ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯИ САРФАКУНАНДАИ ОБ – ТАЛАБИ ДАВР

Аз ҷониби Вазорати хоҷагии об ва Агентии рушд ва ҳамкории Швейтсария оиди истифодаи самараноки захираҳои об ва ҷорӣ сохтани технологияи обро захиракунанда анҷумани таълимӣ-амалии ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Дар он вакилони вазорат ва идораҳои дахлдор,  олимон, мутахассисони ташкилотҳои хоҷагии оби Қароқалпоқистон ва вилоятҳо, фермерҳо, намояндагони Иттиҳодияҳои истеъмолгарони об ва ВАО иштирок намуданд. 
Онҳо дар бинои ширкати «ECO DRIP LUX», ки дар шаҳраки Ҳасанбойи ноҳияи Тошканд воқеъ шуда, қисмҳои эҳтиётӣ барои технологияи обро сарфакунанда истеҳсол менамояд, ғун омаданд. Вазири хоҷагии об Шавкат Ҳамроев ҷиҳати пеш бурдани корҳои самаранок бинобар баланд бардоштани дараҷаи ҳосилнокӣ дар асоси истифодаи сарфакоронаи захираҳои об, васеъ шудани  истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ва беҳсозии сифати он, тавассути сарпурсозии бозори дохилӣ ба дараҷаи хуб баровардани дараҷаи зиндагии аҳолӣ ҳарф зад. Таъкид ёфт қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои таъхирнопазири офаридани шароитҳои қулай барои васеъ истифода намудани технологияҳои обёрии қатравӣ дар парвариши ашёи хоми пахта» аз 27 декабри соли 2018 дар ин самт дастуруламали муҳимест.
Дар натиҷаи эътибор ва имтиёзҳое, ки аз ҷониби давлат ба дастгирии ҷоринамоии технологияи обро сарфакунанда нигаронида шудаанд, соли 2019 танҳо дар соҳаи пахтакорӣ обёрии қатравӣ дар 12121 гектар майдон ба нақша даромадааст. Ҳамчунин дар ҳудуди 20 ҳазор гектар боғ ва токзор ҷорӣ намудани технологияҳои обёрии қатравӣ мадди назар қарор гирифтааст.
Таҳти ҳамкории Вазорати хоҷагии об, Вазорати  кишоварзӣ, Шӯрои хоҷагиҳои фермерию деҳқонӣ ва соҳибони қитъаи наздиҳавлӣ, иттиҳодияи «Ӯзтӯқимачиликсаноат», ҳамчунин Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва ҳокимияти вилоятҳо дар соли 2019 рӯихати аниқи истеҳсолгарони ашёи хоми пахта ташаккул дода ва аз ҷониби Девони Вазирон тасдиқ карда шуд.
Соли равон ба 190-то истеҳсолгарони ашёи хоми пахта, ки дар 5367 гектар майдон усули обёрии қатравиро ҷорӣ карданианд, аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ 83,9 миллиард сӯм ҷудо гашт.
Дар ин рӯзҳо дар 11437 гектар майдон, ки ашёи хоми пахта парвариш меёбад, корҳои сохтмону монтаж ба охир расид.
Иштирокдорони анҷуман бо технологияҳои обёрии қатравии ҶММ «Агровер» дар ноҳияи Янгийӯли вилояти Тошканд ҷоринамуда аз наздик шинос шуданд. Айнан бо ҳамин гуна технология дар ноҳияи Сирдарёи вилояти Сирдарё низ майдонҳои кишт обёрӣ мешаванд. Дар ноҳияи Янгийӯл ва Сирдарё оиди корҳое, ки самаранок пеш бурда мешаванд, мутахассисони соҳа К. Зуҳриддинов ва Ғ. Аҳмедов баромад намуда, ба саволҳои ҳозирон ҷавоб гардонданд.
Баъд иштирокдорони анҷуман роҳи вилояти Ҷиззахро пеш гирифта, бо сохтори обёрии пӯшида дар кластери SILVERLEAFE BMB AGRO TRADE GRОUP ва технологияи обро сарфакунандаи интегратсионидашуда мароқангез шинос шуданд. Роҳбари кластер Дан Патерсон оиди афзалиятҳои усули тозаи обёрӣ баромад намуд. Ҳозирон аз нашъунамои ниҳолҳои пахта дар майдони таҷрибавӣ таассуроти хуб бардоштанд.
Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «ECO DRIP LUX» яке аз 10 корхонаи маҳаллист, ки ускуна ва қисмҳои эҳтиётии технологияи обёрии қатравӣ истеҳсол менамояд. Он соли 2011 ташкил ёфта, наздик 800 навъ маҳсулотро таҳти панҷ бренд истеҳсол менамояд.
Имрӯзҳо дар корхона бештар аз 11 ҷои корӣ ташкил карда шудааст.
Дар мамлакатамон бобати истифодаи самаранок аз захираҳои об ва ҷорӣ намудани технологияи обро сарфакунанда агрокластерҳо ва корхонаҳои муштарак нақши муҳим мебозанд.
ҶММ «Агровер» соли 2009 ташкил ёфта, майдони умумиаш 5 ҳазор гектар ва ҳаҷми истеҳсоли солонааш 15 ҳазор тонна ҳосилро ташкил менамояд. Дар ихтиёри он зиёда аз 600 нафар коргарон меҳнат мекунанд. Майдони ҶММ «Агровер уруғчилик» дар ноҳияи Янгийӯл 640 гектарро ташкил месозад ва ғалла, картошка, сабзӣ, чормағзи заминӣ барин маҳсулоти хоҷагии қишлоқ тавассути обёрии қатравӣ парвариш меёбанд. Корхонаи муштараки Ӯзбекистону Чин «Peng Sherg» низ соли 2009 ташкил ёфта, иқтидори сармоявиаш 100 миллион доллари ИМА-ро ташкил менамояд. Аз ҷониби он дар ноҳияи Сирдарёи вилояти Сирдарё соли 2018 дар 50 гектар, соли 2019 дар 140 гектар майдони пахта обёрии қатравӣ ба роҳ гузошта шуд.
Агрокластери корхонаи муштараки Ӯзбекистону ИМА «Silverleafe BMB Agro Trade Croup» соли 2018 созмон ёфта, майдони  умумиаш дар ноҳияи Пахтакори вилояти Ҷиззах 2000 гектарро ташкил менамояд.
Иштирокдорони анҷуман бо усули обёрии қатравӣ тавассути истифодаи қубурҳои сайёр, ки дар хоҷагии фермерии «Яз Бекзод»-и ноҳияи Пахтакор ба роҳ гузошта шудааст, низ шинос гардиданд.

М. ШОДИЕВ, 
мухбири 
«Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: