ФАЙЗИ САҲРО

Баъди меҳнати суботкорона дидани самараи дилхоҳ ба кас ҳаловат мебахшад.

Чанд рӯз аст, ки Илҳом аз комёбии меҳнатӣ рӯҳбаланд гашта ҳар чӣ қадар давутоз кунад, монда намешавад. Вай субҳи бармаҳал аз хоб хеста сӯи саҳро мешитобад. Ӯ хуб медонад, ки саҳархезӣ файзу барака дорад. Ана «Нексия»-и Илҳом ҳанӯз офтоби оламоро аз «хоби шабона» сар набардошта кӯчаҳои сердолударахти деҳаҳои Вардонзеи кӯҳнаю Ҷӯинавро ба қафо гузошта, вориди мавзеи Қаротеппа гардид. Дере нагузашта мошини сабукрав назди бошишгоҳи саҳроӣ, зери дарахти серсояи бед қарор гирифт. Илҳом сӯи майдонҳои аз ғаллазор холигашта қадам ниҳода қитъаҳои кишти дуюмбораи пахтаю арзанро аз назар гузаронд. Вай зери шуоҳои аввалини офтоб ба саҳрои нопайдоканор бо меҳр назар афканда, аз ҳусни нотакрори табиат баҳра мебурд. Инсон табиати аҷиб дорад: агар кораш омад кунад, олам бо тамоми ҳастӣ ба чашмонаш зебою пурҷозиба метобад, бар акси ҳол дунё ба назараш торик менамояд. Аз ҳама муҳимтараш, инсон дар шоҳроҳи зиндагӣ бояд пайроҳаи худро пайдо кунад. Ин ба осонӣ муяссар намегардад. Роҳи зиндагӣ – рӯзгори Илҳом Орифов ба ин мисол шуда метавонад. Илҳом соли 1982 дар оилаи зиёӣ (падари рӯзноманигор ва модари омӯзгор) ба дунё омада, худогоҳ шуда ба воя расид. Баъди хатми мактаби тоҷикии рақами 9-уми ноҳияи Шофиркон фаъолияти меҳнатиашро дар хоҷагии фермерии оилавии «Парвез» ҳамчун оброн ва саркор оғоз намуд. Вай ният дошт, ки  баробари фаро расидани фурсати муносиб таҳсилро дар мактаби олӣ идома медиҳад. Баъди чор сол ин орзуяш ҷомаи амал пӯшид. Донишҷӯии шуъбаи ғоибонаи факултети иқтисодиёти ДДБ насибаш гашт. Гуфтан ҷоиз аст, ки хоҷагии фермерии «Парвез» фаъолияти худро бо 11 гектар майдон оғоз намуда, баъди комёбиҳои меҳнатӣ соли 2008 соҳиби 53 гектар киштзор гардид. Баъди ду сол хоҷагии фермерии пахтаю ғаллакорӣ таҳти унвони «Фархунда Исломзода» таҷдид ёфт.
Ба Илҳом Орифов лозим омад, ки солҳои минбаъда дар ноҳияҳои Когону Бухоро бо соҳибкорӣ ва тиҷорат машғул шавад. Бо вуҷуди ин, ӯ ҳис мекард, ки ҳаёти деҳа дар дилаш маъвои ҷудогона дорад. Ниҳоят, баъди панҷ-шаш сол ин эҳсосот ӯро боз ба зодгоҳаш – деҳаи Вардонзеи куҳнаи ноҳияи Шофиркон овард. Хумори дашти бепоён рӯзе Илҳомро сӯи мавзеи Қаротеппа – самти ғарбии ноҳия раҳнамун сохт. Вай дар он ҷо қитъаҳои санглохи партовшударо дида бо таассуф сар ҷунбонд. Аён буд, ки муқобили монеъгиҳои табиӣ ва душвориҳои пешомада сабру тоқати кадоме кифоя накарда вай ба қафо баргаштааст. Илҳом баъди андешаи зиёд ба хулосаи қатъӣ омад. Охир, ризқи кулли мавҷудоти зинда ба туфайли замин ҳосил мегардад. Албатта, роҳат  бе меҳнат муяссар намегардад. Ҳар гуна боғу бӯстони биҳиштосо низ самараи  заҳмату машаққатҳои пайдарпайи чандинсола, истодагарию бедорхобиҳо алайҳи офтоби сӯзони тобистону зимистони қаҳратуни «туф кун – ях кун» аст. Аз ин рӯ, бори деҳқонро на ҳар кас кашида метавонад. Носири Хусрав беҳуда нагуфтааст:
Беҳ аз саннои олам деҳқон аст,
Ки ваҳшу тайрро роҳатрасон аст.
Ҳамин тариқа, эҳсосоти ҷавонмардонаи деҳқони дерина боиси созмонёбии хоҷагии фермерии «Ислом, Илҳом саховати» дар соли 2016 шуд. Соли аввал 37,5 гектар майдон ба муомила даромад. Аз ҷумла, дар 9,5 гектар майдон ғалладона, дар 19,5 гектар пахта ва дар 8,5 гектар хӯроки чорво кошта шуд. Нақшаи гандумсупорӣ 106 фоиз иҷро гардид. Киштзори хоҷагии фермерӣ ба 53,5 гектар расид. Дар 27 гектари он ғаллаи рӯёндашуда деҳқононро шод кард.  Соли ҷорӣ ҳимматбаландони саҳро ба ҷои 66 тоннаи пешбинишуда ба давлат 74,7 тонна гандум супорида нақшаи шартномавиро ба 113 фоиз расонданд. Дар айни замон 42 тонна ғаллаи истеҳсолгардида ба худи деҳқонон монд. Онҳо гандуми навъи «Старшина» кишта, ҳосилнокии қитъаҳои бекорхобидаро ба 43,6 сентнерӣ расонда, аз самараи меҳнаташон қаноатманд гардиданд.
Хоҷагии фермерӣ аз панҷ аъзои доимӣ: саркор ва агроном Аваз Норов, обронҳо Орзу Сайфиддинов, Ҷобир Неъматов, механизатор Абдурасул Халилов ва коргари оддӣ Мағфура Муҳаммадова таркиб ёфтааст. Мавсими кор, ҳосилғундорӣ аз аъзои муваққатӣ истифода мебарад. Дар хоҷагӣ масъалаи ба андозаи нақша истеҳсол намудани пахта ҳанӯз ҳал нашудааст. Алафҳои бегонаи решадор (чим, кӯм) қитъаҳои пахтаро иҳота карда, ба пешравии ниҳолҳо халал мерасонанд. Бо вуҷуди ин, ба туфайли чорабиниҳо имсол нашъунамои ниҳолҳои пахта умедбахшанд ва аз имконпазир будани фатҳи қуллаи мақсад –  фароҳам омадани 50,5 тонна ҳосил гувоҳӣ медиҳанд. Ғамхории давлат бобати хариди қимати маҳсулоти кишоварзӣ ва дастрасии вомҳои имтиёзнок имконият дод, ки фотеҳони дашт соҳиби шароити зарурӣ шаванд. Онҳо имрӯз соҳиби бошишгоҳи саҳроӣ ва техникаи худӣ мебошанд. Мошини сабукрави «Нексия» ва автобуси хурди «Форд» мушкили сарвари хоҷагиро осон мегардонад.
Меҳнатдӯстон азму кӯшиш доранд, ки ҳамқадами замон бошанд. Ҳоло дар ин ҷо баҳри ба роҳ мондани соҳаи чорвопарварӣ замина гузошта мешавад. Ҳоло 30 сар бузу гӯсфанд ва 12 сар моли шохдор бо мақсади афзоишёбӣ парвариш меёбанд. Дар як гектар майдон дарахтони мевадор: зардолу, шафтолу, себ, бодом ба воя мерасанд. Ба соҳаи занбӯриасалпарварӣ низ ибтидо гузошта мешавад.
Хулоса, Илҳом Орифов қуту баракаи хонадон, ояндаи оилаю фарзандони худро дар меҳнати оқилонаи саҳро мебинад.

Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири
 «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: