12 ОИЛАИ ҶАВОН ИДРО ДАР ХОНАҲОИ НАВ ПЕШВОЗ ГИРИФТАНД

Ба муносибати ҷашн дар маҳаллаи «Саховат»-и шаҳри Тирмиз барои ҷавонон се хонаи чорошёна ба истифода дода шуд.

Дар хонаҳои нави ду ва сеҳуҷрадор барои зиндагии хуби ҷавонон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Барои кӯдакон майдончаҳои бозии замонавӣ низ бунёд гардидаанд.
Хонаҳои бисёрошёнае, ки барои ҷавонони дар рушди мамлакатамон фаъол иштирокнамуда, сазовори мукофотҳои давлатӣ гардида, дар соҳаҳое, мисли фан, таълим, маданият, варзиш ба натиҷаҳои баланд ноилгардида бунёд мегарданд, бе пешпардохти фоиздор, тибқи кредити имтиёздори ипотека супурда шуд.
Аскари қаторӣ Алишер Шербоев дар асоси шартнома хидмат мекунад. Вай ҳашт сол аст, ки ба ҳифзи осоиштагии Ватанамон саҳм мегузорад. Ҷавони марду далер аз бачагӣ бо намуди варзиши ҷанги дастӣ машғул буд. Тайи солҳои гузашта чанд маротиба чемпиони Ӯзбекистон ва Осиё шуд, ду карат чемпиони ҷаҳон гардид. Сарбози ҷавоне, ки сарҳадҳоямонро боэътимод ҳимоя мекунад ва дар мусобиқаҳои бонуфуз ба шуҳрати мамлакатамон меафзояд, низ соҳиби хонаи дуҳуҷрадор шуд.
– Аз эътиборе, ки дар мамлакатамон ба ҷавонон дода мешавад, хеле мамнунем, – мегӯяд А. Шербоев.– Бо ҳамсарам як писарро тарбия мекунем. Ин хона дар Рӯзи ҷавонон барои мо туҳфаи муносиб аст. Дар арафаи ҷашн кӯчидан ба хонаи нав моро хурсанд кард.
Дар чорабинии мутантан ба ҷавонон калиди хонаҳои нав ва туҳфаҳо супурда шуданд. Савту сурудҳои ҳунарпешагон табъи иштирокдоронро болида сохт.
Х. МАМАТРАЙИМОВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: