RAVON NEXIA 3-И МУРАТТАБИ ҚАЗОҚИСТОНӢ ДАР АЛМААТО МУАРРИФӢ ШУД

Муаррифии расмии автомобил дар доираи корҳо бинобар зиёд кардани миқдори молҳои содиротии Ӯзбекистон ба бозорҳои Қазоқистон баргузор шуд.

Чорабиниро намояндагони доираҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, соҳибкориву молиявӣ, вакилони расонаҳои ахбори оммавии Қазоқистон, ҳайатҳои дипломатӣ, ки дар Алмаато номнавис шудаанд, тамошо карданд. 
Дар доираи он барои ходимони расонаҳои ахбори оммавӣ конфронси матбуотӣ низ баргузор шуд.
– Ибтидои татбиқ гардидани лоиҳаи Ravon Nexia R3 дар Қазоқистон боз як намунаи равшани ҳамкории бомуваффақияти байни ду давлати дӯст дар соҳаҳои тиҷорату иқтисодиёт мебошад, – гуфт Сафири Ӯзбекистон дар Қазоқистон Саидикром Ниёзхӯҷаев. – Натиҷаҳои ба дастомада тайёр будани соҳибкорони ду мамлакатро ба инкишоф додани шаклҳои нави ҳамкорӣ дар шароитҳои барои тарафайн муфид ба мақсади бо маҳсулоти ягона ба бозорҳои хориҷӣ баромадан намоиш медиҳад.  
Директори иҷрогари UzAuto Motors Александр Саҳабов таъкид кард, ки Ravon R3 маҳсулоти пешқадам дар бозори Қазоқистон мебошад.
Дар оғози ҳамкорӣ мо дар бозорҳои Қазоқистон бо дистрибюторҳо кор кардем, ҳоло бошад, хурсандем, ки истеҳсоли автомобилҳои тамғаи мазкур дар Қазоқистон ба роҳ монда шуд, – илова кард вай.
Президенти ҷамъияти саҳҳомии «Гурӯҳи ширкатҳои Allur Auto» Оксана Холстина зикр сохт, ки корхонаи «Сариарка АвтоПром», ки ба ин гурӯҳ тааллуқ дорад, пешоҳанги саноати автомобилсозии Қазоқистон ба шумор меравад.
– Мо сифати маҳсулотамон, аз ҷумла Ravon-ро кафолат медиҳем. Умедворем, ки харидорон розӣ мешаванд. Мо дербоз ин ҳодисаро интизор будем ва ният дорем танҳо бо ин тамға қонеъ нашавем. Дар оянда навъҳои дигари мураттаби қазоқистонӣ намоиш дода мешаванд, – гуфт вай.
Дар конфронси матбуотӣ қайд шуд, ки соли 2019-ум дар Қазоқистон истеҳсоли 16 ҳазор автомобилҳои Ravon Nexia 3 пешбинӣ гардидааст. 6 ҳазори онҳо барои бозори дохилӣ ва 10 ҳазортояш барои содирот, аз ҷумла ба Русия пешбинӣ шудаанд.

ОИ «Дунё», 
шаҳри АЛМААТО.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: