ДАР БОРАИ ЧОРАҲО ОИД БА ИСЛОҲСОЗИИ ИДОРАИ СОҲАИ ТАЪЛИМИ ОЛӢ ВА МИЁНАИ МАХСУС

Солҳои охир бобати бозсозии низоми таълими олӣ ва миёнаи махсус, рушди илм, ҷорӣ намудани шаклҳои замонавӣ ва технологияҳои таълим корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд.

Дар давраи сипаришуда бо назардошти талаботи сектори воқеии иқтисодиёт ва соҳаҳои иҷтимоӣ дар минтақаҳо муассисаҳои нави таълимӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълими олии хориҷӣ таъсис ёфтанд, сатҳи таълими замонавӣ ҷорӣ гардид, кори  тайёркунии кадрҳо бинобар самтҳои серталаби таълими бакалавриат ва ихтисоси магистратура ба роҳ монда шуд. 
Баробари ин ислоҳоте, ки дар мамлакат бо суръати баланд дар соҳаҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва ғайра татбиқ мешаванд, тайёр кардани кадрҳои ихтисоснокро, ки масъулиятро барои ояндаи Ватан бар зиммаи худ гиранд, ба пешрафти мамлакат саҳми сазовор гузошта тавонанд, аз ҷумлаи вазифаҳои бартаринок муайян месозад.
Бо мақсади ба роҳ мондани тайёркунии мутахассисони баландихтисос аз тариқи куллан такмил додани низоми таълими маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси касбӣ, минбаъд боло бардоштани самаранокии идораи давлатӣ дар соҳа, таъмин намудани фаъолияти босифати муассисаҳои низом, ҳамчунин мувофиқи Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 ва Консепсияи ислоҳоти маъмурӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
1. Инҳо самтҳои асосии куллан такмил додани низоми таълими олӣ ва миёнаи махсуси касбӣ муайян карда шаванд:
дар соҳаи таълими олӣ ва миёнаи махсуси касбӣ тайёр кардани кадрҳои ҳозиразамон ва мустақилфикр, ки сифатҳои баланди маънавиву ахлоқӣ доранд, соҳибмаълумот  ва баландихтисос мебошанд; 
таъмин сохтани сифати тайёркунии кадрҳо дар муассисаҳои таълими олӣ бинобар самти фаъолияти касбӣ, ки дониш ва ихтисосҳои замонавӣ дошта, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва забонҳои хориҷиро медонанд;
таъмин намудани мувофиқатии таъминоти таълимиву педагогӣ ва илмиву услубии  тамоми муассисаҳои таълими олӣ ва миёнаи махсуси касбӣ, ҳамчунин сифат, мазмуни таълим ва дараҷаи тайёркунии мутахассисон бо меъёрҳои давлатии таълим ва талаботи ихтисосӣ;
такмил додани нақшаҳои таълим ва барномаҳои фаннӣ дар пояи истифодаи васеи технологияҳои замонавии педагогӣ ва усулҳои таълим, ба дараҷаи сифатан нав бардоштани ҷараёни таълим, ҷорӣ намудани усулҳои пешқадами таълим, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ;
пурзӯр намудани муҳтавои маънавиву ахлоқӣ дар таълим, ба роҳ мондани кор бобати тарбияи ҷавонон дар рӯҳи ватандӯстӣ дар пояи инсонпарварӣ ва ғояҳои олии маънавӣ, садоқат ба ғояҳои истиқлолият, эҳтиром ба суннатҳои миллӣ;
дар муассисаҳои таълими олӣ ба роҳ мондани корҳои илмиву тадқиқотӣ, баланд бардоштани самаранокии онҳо, васеъ ҷорӣ намудани натиҷаҳои тадқиқот дар амалиёт, тиҷорати навгониҳои илмӣ, таъмин намудани робитаи қарини қаробати таълими олӣ, илм ва истеҳсолот, ба корҳои илмиву тадқиқотӣ ҷалб намудан ва ҳамаҷониба дастгирӣ кардани ҷавонони соҳибистеъдод;
интихоби кадрҳои роҳбарӣ ва педагогие, ки вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо босифат ва дар сатҳи баланди касбӣ иҷро карда метавонанд, бо чунин мутахассисон таъмин сохтани муассисаҳои таълими олӣ ва миёнаи махсуси касбӣ, ба роҳ мондани корҳо бобати мунтазам рағбатноксозӣ;
ташкил кардан ва такмил додани низоми муттасили тайёркунӣ, бозомӯзонӣ ва баланд бардоштани ихтисоси кадрҳои роҳбарӣ ва педагогӣ, фароҳам овардани шароит барои баланд бардоштани сифат ва дараҷаи маҳорати касбии онҳо, аз ҷумла ба роҳ мондани такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ дар кишварҳои хориҷӣ, ба ҷараёни таълим ҷалб сохтани олимон, омӯзгорон ва мутахассисони баландихтисоси хориҷӣ;
вусъат додани имкониятҳои истифодаи донишҷӯён, омӯзгорон ва муҳаққиқони ҷавон аз захираҳои ҷаҳонии таълим, каталогҳои электронии адабиёти илмӣ ва маълумотҳо;
такмил додани низоми таълим дар пояи таҷрибаи пешқадами байналхалқӣ, вусъат додан ва мустаҳкам кардани ҳамкориҳои байналхалқӣ, татбиқ сохтани барномаҳои муштараки таълими олӣ ва миёнаи махсуси касбӣ, васеъ дар сатҳи байналхалқӣ равшан кардани дастовардҳои соҳаи таълим;
ба роҳ мондани навгониҳои нақша ва барномаҳои таълимӣ барои тайёр кардани мутахассисони харидоргири бозори меҳнат дар коллеҷҳои касбӣ бо назардошти талабот ва таклифи кордиҳандагон, ҳамчунин таҷрибаи хориҷӣ бо ба инобат гирифтани тағйироти сохторӣ дар сектори воқеии иқтисодиёт.
2. Ихтисор кардани  Маркази таълими касбии Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд — Марказ) бо ба вазорати мазкур додани воҳидҳои озодшудаи штатии Марказ.
Муқаррар карда шавад, ки Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷойгузини Марказ бинобар тамоми ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва шартномаҳо ба шумор меравад.
3. Инҳо ба тобеияти зеридоравии Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дода шаванд:
Пажӯҳишгоҳҳои рушди инноватсионӣ, баланд бардоштани ихтисос ва бозомӯзонии кадрҳои низоми таълими касбии назди Маркази таълими касбии Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
Хидмати назорати метрологии назди Маркази таълими касбии Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
идораи ҳудудии таълими касбии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканди Маркази таълими касбии Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва муассисаҳои таълими касбии низоми онҳо.
4. Муайян карда шавад, ки Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Вазорат) мақомоти ваколатдори  давлатӣ бобати татбиқ сохтани сиёсати ягона дар соҳаи таълими олӣ ва миёнаи махсуси касбӣ, ҳамчунин роҳбарияти ташкилӣ ва услубии муассисаҳои таълими олӣ ва миёнаи махсуси касбӣ якҷо бо вазоратҳо ва идораҳо бинобар тобеият ба шумор меравад.
5. Ба таклифи Вазорат ва Вазорати шуғлу муносибатҳои меҳнатӣ бобати аз 1 августи соли 2019 истифода бурдани:
а) дар ҳаҷми нимкаратаи коэффитсиентҳои тарифӣ бинобар разрядҳои тасдиқшудаи музди меҳнат бинобар Ҷадвали ягонаи тарифӣ ҳангоми муайян намудани маоши вазифавии кормандони идоравии Вазорат бо пӯшондани хароҷоти иловагӣ аз ҳисоби маблағҳои Бунёди рушди муассисаҳои таълими олии Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
б) иловапулиҳои ҳармоҳа ба музди меҳнати кормандони дастгоҳи марказии Вазорат аз ҳисоби Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
дар ҳаҷми 30 фоиз – ба кормандоне, ки дараҷаи илмии номзади илм ё худ доктори фалсафа (PhD) ё худ дараҷаҳои дигари илмии ба онҳо баробари давлатҳои хориҷиро доранд;
дар ҳаҷми 35 фоиз – ба дорандагони дараҷаи илмии доктори илм ё доктори илм (DSc) ё худ дараҷаҳои илмии ба онҳо баробари давлатҳои хориҷӣ;
в) иловапулиҳои ҳармоҳа ба маоши вазифавии кормандони дастгоҳи Марказии вазорат аз ҳисоби маблағҳои бунёди рушди муассисаҳои таълими олии Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои хидмати собиқаи умумии корӣ дар низоми таълими олӣ ва миёнаи махсуси касбӣ аз 3 то 5 сол – 10 фоиз, аз 5 то 10 сол –  20 фоиз, аз 10 то 20 сол – 30 фоиз, зиёда аз 20 сол – 40 фоиз ризоият дода шавад.
6. Ба мақсади ҷалби васеи шаҳрвандони хориҷа барои таҳсил дар муассисаҳои таълими олӣ ва касбии ҷумҳурӣ тартибе муқаррар карда шавад, ки мувофиқи он аз оғози соли таҳсили 2019/2020 ба ректорони муассисаҳои таълими олӣ (директорони филиалҳо), директорони муассисаҳои таълими касбӣ бо ризоияти вазоратҳо ва идораҳое, ки онҳо тобеъ мебошанд, ҳуқуқ дода шавад, ки:
дар муассисаҳои таълими олӣ ва касбӣ барои таълими шаҳрвандони хориҷӣ самтҳои махсуси таълими бакалавриат, ихтисосҳои магистратура, касбҳо ва ихтисосҳо кушоянд, забони таълим ва миқдори  донишҷӯён (толибилмон)-ро, ки барои ташаккул додани гурӯҳҳои академӣ заруранд, мушаххас намоянд;
муҳлат, идомат ва арзиши таълимро дар пояи қарордодиву пулӣ барои шаҳрвандони хориҷие, ки мехоҳанд дар муассисаҳои таълими касбӣ касб ва ихтисосҳоро омӯзанд, муқаррар кунанд.
7. Ба Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ супурда шавад, ки якҷо бо Вазорат дар муҳлати ду моҳ бинобар бо кор фарогирии кормандони Маркази ихтисоршуда чораҳо андешад.
8. Ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар зарфи як ҳафта мувофиқи тартиби муқарраршуда лоиҳаи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи чораҳои ҷорӣ намудани равандҳои нави идора дар таълими олӣ ва миёнаи махсусро пешниҳод кунад.
9. Ба Вазорат супурда шавад, ки дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон таклифро дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, пешниҳод намояд.
10. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. А. Абдувахитов ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. А. Абдуҳакимов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
11 июли соли 2019.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: