ӮЗБЕКИСТОН ДАР РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ МИНТАҚАВӢ ВА БАЙНАЛХАЛҚӢ НАҚШИ МУҲИМ ДОРАД

Фикру ақидаи депутати Бундестаги Олмон, муовини раиси Гурӯҳи парлумонии «Олмон – Осиёи Марказӣ» Андре Хан чунин аст.

Ман хеле хурсандам, ки солҳои охир Ӯзбекистон барои қаробати ҷонибҳо ва мустаҳкам кардани муносибатҳои дӯстона бо ҳамсоягони худ қадамҳои бузург гузошт, таъкид кард сиёсатмадор дар гузоришаш ба хабарнигори ОИ «Дунё» дар Берлин. Саъю кӯшишҳои роҳбарияти мамлакат, ки ба беҳтар кардани ҳамкориҳои тарафайн бо кишварҳои Осиёи Марказӣ нигаронида шудаанд, ба ҳама гуна баҳои баланд сазоворанд.
Бояд саъю кӯшишҳои Ӯзбекистонро ба ошкороӣ ва ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла, дар соҳаи амният ва мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм махсус қайд кард. Ман бо қаноатмандӣ метавонам таъкид намоям, ки Олмон дар навбати худ аз инкишоф ва вусъат додани робитаҳои муттасил бо Ӯзбекистон ва кишварҳои дигари минтақа манфиатдор мебошад, гуфт вай.
Олмон аз ҷумлаи аввалин кишварҳое буд, ки истиқлолияти Ӯзбекистонро эътироф кард ва бо он муносибатҳои дипломатиро барқарор намуд. Алҳол минбаъд мустаҳкам намудани робитаҳои дӯстона ва боэътимод натанҳо дар соҳаҳои иҷтимоию сиёсӣ ва тиҷоративу иқтисодӣ, балки соҳаҳои дигар ҳам аҳамияти бузург дорад. Барои рушди ҳамкорӣ дар самтҳои маданиву инсонпарварӣ, аз ҷумла, дар соҳаҳои илму таълим имкониятҳои зиёди истифоданашуда мавҷуданд.
Олмон дар доираи ҳамкориҳои молиявиву техникӣ ҳаҷми бо маблағ таъмин сохтани лоиҳаҳои гуногуни иҷтимоиро дар Ӯзбекистон зиёд мекунад. Натиҷаҳои бадастомада имкон медиҳанд  ба ояндаи муносибатҳои ӯзбекистонию олмонӣ бо назари нек нигоҳ кунем.
Соҳаи сайёҳӣ низ аз ҷумлаи самтҳои муҳимтарини ҳамкориҳои байни ду мамлакат ба шумор меравад.
Мо ислоҳотеро, ки дар соҳаи сайёҳии Ӯзбекистон амалӣ мешаванд, дастгирӣ менамоем, мегӯяд Андре Хан. Ман ба мамлакат сафар карда, эътимод ҳосил намудам, ки барои беҳтар намудани ҳамкориҳои тарафайн дар самти мазкур имкониятҳои бузург мавҷуданд. Ман фаъолона тарғибу ташвиқ мекунам, то ки мардум   бештар ба Ӯзбекистон сафар кунанд. Ҷорӣ гардидани режими бераводид барои сайёҳони Олмон сафарро ба мамлакат хеле сабук кард ва ба афзудани миқдори сайёҳон мусоидат намуд.
Яке аз мақсадҳои илмии мо сулҳу салоҳ дар Афғонистон ба шумор меравад. Олмон дар ин бобат фаъолона кор мебарад. Мо муътақидем, ки мушкилоти Афғонистонро аз тариқи ҳарбӣ наметавон ҳаллу фасл кард. Мо ҷонибдори лоиҳаҳои иҷтимоӣ мебошем ва бовар дорем, ки онҳо, бешубҳа, самара медиҳанд, гуфт сиёсатмадори Олмон.
Сафари Президенти Федералии Олмон ба Ӯзбекистон дар роҳи таҳкими муносибатҳои олмониву ӯзбекистонӣ боз як қадами муҳим гардид. Ин аллакай сафари сеюми Франк-Валтер Штайнмайер ба Ӯзбекистон мебошад. Сафари пеш аз охирини худро ӯ ҳамчун вазири корҳои хориҷии Олмон соли 2016-ум баргузор карда буд. Ин шаҳодати он мебошад, ки дар таҳкими муносибатҳои тарафайн аз тариқи фаъолтар сохтани мулоқоти сиёсӣ манфиатдории зиёд мавҷуд мебошад, таъкид кард депутати Бундестаги Олмон.

ОИ «Дунё»,
шаҳри БЕРЛИН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: