ҲОЛО ДАР МИСР ҲАМ ЛАЗЗАТИ АНГУР ВА ГЕЛОСҲОИ ӮЗБЕКИСТОНРО МЕДОНАНД

Ба ин ҳамкории пурмаҳсули байни сафоратхонаи кишвари мо дар Қоҳира, Инспексияи давлатӣ оид ба карантини растаниҳои назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Маъмурияти марказӣ бино бар карантини растаниҳо (ММКР)-и Вазорати хоҷагии қишлоқ ва оби Миср мусоидат намуданд.

«Ман аз он хурсандам, ки ба Шумо дар бораи қарор бобати рухсатдиҳӣ барои ба бозорҳои Миср кашондани ангур ва гелосҳои Ӯзбекистон маълумот медиҳам», – гуфта мешавад дар мактуби расмии роҳбари ММКР Аҳмад ал-Аттор, ки ба роҳбари Инспексияи давлатӣ оид ба карантини растаниҳои назди Девони Вазирони мамлакати мо Иброҳим Эргашев равона кардааст.
Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби Сафоратхонаи мамлакати мо дар самти мазкур бино бар чаҳорчӯбаи «Харитаи роҳ» бобати татбиқ намудани муоҳидаҳои ҳангоми сафари расмии Президенти Миср ба Тошканд моҳи сентябри соли 2018-ум ба имзорасида корҳои мувофиқи мақсад амалӣ мешаванд. Мувофиқи ҳуҷҷати мазкур коркарди масъалаи дарёфти рухсатномаи карантинӣ барои ба бозорҳои Миср дохил кардани маҳсулоти тоза, хушк ва яхкардашудаи меваю сабзавот аз Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

ОИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: