кор шавам, аз нигоҳи молӣ зуд ба по хезам.
 Хоҳиш кардам, ки бароям аз бонк қарзи имтиёзнок ҷудо кунанд. Илова намудам, ки он маблағро барои сохтани нонвойхона сарф намуда, мардуми деҳаамро бо нонҳои гарму хушхӯр таъмин мекунам. Се рӯз гузашту соҳиби маблағи кофӣ шудам ва ба кор часпидам. Бародарам Асқад дар ҳамаи ин кор сару бар шуд ва ҳоло дар арафаи нонпазӣ ҳастам.
Ҳамдеҳаҳоям низ аз баргаштанам хеле хурсанд шуданд. Ман ин боварии онҳоро тавассути хулқи накӯ ва меҳнати пурсамар бечуну чаро бароварда хоҳам сохт. Шаъну шуҳрат ва обрӯву эътибори хонаводаамонро ҳамеша ҳифз хоҳам кард. 
«Кӯр асояшро як бор гум мекунад», мегӯянд дар урфият. Минбаъд талош хоҳам кард, ки ба кӯчаи гумроҳӣ ворид нашуда ҳалол меҳнат мекунам ва барои ободу зебо шудани деҳа саҳми арзандаамро мегузорам. 

Мақсад  ДАДАБОЕВ,
сокини деҳаи Ғазнови ноҳияи Сӯх.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: