ЗАНИ МАЪРИФАТПАРВАР

Устоди сухан, муаллимаи соҳибтаҷриба Турсуной Содиқоваро ҳама ба хубӣ мешиносанд. Агар ӯ дар қайди ҳаёт мебуд, 75-сола мешуд.

«Ба зинда монданам бовар накардаанд»

Ба падару модари аламзада, ки кӯдакони онҳо баъди якчанд рӯзи таваллуд нобуд мешуданд, пурдидаҳо маслиҳат доданд, ки ба фарзанди навбатӣ агар духтар шавад Турсуной, писар шавад Турсунбой ном гузоранд. Дар номгузорӣ ҳикмат бисёр, гуфтанд онҳо. Падару модари дар доғи фарзанд сӯхта ба ин гуфтаҳо амал карданд.
Фасли баҳори соли 1944 дар шаҳри Андиҷон дар оилаи Содиқовҳо духтарча ба дунё омад ва ӯро Турсуной ном ниҳоданд. Бо қудрати Офаридгор тақдири Турсуной ба тақдири бародаронаш монанд нашуд. Ӯ ба оила бахт, файзу барака ва умед бахшид.
Бачагии Турсуной ба солҳои ҷанг рост омад. Аъзои оила дар қатори мардум ба муҳтоҷӣ ва қаҳтию вазнинии рӯзгор дучор шуданд ва дертар, вақте духтарак дусола шуд, аз Андиҷон ба Тошканд кӯч бастанд. 
«Бачагиам дар маҳаллаи Кӯкмасҷиди мавзеи Чорсу гузаштааст. Дар оила фарзанди чорум будам. Пеш аз ман се бародарам қазо кардаанд. Волидонам кӯдакони нобудшудаашонро аз рӯйихат хат мезаданд ва онҳо боварӣ надоштаанд, ки ман зинда мемонам, бинобар ин гувоҳномаи таваллудро нагирифтаанд. Вақте 15-сола шудам, хидматчиёни ҳукумат хона ба хона гашта, ба ман низ ҳуҷҷат додаанд. Ду хоҳари баъд аз ман таваллудшуда низ наистодаанд. Аз ин боис, падару модари дилшикастаам маро дар кафи даст гузошта, нозпарвар калон кардаанд. Падарҷонам аз саҳар то шом «Турсунбибӣ, Турсунбибӣ» гуфта муроҷиат мекард, ба кӯча, бозор, чойхона, тӯю нишастҳои дӯстон маро ҳамроҳ мебурд. Баъди 13-14-сола шудан аз пасаш намерафтагӣ шудам»,– гуфта буд боре дар яке аз суҳбатҳо Турсунойапа.

«Китобдӯст будам»

Турсуной дар мактаби миёнаи 82-юми пойтахт савод баровард. Ӯ ба ҷуз тарбияи ҷисмонӣ, аз ҳамаи фанҳо баҳои аъло мегирифт. Ба туфайли қобилияти ташкилотчигӣ доштан, дар мактаб ангуштнамо буд. Духтараки чолок, зирак ва ташнаи илмро устодонаш дӯст медоштанд. Машғулияти дӯстдоштаи ӯ мутолиаи китоб буд, ҳикояю афсона, шеъру достонҳоро мустақилона азхуд мекард.
«Аз ҷавонӣ китобдӯст будам. Он рӯзгор китобхонаҳо кам буданд, як китобро аз даст ба даст гирифта мехондем. Ҳаракат мекардам, ки китобро дар як рӯз хонда бароям. Баъзан падару модарам ба бисёр хонданам рухсат намедоданд. «Ин духтарак аз бисёр хондан девона мешавад», гуфт боре модарам ва китобамро аз дастам кашида гирифт. Ними шаб, баъди ба хоб рафтани волидонам, дар айвони хона, дар равшании моҳтоб хонда баромадани китоби «Пахтаой ва Чигитвой» дар ёдам, – хотираҳои фараҳбахши худро ба ёд оварда гуфта буд муаллима.


Муаллифи асарҳои нотакрор

Турсуной Содиқова соли 1961 баъди хатми мактаби миёна ба факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тошканд дохил мешавад. Аз хурдӣ ба китоб меҳр бастани духтарак дар ин даргоҳи илм ба ӯ даст дод, ба азхуд кардани асрори адабиёт беш аз пеш машғул шуд. Бо эҷодкорон дӯстӣ пайдо кард ва худ низ қалам ба даст гирифта, шеърҳо машқ кард. Шеъри нахустини ӯ дар рӯзномаи «Ленин учқуни» нашр гардид.
Шоира, ки аз пастию баландӣ, ғаму шодии рӯзгор бархурдор буд, дар ашъораш аз тақдири инсонҳои нек, умед ва боварӣ ба ҳаёт, одобу ахлоқ, муқаддасии оила, муносибати хушдоману арӯс, муҳаббати поку самимӣ ҳикоя кардааст. Асарҳои илмиву фалсафии ӯ низ манзури хонандагон гардидаанд. «Меҳр мемонад», «Ҳазрати зан», «Бахте дар паҳлуям», «Фарзандам мегӯям», «Суханҳо ба духтару писарон», «Қасида ба зан», «Офтобам, моҳтобам» барин асарҳои шоираро хонанда бошавқ мутолиа мекунад.
Ҳукумати ҷумҳурӣ муаллимаро барои хидматҳои пуршарафаш дар соҳаи адабиёт ва маънавият соли 1991 бо унвони «Ходими хидматнишондодаи маданияти Ӯзбекистон», соли 1998 бо медали «Шуҳрат» мукофотонид.
Соҳиби таҷрибаи ҳаёт, инсони фозилу комил, меҳрубон ва ғамхор аз худ мероси ғании маънавӣ боқӣ гузошта, соли 2017 баъди панҷ моҳи вафоти шавҳараш дар синни 73 аз олам гузашт.

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: