РУШДИ САНОАТИ МОШИНСОЗИИ КИШОВАРЗӢ – ГАРАВИ ҲОСИЛНОКИИ БАЛАНД ВА ДАРОМАД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 12 июл ба заводи техникаи хоҷагии қишлоқи Тошканд ташриф оварда, бо лоиҳаҳои сармоягузорие, ки дар ин ҷо татбиқ мегарданд, шинос шуд.

То саройи техникаи хоҷагии қишлоқ мустаҳкам карда нашавад, муваффақ гардидан ба сифат ва самарабахшӣ ғайриимкон аст. Дар мамлакатамон дар тӯли даҳҳо сол дар натиҷаи эътибори зарурӣ надодан ба истеҳсоли  номгӯйи васеи техникаи кишоварзӣ ва маҳаллигардонии амиқ дараҷаи навсозии солонаи саройи техника аз 2-3 фоиз зиёд намегардид. 
Маълумки, заводи техникаи хоҷагии қишлоқи Тошканд (собиқ заводи трактори Тошканд) низ ба рақобати пурзӯри иқтисодӣ, талаботи бозор тоб оварда натавонист. Дар натиҷа бинову хатҳои корхонаи як вақтҳо гул-гулшукуфон аз ба ҳоли худ гузошта шудан фурӯ мерехт.
Бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев солҳои 2016-2017 дар бобати таъмини рақобатбардорӣ дар корхона, бо мақсади ба дараҷаи сифатан нав бардоштани истеҳсоли трактор, присеп ва мошинҳои пахтачинӣ лоиҳаи сармоягузорӣ барои такомули хатҳои истеҳсолӣ ва аз нав муҷаҳҳаз сохтани технологӣ ба амал татбиқ гардид. Дар марҳалаи якуми он эътибори асосӣ ба истеҳсоли тракторҳои замонавӣ, мошинҳои ғалладаравӣ, алафдаравӣ ва пахтағундорӣ, присеп ва дигар агрегатҳо нигаронда шуд. Аз ин хулоса намуда, хатҳои пайвандсозии филизоти сиёҳ ва ранга, азнавкоркард, штампсозӣ, сохтани кабинаҳои трактор ва дигар намудҳои қисмҳои эҳтиётӣ, хатҳои рангдиҳӣ ба кор андохта шуд.
Бо мақсади омӯзиши таҷрибаи пешқадами ҷаҳон ва истеҳсоли техникаи замонавии қобили рақобати сахт бо ширкатҳои пешқадами ба истеҳсоли техникаи хоҷагии қишлоқ ихтисосёфтаи ИМА, Куриёи Ҷанубӣ ва Ҷумҳурии Белорус ҳамкорӣ роҳандозӣ гардид.
Лекин ба василаи рушди мошинсозии хоҷагии қишлоқ барои таъмин намудани барқарории иқтисодиёт боз ҳам афзоиши суръати ислоҳоти соҳа, зиёд намудани рентабелнокии ҷабҳа талаб карда мешавад. Аз ин ҷиҳат ташрифи роҳбари давлатамон ба ин завод аз ибтидои дигаргуниҳои бузург далолат медиҳад. Дар ин ҷо заводҳои нав ба кор дароварда хоҳанд шуд, ки дар барқарор намудани саноати мошинсозии кишоварзӣ ҷаҳиш мегардад.
Аз ҷумла, барои баланд бардоштани дараҷаи локализатсия ва ба мақсади коҳиш додани воридот дар ин ҷо ташкил намудани панҷ корхона ба нақша гирифта шудааст.
Хати истеҳсолии рехтагарии арзишаш 42 миллион доллар аз ҷумлаи онҳост. Дар ин корхона, ки дар пойгоҳи яке аз биноҳои холии майдонаш 3 гектар созмон дода мешавад, соле дар ҳаҷми 47 ҳазор тонна асбоби рехтагарии дақиқи ҷавобгӯйи талаботи байналхалқӣ ба роҳ монда хоҳад шуд.
Сарвари давлатамон биноеро, ки барои ин корхона пешбинӣ шудааст, аз назар гузаронд.
– Иқтидорҳои рехтагарӣ барои корхонаҳои мошинсозӣ ниҳоят зарур мебошанд. Бидуни онҳо муваффақ гардидан ба локализатсия, васеъ гардондани номгӯйи маҳсулот ва коҳиш додани арзиши аслии он ғайриимкон аст. Баҳрабардории ин корхона рақобатпазирии техникаамонро баланд мебардорад, фермерон бошад, маҳсулоти арзонро ба даст меоранд,– таъкид намуд Шавкат Мирзиёев. 
Боз чор лоиҳаи арзиши умумиаш 24 миллион доллар ба азхуд кардани истеҳсоли валҳои трансмиссионӣ, дискҳои чархӣ, кабинаҳо ва ҷузвҳои мустаҳкамкунанда нигаронда шудааст.
Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои мазкур дар соҳа дараҷаи маҳаллигардонӣ то 60 фоиз расонда шуда, арзиши аслии маҳсулот 32 фоиз ва воридот соле ба 116 миллион доллар коҳиш хоҳад ёфт.
Баробари ин, иқтидорҳои нав қисмҳои эҳтиётиро натанҳо ба корхонаҳои ҶС «Ӯзагротехсаноатхолдинг», балки истеҳсолгарони автомобил, нақлиёти боркашонӣ ва автобусҳо, ки дар низоми «Ӯзавтосаноат» мебошанд, дар асоси кооператсия расонда медиҳад.
Президент ба мутасаддиён супориш дод, ки татбиқи лоиҳаҳо тезонда, соли оянда ба истифода супоранд.
Шавкат Мирзиёев бо ҷараёни технологии сехҳои васл кардани тракторҳо, пайванди ҷузвҳо шинос шуда, ҷараёни истеҳсолотро дар корхонаи муштараки «Uz CLASS Agro»-и Ӯзбекистону Олмон аз назар гузаронд. 
Дар корхонаи муштараки «Uz CLAAS Agro» чор иқтидори истеҳсолӣ вуҷуд дошта, онҳо дар ҳамкорӣ бо ширкати «CLAAS Сentral Asia Investment» ташкил гаштаанд. Дар ин ҷо комбайни «Dominator 130», трактори «Arion 630» ва присепҳое, ки истеҳсол мегарданд, нисбат ба чунин воситаҳои техникӣ бо ҳосилдории худ тафовут доранд. Тамоми техника соҳиби тамоми сертификатҳои ногузир буда, ба стандартҳои байналхалқӣ мутобиқ мебошад.
Ба Президент дар бораи лоиҳаҳои ҷории корхонаи муштарак, намудҳои маҳсулот ва истиқболи инкишофи корхона маълумот дода шуд. Роҳбари давлат дар бораи афзудани дараҷаи локализатсия, аз худ намудани истеҳсоли қисмҳо ва маҳсулоти нав супориш дод.
Дар корхонаи техникаи хоҷагии қишлоқи Тошканд 12 июл зери раёсати Президент Шавкат Мирзиёев ҷамъомад доир ба масъалаҳои рушди мошинсозии аграрӣ баргузор гардид.
Ба амал татбиқ намудани механизмҳои бозор дар хоҷагии қишлоқ, баланд бардоштани нархи хариди ғалла ва пахта, зиёд гардидани содироти маҳсулоти полизу сабзавот дар афзоиши даромади деҳқонон ва фермерон таъсири  мусбат дорад. Ба туфайли ин онҳо барои хариди техникаи нави замонавӣ, баланд бардоштани самаранокии меҳнат ва сифати маҳсулот азм менамоянд.
Соли 2018 ба фермерон 11,5 ҳазор воҳиди техника расонда дода шуд. Соли гузашта ба миқдори 10 миллион доллар техникаи хоҷагии қишлоқ содир гардида, дар нимаи якуми соли ҷорӣ ба миқдори 15 миллион доллар содир карда шуд.
Аммо ин аз потенсиал ва талаби мавҷуда кам аст. Имрӯз хоҷагии қишлоқ соле ба беш аз 11 ҳазор воҳиди техника, аз он ҷумла 4 ҳазор трактор, 500 комбайн ва беш аз 5 ҳазор техникаи овезаи присеп эҳтиёҷ дорад. Ғайр аз ин, талабот бо назардошти култиватсияи такрории тибқи нақшаи 263 ҳазор гектар замин то соли 2022 ва боз бештар аз он – 1 миллион гектар то соли 2025 боз ҳам меафзояд.
Имрӯз 46 фоизи таҷҳизот бештар аз муҳлати муқаррарии истифода кор фармуда шуда, ё фартут гардида, 97 фоизи техникае, ки дар ихтиёри фермерон мебошад, барои пахтакорӣ ва ғаллакорӣ муқаррар гаштааст.
Дар ҷамъомад масъалаҳои рушди минбаъдаи истеҳсоли техникаи хоҷагии қишлоқ, афзудани номгӯйи маҳсулот ва домани хидматрасонӣ муҳокима гардиданд.
Аз  1 октябри соли ҷорӣ дар ин соҳа, мисли дигар ҷанбаҳои иқтисодиёт бекор гардидани имтиёзоти андоз ба амал татбиқ мегардад, ки аз корхонаҳои соҳавӣ кори боз ҳам фаъолтарро тақозо менамояд.
Таъкид гардид, ки вазифаҳои аввалдараҷаи корхонаҳои соҳа истеҳсоли техникаи бозоргир, паст намудани нархи аслии он ва амиқсозии локализатсия ба шумор мераванд.
 Ба вуҷуд доштани имконот барои аз 32 то 56 фоиз расондани дараҷаи локализатсияи чунин ҳалқаҳои асосӣ, мисли кабина, системаи идора, чарх, қуттии танзими суръат, низоми овеза ва паст намудани нархи аслӣ то 30 фоиз ва ҳамчунин кам намудани воридоти солона ба миқдори 20 миллион доллар аз ҳисоби ҳамкории байни корхонаҳои ватанӣ  ишора гардид.
Дар бобати татбиқи механизмҳои босуботи таъмини молиявии фермерон бо техникаи хоҷагии қишлоқ, беҳсозии хидматрасонии техникӣ, гузоштани қисмҳои эҳтиётӣ супоришҳо дода шуд.
Вазифаҳои такмили низоми сертификатсияи техникаи хоҷагии қишлоқ, афзоиши содироти нафақат маҳсулоти тайёр, балки хидмат низ ба миён гузошта шуданд. Эътибори алоҳида ба тарбияи мутахассисони баландмалака дар заминаи истеҳсоли техникаи замонавӣ ва хидматрасонии он нигаронда шуд.
– Ба мо техникаи қобили рақобат зарур, нархи изофа зарур. Корхонаҳои соҳа бояд ҳазорон одамонро бо кор таъмин намоянд. Имрӯз кӣ қодир аст ба мақсадҳои гузошта ноил гардад? Мутахассис. Аз ҳисоби чӣ ба ин ноил гаштан мумкин аст? Аз ҳисоби ақл, дониш, меҳнат, – таъкид кард Президент.
Шахсони масъул дар бораи нақшаҳои татбиқи вазифаҳое, ки дар ҷамъомад гузошта шуданд, маълумот доданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: