ДАР ҲОШИЯИ «НАЗМ-УЛ-ҶАВОҲИРИ ЭРОНУ ТУРОН»

Адабиёти муосири ӯзбек бо китоби тарҷумаи Олимҷон Бӯриев, ки аз бӯстони ҳамешасабзи назми форс-тоҷик интихобан тарҷума шудаву бо сарсухани академик Азиз Қайюмов таҳти унвони «Назм-ул-ҷавоҳири Эрону Турон» аз нашр баромадааст, ғановат ёфт.

Тазкираи мавриди назар аз Рӯдакию Фирдавсӣ, Синову Хайём, Саъдиву Ҳофиз, Ҷомию Фонӣ, Ҳотифию Сайидо сар карда то Васлию Айнӣ, Турсунзодаю Муъмин Қаноат ҷамъ 95 шоири машҳурро дар бар мегирад. Аз маҳсули кори Олимҷон Бӯриев  пайдост, ки мавсуф аз дӯстдорони адабиёти форс-тоҷик аст. Эҳтимол аз он сабаб бошад, ки ӯ дар Тоҷикистон ба дунё омада, дар ҳамон ҷо мактаби миёна ва донишгоҳро бо забони модариаш – ӯзбекӣ ба итмом расонида, аз муҳити адабии зодгоҳи шоирхези худ зиёд баҳравар шудааст. Ин аст, ки Олимҷон бо саъй ва эҳтимоми тамом девони Ҳофизи Шерозӣ, достони «Юсуф ва Зулайхо» (1983), «Ҳафт авранг»-и Ҷомиро тарҷума кард. «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ (2016), девони Камоли Хуҷандӣ (2019) ва дигар асарҳои шоирони тоҷик  дар тарҷумаи ӯ ба забони ӯзбекӣ аз нашр баромадаанд.
Китоби тарҷума «Назм-ул-ҷавоҳири Эрону Турон» номгузорӣ шудааст. Шоир бо лутфи сухан муштаракоти таркиби луғавии забони ин ду халқро нигоҳ кардааст. 
Аз замонҳои қадим муттаҳиду муттафиқ будани ин ду марзу бум — Эрону Туронро аз ин байти «Шоҳнома» низ метавон пай бурд:
Аз Эрону Турон агар сад ҳазор
Биёянд гурдони ханҷаргузор.
Гузашта аз ин, ба ҳазорсолаҳо расидани равобити ҳасанаи ин ду халқ, хешу таборӣ, қудою андагии турку тоҷик дар «Шоҳнома» мунъакис шудааст. Чунончи, шоҳи Эрон Исфандиёри паҳлавон, ки аз замони Фирдавсӣ чанд аср пеш зиста буд, худро чунин муаррифӣ менамояд:
Яке мардам, эй шоҳ, бозоргон,
Падар турку модар зи озодагон.
 Ҷойи таассуф, ки ҳамакнун хонандаи ӯзбек аз ин гуна калимаю ибораҳои дар осори Навоию дигар адибони пешин мустаъмал то ҳадде дур шуда, идроки маъонӣ барояшон душвор шудааст. Аҳолии бумии Мовароуннаҳр, форсизабону туркизабонҳо, мисле ки дар «Шоҳнома» ба он ишора мешавад, ба шарофати иттиҳоду иттифоқ ба пешравиҳои калони иҷтимоиву иқтисодӣ ноил гаштаанд, ки бо номи «Даври тиллоӣ», ё «Ренессанси исломӣ» дар таърих сабт шудааст. 
Таърих гувоҳ аст, ки дар ривоҷу равнақи адабиёти форс-тоҷик саҳми адибони туркнасаб кам набудааст. Дар байни онҳо Алишер Навоӣ чун шоири зуллисонайн мақоми хосса дорад. Мероси адабии онҳо аз бисёр ваҷҳ намунаи ибрат аст. Ба сифати намуна ба тазкираи «Маҷолис-ун-нафоис»-и Алишер Навоӣ дида дӯзем, хоҳем дид, ки дар он намунаи шеърҳои форсӣ-тоҷикӣ айнан иқтибос шудаанд. Аз ин бармеояд, ки он замон ин забон барои аҳли фазл ягона будааст. Вагарна барои муаллифи тазкира – шоир Фонӣ тарҷума кардани онҳо душворие надошт. Дар тӯли 70 соли сиёсати Иттиҳоди Шӯравӣ забони адабиёти классикӣ бароямон (махсусан, барои хонандаи имрӯзаи ӯзбек) душворфаҳм шуда монд. Осори ба форсии тоҷикӣ иншошударо фақат бо тарҷума муаррифӣ менамоянд ва ҳатто бидуни ёдоварии номи тарҷумон қироат мекунанд. .
Мир Алишер Навоӣ тоҷику туркро чун чашму мижгон ба ҳамдигар наздик  ба хатти тасвир оварда гуфта буд:
Нигори турки тоҷикам кунад сад хона вайрона,
Бад-он чашмони тоҷиконаю мижгони туркона.
Ба табъ расидани баёзи нисбатан мукаммали адабиёти форс-тоҷик, ки зикраш рафт, ҷавобгӯйи ташаббусҳои беназири сарвари кишварамон Шавкат Мирзиёев аст, ки мақсади ӯ мустаҳкам намудани алоқаҳои маданию сиёсии Ӯзбекистон бо мамлакатҳои ҳамсоя мебошад.
Баёзи номбурда аз тарҷумаи осори Рӯдакӣ сар шудааст ва чун намунаи осор шеъри машҳури «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён» интихоб шудааст, ки дар забони ӯзбекӣ услуби «саҳли мумтанеъ»-и Одамушшуаро, рӯҳи ҳамон давру замон ба куллӣ ҳифз гардидааст. Мутаваҷҷеҳ бошед:
Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён келгай ҳаме,
Ёди ёри меҳрибон келгай ҳаме.
Реги Омуси дағаллик йӯлида
Зери по чун парниён келгай ҳаме.
Оби Жайҳун қанча улкан бӯлмасин,
Отимизга то миён келгай ҳаме.
Эй Бухоро, шод бӯлгин, кӯп яша,
Мир сендан шодмон келгай ҳаме.
Мир моҳдиру Бухоро осмон,
Моҳ сӯйи осмон келгай ҳаме.
Дар ин шеър (ва баъзе дигар шеърҳои тарҷумашуда) иддае аз луғатҳои тоҷикӣ айнан оварда мешаванд, ки ба гумони баъзеҳо тарҷумаи мазкурро сабуку содда намудааст. Ин ҳақ асту рост. Дар сурати пеши назар овардани адабиёти мумтози ӯзбек истифода шудани чунин истилоҳот, аввало, рӯҳияти ҳамон давру замон ва забони қадимаи туркиро зинда намояд, сониян хонандаро водор мекунад, ки рӯ ба таърихи адабиёт оварад, луғатҳои қадимаи муштаракро зинда намуда, ба  ғановати забони худ биафзояд.
Бояд дар хотир дошт, ки маҳорату истеъдоди тарҷумон дар соддагии маҳсули кори ӯст. Ба ин манзур дар ҳошияи ин мақола ба Вазорати таълими халқи Ӯзбекистон мехостам таклиф пешниҳод намоям, ки дар сохтори таълими мактаби миёна, мисли забонҳои дигари хориҷӣ дарси «забони форсӣ-тоҷикӣ» низ ҷорӣ карда шавад. Дар ин сурат имконоти такмили забони адабии ӯзбек меафзуд, мутолиа ва дарки адабиёти классикӣ, манбаъҳои қадима осон мешуд, дару дарвозаҳои равобити маънавию иҷтимоӣ бо се давлати ҳамсоя – Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон аз нав боз мегардид.

Маъруф ОТАХОНЗОДА,
Журналисти шоистаи Ӯзбекистон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: