АНҶУМАНИ ПУРШУКӮҲ ДАР ДИЁРИ ДӮСТОН

Баъди даст болои даст гузошта девору панҷараҳоро аз байн бардоштани президентҳои ду кишвари аз азал дӯсту бародар Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон дар китоби дӯстиву рафоқати Ӯзбекистону Тоҷикистон бобҳои нав ба нав бо ҳарфҳои заррин навишта шуда, робитаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, алоқаҳои фарҳангиву адабӣ зи нав эҳё мегарданд.

Ба ин  гуфтаҳо гузаронидани  анҷуманҳои  илмиву амалӣ, ки  дар донишгоҳу донишкадаҳои  ҳар ду кишвар барпо мешаванд, низ далели равшан шуда метавонанд. Аз  ҷумла,  моҳи марти соли  равон  дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон воқеъ дар  шаҳри қадимаи Панҷакенти вилояти Суғд  анҷумани байналмилалии илмиву амалӣ дар мавӯзи «Паёми Пешво – оинаи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва мадании Тоҷикистон» ба вуқӯъ пайваст, ки  дар он устодону омӯзгорон ва муҳаққиқони  ҷавон аз як қатор муассисаҳои таълимӣ ва илмии Ӯзбекистон, Қазоқистон, Федератсияи Русия ва  ғайра иштирок намуданд. Моҳи апрели  ҳамин сол дар Донишгоҳи  давлатии Тирмиз анҷумани илмӣ дар  мавзӯи «Робитаҳои адабӣ ва муколамаи фарҳангҳо»,  моҳи май дар Донишкадаи  омӯзгории Чирчиқ  анҷумани илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ҳалли муаммоҳои таълими пайваста дар  ҷараёни барқарории  ривоҷёбӣ» баргузор шуданд, ки дар  кори онҳо олимону омӯзгорони  мактабҳои  олӣ, намояндагони вазорату муассисаҳои таълимии кишварҳои  Осиёи Марказӣ ва хориҷи он  бо маърӯзаҳои  пурмуҳтаво иштирок намуданд .
  21-22 моҳи июни соли равон  дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров конфронси байналхалқии  илмиву амалӣ таҳти унвони «Ҳамкории иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон: таърих ва замони муосир» ба вуқӯъ пайваст.
Меҳмонони ӯзбекистониро мизбонон дар марзҳои сарҳадии Ойбек, Конибодом ва  Саразм истиқбол намуда, дар меҳмонсарои  хушбоду ҳавои  ба номи Синои  шаҳраки Бӯстон ҷойгир намуданд.
Қисми ифтитоҳии конфронс дар толори  Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ баргузор шуд. Дар ибтидо меҳмонҳо бо намоиши дастовардҳои илмиву эҷодии  устодон ва  донишҷӯёни донишгоҳ, ки дар даромадгоҳи  бино созмон дода шуда буд, шинос гардиданд. Дар ин ҷо дастгоҳҳои интиқоли беноқили  барқ, ки маҳсули дасти олимони ҷавони физики донишгоҳи  мазкур мебошад, диққати бинандагонро ба худ ҷалб карданд. Ин ҷо  инчунин  китобҳои олимон ва адибони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон низ ба намоиш гузошта шуда  буданд.
Пеш аз оғози  маҷлиси  ифтитоҳии анҷуман байни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва  марказҳои илмии Ҷумҳурии Ӯзбекистон  шартнома ба имзо расид. 
Ба иштирокчиёни анҷуман  сертификат ва туҳфаҳои  хотиравӣ, маҷмӯаи матни маърӯзаҳо тақдим карда шуд. 
Анҷуманро ректори  Муассисаи  давлатии  таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров  доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷӯразода кушода,  дар бораи мақсаду мароми  анҷумани мазкур ҳарф зад. Номбурда иброз дошт, ки  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд  баъди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  дуюмин калонтарин ва бонуфузтарин мактаби олии ҷумҳурӣ ба шумор рафта, ҳоло дар 16 факултаи он беш ба 20 ҳазор нафар донишҷӯён, ки  аз рӯйи зиёда  аз 30 ихтисос таълим мегиранд, таҳсил доранд.  Дар байни донишҷӯёни ин маскани илм ҷавонону духтарон аз  ҷумҳуриҳои ҳамсоя низ  ҳастанд. Баъд аз  кушода шудани дарвозаҳои сарҳад дар донишгоҳи мазкур беш аз 200 нафар ҷавонону духтарон аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни Ӯзбекистони бародарӣ низ  таҳсил мегиранд.  Соли гузашта дар  ин муассисаи таълими олӣ  факултети  филологияи  ӯзбек  таъсис ёфт, ки  ҳоло беш аз 100 нафар донишҷӯ дорад. 
Сипас  намояндаи  Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фирӯз Беков, раиси  Ҷамъияти ӯзбекони вилояти Суғд Фарҳод Абдувализода низ ҳозиронро табрик ва ба кори анҷуман комёбиҳо орзу намуданд.
Баромади  устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд, академики Академияи фанҳои Турон Аслиддин Қамарзода дар мавзӯи «Робитаҳои адабии тоҷику ӯзбек дар давраи истиқлол» аз ҷониби аҳли  маҷлис хеле хуш пазируфта шуд. Номбурда дар ибтидо гуфт, ки  расо  панҷоҳ сол муқаддам аз ин – соли 1969 вай дар ҳамин бино, аз ҳамин минбар дар анҷумани «Солонаи Айнӣ» ҳамчун олими ҷавон  маърӯза  карда буд. 
А. Қамарзода сипас дар бораи робитаҳои  илмӣ, адабӣ ва фарҳангии олимон, адибон ва аҳли фарҳанги Ӯзбекистон сухан ронда, аз рушди адабиёти тоҷик дар Ӯзбекистони кунунӣ ва нашри китобҳо ба забони тоҷикӣ дар Ӯзбекистон сухан ронд. Вай иброз дошт, ки дар шаҳру ноҳия-ҳои  Ӯзбекистон эҷодкорони зиёде ҳастанд, ки байни онҳо номҳои Паймон, Салим Кенҷа, Асад Гулзодаи Бухороӣ, Ҷаъфари Муҳаммад, Холбой Ҷалил, Саидаи Синавӣ, Абдулло Раҳмон, Абдулло Субҳон, Асадуллоҳ Исмоилзода, Юнуси Имомназар ва чанди дигар  сазовори таваҷҷӯҳанд. Танҳо дар даҳсолаи охир дар Ӯзбекистон беш аз 500 номгӯй  китобҳои адибони тоҷики ин ҷо  аз нашр баромадааст. Бисёр асарҳои адибони гузаштаву имрӯзаи тоҷик ба забони ӯзбекӣ ва  китобҳои адибони ӯзбек ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр шуданд. Дар ин бобат  хидмати шоир ва мутарҷимон Ҷамол  Камол, Олимҷон Бӯриев, Эргаш Очил, Одил Икром ва  чанди дигар назаррасанд.  
Мувофиқи  барномаи анҷуман зиёда аз 300 маърӯза  дар мавзӯъҳои робитаҳои  сиёсӣ, иҷтимоӣ, адабию фарҳангӣ, таърихи диёр, масъалаҳои таълиму тадрис  ва ғайра  дар  чаҳор  бахш — «Муносибатҳои таърихии халқҳои тоҷику ӯзбек», «Равобити адабии тоҷику ӯзбек», «Равобити фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон» ва «Ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон»  шунида ва муҳокима карда шуданд. 
 Иштирокдорони анҷуман Маркази фарҳангӣ-фароғатии «Боғи Камоли Хуҷандӣ»-ро, ки дар  мавзеи зебои соҳили дарёи Сир барпо шуда, дар он ҷо осорхонаи таърихи фарҳанги Хуҷанд,  пайкараи  шоир,  мақбараи  рамзӣ – хокҷойи Камоли Хуҷандӣ, ки  он ҷо як каф хок аз қабри шоир дар Табрез оварда шудааст, хона-музейи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ  ва боғи дилкушо ҷойгир шудааст,  инчунин «Қасри Арбоб»-ро, ки ҳоло чун Кохи Ваҳдат шуҳрат дорад, тамошо карданд.
– Барнома ва дастури   анҷуман хеле ғанӣ ва пурмазмун буд.  Ҳама тадбирҳо  мувофиқи нақша гузаштанд, – иброз дошт иштирокдори анҷуман, устоди донишгоҳ Матлубаи Мирзоюнус.– Ба шарофати он мо дӯстони деринро дидему рафиқони нав пайдо кардем...
Барномаи консертӣ бо иштироки дастаи ҳунарии  «Навои ҷавонӣ»-и назди факултаи мусиқии донишгоҳ ҷолиби диққат буд. 
Воқеан,  анҷуман  барои олимон  ва  муҳаққиқони  ҳар ду кишвар  ҳамчун мактаби бузурги омӯзишӣ хидмат хоҳад кард.

Тиллоҷон НОСИРОВА, 
муаллимаи Донишкадаи давлатии 
омӯзгории  Чирчиқ.

ТОШКАНД — ХУҶАНД – ТОШКАНД.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: