ДАР БОРАИ ЧОРАҲО ОИД БА МИНБАЪД ТАЪМИН КАРДАНИ МУСТАҚИЛИИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММАВӣ ВА РУШДИ ФАЪОЛИЯТИ ХИДМАТҲОИ АХБОРИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ ВА ТАШКИЛОТҲО

Дар мамлакат бинобар таъмин кардани озодии сухан корҳои назаррас амалӣ гардиданд, низоми идоракунии соҳаи ахбор ва коммуникатсияҳои оммавӣ аз нав ташкил карда, нақши воситаҳои ахбори оммавӣ дар ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳими рушди ҷамъиятиву сиёсӣ ва иҷтимоиву сиёсӣ баланд бардошта шуд.

Баробари ин таҳлили ҳолати ҷории соҳа мавҷуд набудани ҷавоби тезкор ва заруриро ба таҳдидҳои дар фазои медиа бамиёномада нишон медиҳад, дархости ҷамъият бобати сари вақт додани ахбори ҳамаҷониба дар бораи ислоҳоти васеъмиқёси мамлакат зарурати куллан пурзӯр гардондани корҳоро дар соҳаи иттилоот, ба дараҷаи сифатан нав баровардани фаъолияти хидматҳои ахбори мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, воситаҳои ахбори оммавиро тақозо менамояд. 
Ба мақсади минбаъд амиқ гардондани ислоҳот, ки ба фароҳам овардани шароити баландтарини мусоид барои фаъолияти воситаҳои ахбори оммавӣ, ба роҳ мондани мулоқоти хушсифат байни давлат ва ҷамъият, ба аҳолӣ расондани ахбори таъҷилӣ, холисона ва пурра дар бораи мақсад, вазифа ва натиҷаҳои ислоҳот, баланд бардоштани шаффофияти фаъолияти мақомоти идораи давлатӣ ва хоҷагидорӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, инчунин куллан беҳтар гардондани ҳамкории онҳо нигаронда шудаанд:
1. Аз 1 октябри соли 2019 тартибе муқаррар карда шавад, ки мувофиқи он нашриётҳои ба нашри адабиёти бачагона махсусонидашуда, инчунин маҳсулоташон барои шахсони маълул пешбинишуда аз пардохти боҷи давлатӣ барои додани рухсатнома оиди фаъолияти ноширӣ озод карда мешаванд. 
2. Фаъолияти мақомоти идоракунии давлатӣ ва хоҷагидорӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо (минбаъд – мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо) дар соҳаи ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори оммавӣ ва хабардорсозии аҳолӣ ғайриқаноатбахш дониста шавад.
3. Инҳо вазифаҳои асосии хидматҳои ахбор, марказҳои матбуот, хидматҳо оид ба алоқа бо ҷомеа (минбаъд – хидматҳои ахбор)-и мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо муайян карда шаванд:
мунтазам, пурра ва сари вақт ба аҳолӣ расондани ахбор дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо ба воситаи расонаҳои ахбори оммавӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, веб-сайтҳои расмии мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, инчунин захираҳои дигари иттилоотӣ, аз он ҷумла бо роҳи ташкил кардани конфронсҳои матбуот, брифингҳо ва медиатурҳо;
коркард ва татбиқи чорабиниҳо дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо бинобар хабардорсозӣ ва равшан намудани рафти рушди ҷамиятиву сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии мамлакат;
ташаккул додан ва пеш бурдани имиҷи мусбати мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, омӯхтани афкори умум ба воситаи гузарондани пурсишҳои ҷамъиятӣ ва дигар шаклҳои омӯзиш;
барқарор намудани ҳамкории самарабахши амалӣ бо Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Агентӣ) дар амалӣ гардондани вазифаҳои ба зиммаи он дар соҳаи сиёсати иттилоотӣ гузошташуда;
ташаккул додани гурӯҳи корбастҳо барои ҳамкории самарабахш бо воситаҳои ахбори оммавӣ, паҳн кардани ахбори  таъҷилӣ дар доираи журналистон ва блогерҳо, ки дар хидматҳои ахбор доимӣ кор мекунанд, инчунин ба мақсади таъмин кардани иштироки табақаи васеи аҳолӣ дар муҳокимаи лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ;
дар асоси доимӣ дар воситаҳои ахбори оммавӣ ташкил кардани баромади роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо;
амалӣ гардондани мониторинг ва таҳлили фазои иттилоотӣ, ба зудӣ муносибат зоҳир намудан ба хуруҷҳои танқидӣ ва васеъ муҳокимашавандаи иттилоотӣ, ташкил кардани кор бинобар паҳн намудани ахбор дар воситаҳои ахбори оммавӣ ва шабакаи Интернет дар қисми алоқаманд ба фаъолияти мақомоти дахлдори давлатӣ ва ташкилотҳо;
тайёр кардани материалҳои хабарӣ, ахборӣ, шарҳӣ ва дигари иттилоотиву таҳлилӣ барои паҳн намудан ба воситаи воситаҳои ахбори оммавии ватанӣ ва хориҷӣ якҷоя бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо;
омӯзиши афкори умум, мавқеи воситаҳои ахбори оммавии ватанӣ ва хориҷӣ дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, коркарди таклифоти муҳим ва дар бораи он хабардор намудани роҳбарияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо;
ба воситаи вазорату идораҳои ваколатдори намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар хориҷ, инчунин намояндагиҳои дипломатии мамлакатҳои хориҷӣ дар Ӯзбекистон бо маводҳои иттилоотӣ (маҳсулоти чопӣ, маводи фото ва аудио ва видео) таъмин кардан ба мақсади хушсифат равшан намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо дар воситаҳои ахбори оммавии хориҷӣ;
дар тартиби муқарраргардида дар веб-сайтҳои мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо ҷойгир намудани лоиҳаҳо ва матнҳои тасдиқшудаи ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ, ки дар ваколати онҳо мебошанд;
ташаккул додан ва нав кардани пойгоҳи маълумотҳои матнӣ, фото, аудио ва видео маводҳо, ки ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо алоқаманд мебошанд.
4. Муқаррар карда шавад, ки:
а) кормандони хидматҳои ахбори мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо ба вазифа асосан аз ҷумлаи шахсоне, ки дар соҳаи журналистика маълумоти олӣ доранд, таъин карда мешаванд;
б) роҳбарони хидматҳои ахбор ва мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо:
дар як вақт котиби матбуоти мақомоти давлатӣ ва ташкилот ба ҳисоб рафта, мақоми мушовири роҳбар оид ба масъалаҳои сиёсати иттилоотиро дорад ва бино бар шартҳои пардохти музди меҳнат, хидматрасонии тиббӣ ва нақлиётӣ ба муовини роҳбари мақомоти давлатӣ ва ташкилот баробар карда мешаванд;
ба вазифа бо назардошти хулосаи дахлдори Агентӣ ё ки зершуъбаи ҳудудии он таъин карда мешаванд;
дар ҳар се сол дар Агентӣ аз аттестатсия мегузаранд;
в) дар сохторҳои дастгоҳи марказии мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри  Тошканд, ноҳияҳо (шаҳрҳо) бояд хидматҳои ахбор пешбинӣ шаванд.
Шумораи кормандони хидматҳои ахбор дар дастгоҳҳои марказии мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри  Тошканд, чун қоида дар доираи шумораи штатии онҳо ташаккул меёбад ва баробари котиби матбуот, аз кормандони барои алоқа  бо воситаҳои ахбори оммавӣ ва ҷомеа масъул, кор бо веб-захираҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ таркиб меёбад. 
Миқдори кормандони хидматҳои ахбор дар дастгоҳҳои марказии мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо аз ҷониби роҳбари идораи дахлдор бо назардошти хусусияти фаъолияти идора муайян карда мешавад.
Ташкил кардани фаъолияти хидматҳои ахбори ташкилотҳои зеридоравӣ ва зершуъбаи ҳудудии мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо метавонанд бо назардошти эҳтиёҷоти идораҳои дахлдор муайян карда шаванд;
г) мутобиқати фаъолияти иттилоотии мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо аз ҷониби Агентӣ амалӣ гардонда мешавад;
д) ба инҳо роҳ дода намешавад:
ба зиммаи хидматҳои ахбори мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо бор кардани вазифаҳои иловагие, ки дар ӯҳдадории мансабии онҳо намебошанд;
функсия ва вазифаҳои хидматҳои ахборро бор кардан ба зиммаи зершуъбаҳои дигари мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо;
е) роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо:
барои бо воситаҳои замонавии моддиву техникӣ, аз он ҷумла, телевизор, воситаҳои аккосӣ ва сабти видео, дастрасӣ ба шабакаи баландсуръати интернет, маҳсулоти зарурии барномавӣ таъмин намудани хидматҳои ахбор, инчунин барои ҷалб намудани кадрҳои соҳибихтисос шахсан ҷавобгар мебошанд;
ҳуқуқи ба кормандони хидмати ахбор, сарфи назар аз пардохтҳои дигар додани иловапулии ҳармоҳаро ба миқдори на кам аз 50 фоизи фонди пардохти музди меҳнат аз ҳисоби маблағи Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва маблағи худии мақомоти давлатӣ ва ташкилот дорад;
ж) ахбор дар веб-сайтҳои мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар саҳифаҳои месенҷерҳои мобилӣ аз ҷониби хидматҳои ахбор рӯзе камаш як маротиба ҷойгир ва нав карда мешавад.
5. Ба мақсади ҷорӣ намудани низоми самарабахши мониторинги фаъолияти хидматҳои матбуоти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, расондани кӯмак ба онҳо дар роҳандозии кор оид ба ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори оммавӣ, инчунин таъҷилӣ эътино намудан ба хуруҷҳои иттилоотӣ шуъбаи мутобиқати хидматҳои мақомоти давлатии Агентӣ ва Раёсат оид ба ташкил кардани кор ва мутобиқати фаъолияти хидматҳои ахбор бо ҷудо намудани шумораи иловагии штатӣ дар миқдори панҷ адад, бо муносиб зиёд гардондани миқдори ҳадди аксари кормандони идораи дастгоҳи марказии агентӣ таъсис дода шавад. 
Дар раёсатҳои ахбор ва коммуникатсияи оммавии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд сектори ташкили кор ва мутобиқсозии фаъолияти хидматҳои ахбор бо ҷудо намудани шумораи иловагии штатӣ дар миқдори 14 воҳид созмон дода шавад.
6. Мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо:
якҷоя бо Вазорати оид ба рушди технологияҳои ахбор ва коммуникатсияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати як моҳ котибҳои матбуоти тамоми мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳоро бо воситаҳои алоқа, аз он ҷумла ҳукуматӣ, инчунин дастрасӣ ба шабакаи васеътасмаи Интернет таъмин намоянд;
бинобар дохил намудани кормандони хидматҳои ахбор ба тартиби ҳайатҳои мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, ки барои омӯзиши таҷриба ва шиносоӣ бо фаъолияти созмонҳои дахлдори мамлакатҳои хориҷӣ, инчунин ба сифати ахбор таъмин кардани онҳо сафар мекунанд, чораҳо андешанд.
7. Агентӣ бо ҷалб намудани зершуъбаҳои Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вазорату идораҳо, мутахассисон ва корбастҳо дар воситаҳои ахбори оммавӣ ва шабакаи интернет васеъ равшан намудани қоидаҳое, ки қабул мешаванд, қабули ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии молики аҳамияти иҷтимоӣ, инчунин чорабиниҳои ташкилӣ бино бар масъалаҳои муҳимро таъмин намояд.
8. Агентӣ:
дар асоси доимӣ бо роҳи мониторинг афкори умумро оиди аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо иҷро гардидани қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, қарор ва супоришоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин маводҳо дар бораи иҷрои онҳо, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо дар воситаҳои ахбори оммавӣ ва дар веб-сайтҳои Интернет чоп шудаанд, омӯзад ва ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ ворид намудани барои қабул намудани чорабиниҳои дар қонунгузорӣ пешбинишуда ахбор (дастуруламал) ворид намояд;
якҷоя бо Академияи идораи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияҳои оммавӣ курсҳои такмили ихтисоси роҳбарон ва кормандони хидматҳои ахбори мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳоро ташкил намояд;
дар муҳлати ду моҳ якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор тартиби аттестатсияи роҳбарони хидматҳои ахбори мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, инчунин меъёри баҳогузории самарабахши фаъолияти онҳоро таҳия ва тасдиқ намояд;
ба муҳлати то 1 январи соли 2020 якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор аттестатсияи роҳбарони хидматҳои ахбори мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳоро мувофиқи қонунгузорӣ гузаронад;
ба мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо дар таъмин кардани рушодии фаъолияти онҳо, беҳтар гардондани ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори оммавӣ, инчунин дастгирии методии хидматҳои ахбор кӯмаки доимӣ расонад;
мониторинги доимии ахборе, ки дар воситаҳои ахбори оммавӣ, шабакаи интернет, аз он ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенҷерҳои мобилӣ чоп шуда, ба тафаккури табақаи васеъи аҳолӣ таъсири ногувор мерасонанд, амалӣ намояд ва ба хидматҳои ахбори мақомоти дахлдори давлатӣ ва ташкилотҳо барои минбаъд муносибат зоҳир равона намояд;
оид ба рағбатноксозии кормандони хидматҳои ахбори мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, аз он ҷумла, бо роҳи пешниҳод намудани онҳо ба мукофотҳои давлатӣ чораҳо андешад;
дар асоси доимӣ реестери хидматҳои матбуоти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳоро ташаккул ва нав гардонад; 
фаъолияти хидматҳои ахбори мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, инчунин бо кадрҳои баландихтисос, воситаҳои моддиву техникӣ таъмин будани онҳо ва иҷрои вазифаҳои ба зимма гузошташударо омӯзад.
9. Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
ба мақсади пеш бурдани имиҷи мусбати Ӯзбекистон дар хориҷ, инчунин баргузор намудани маъракаи иттилоотӣ, ки ба тарғиб ва васеъ хабардорсозии ҷомеа дар бораи рафти татбиқи ислоҳот дар мамлакат нигаронда шудааст, ба Фонди дастгирии рушди соҳаи иттилоотӣ ва коммуникатсияҳои оммавии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳар сол аз ҳисоби маблағи Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷудо намудани 20 миллиард сӯмро таъмин намояд;
ҳар сол ҳангоми ташаккули параметрҳои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон маблағҳоро барои нигоҳ доштан ва муҷаҳҳазсозии моддиву техникии Агентӣ ва зершуъбаҳои ҳудудии он пешбинӣ намояд.
12. Ба мақсади иҷрои сазовори вазифаҳои ба зиммаи Агентӣ гузошташуда, ки ба ташкил кардани чорабиниҳо (конфронс, брифинг, «мизҳои мудаввар», презентатсияҳо ва ғайра) алоқаманд,  ба тариқи истисно ба имзо расондани шартномаҳои бевоситаро  бо расондадиҳандагони кор (хидмат) аз ҳисоби Фонди дастгирии рушди соҳаи иттилоотӣ ва коммуникатсияҳои оммавӣ рухсат дода шавад.
13. Вазорати оид ба рушди технологияҳои ахбор ва коммуникатсияҳо бо назардошти манфиатҳои бехатарии иттилоотӣ бинобар кам кардани хароҷот барои истифода, хидматрасонии техникӣ ва ба шабакаи Интернет пайваст шудани мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, инчунин маблағҳои ахбори оммавӣ ва ҷойгир намудани серверҳои онҳо дар шабакаи TAS-IX чораҳо андешад.
14. Ба қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 2 феврали соли 2019 №ҚФ-4151 «Дар бораи ташкил кардани фаъолияти Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон» мувофиқи замима тағйирот ворид карда шавад.
15. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
якҷоя бо Агентӣ, вазорату идораҳои манфиатдор дар муҳлати то 1 сентябри соли 2019 ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон лоиҳаи тартиби маъмурии расондани хидмати давлатиро оид ба қайди давлатии воситаҳои ахбори оммавӣ ва корхонаҳои табъу нашр, инчунин литсензия додан ба фаъолияти ноширӣ ворид намояд;
дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи гузоштани масъулият барои тақдим нанамудани маълумот ё ки маълумоти нодуруст тақдим намудани мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, инчунин ошкоро дахолат кардан ба фаъолияти воситаҳои ахбори оммавӣ ва фишор овардан ба журналистон таклифот тақдим намояд.
16. Агентӣ якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, таклифот тақдим намояд. 
17. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З. Ш. Низомиддинов гузошта шавад. 

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ
 
Шаҳри ТОШКАНД, 
27 июни соли 2019

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: