ҚАДАМҲОИ ДИЛПУРОНАИ «EKVATORIAL CHODAK GROUP»

Моҳи апрели соли гузашта мо ба ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Шофиркон экваториал текст» рафта дониста будем, ки ин корхона бо мақсади зиёдтар кардани салоҳияташ дар ноҳияи Вобканд низ ба кушодани корхонаи нав омодагӣ мебинад.

Ҳамин тариқ, дар рӯзномаи «Овози тоҷик» мақолаи мо таҳти унвони «Иқтидори корхона меафзояд» дар ин бора интишор ёфта буд.
Президент Ш. Мирзиёев ҳангоми сафараш ба вилояти Бухоро ба корхонаи «Ekvatorial chodak group» ташриф оварда, аз ҷараёни кор хурсанд шуд. 
 Медонистам, ки ин корхона дар бинои собиқи комбинати бекормондаи матоъҳои пахтагини Вобканд баъди таъмиру омодагиҳои зиёд ба вуҷуд омадааст. Аз ин рӯ, бе ҳеҷ гуна душворӣ ин ҷо омадам. Рӯи ҳавлӣ ва гирду атрофи он тозаю озода, мумфаршу пурҷозиба метофт ба назар. 
Бояд таъкид намуд, ки корхонаи номбурда таҳти унвони «Ekvatorial» бештар аз 23 сол инҷониб фаъолият дорад. Ин  корхона дар пойгоҳи корхонаҳои муштараки Ӯзбекистону Туркия ва Ӯзбекистону Русия арзи вуҷуд кардааст.
Баъди хариди корхона дар он таъмири асосӣ сурат гирифт. Бо сармоягузориҳо пойгоҳи моддии корхона мустаҳкам гардида, он бо техникаи замонавии ҷопонию туркӣ ҷиҳозонида шуд. Дар натиҷа иқтидори истеҳсолии корхона афзуд ва либосҳои хушсифати бозоргири он, – нимтана, камзӯл, костюм, курта, корҷома... диққати харидоронро бештар сӯи худ кашид. 
Сарвари давлат ҳангоми сафараш ба Бухоро моҳи феврали соли 2018 бобати дар амал татбиқ намудани лоиҳаи сармоявии истеҳсоли шалвори ҷинс ва пойафзорро супориш дода буд. Дар ҳамин асос корхонаи «Ekvatorial group» фабрикаи наверо бо таҷҳизоти аврупоӣ (қиматаш 5 млн. доллари ИМА) бунёд кард.
Барои ин 3 миллион доллар воми Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ӯзбекистон ва 2 миллион доллар маблағи ташаббускорони лоиҳа (тадбиркори намангонӣ Аъзам Нортоҷиев) харҷ гардидааст. Ҳоло корхона дорои се фабрика: «Shofirkon Ekvatorial Teks», «Chodak Tekstil» ва «Ekvatorial Footwear» (дар шаҳри Вобканд), 4 масоҳат ва 1300 ҷои корӣ (баъди фаъолияти пурра) аст.
Имрӯз дар корхона қариб 500 нафар занону духтарон меҳнат мекунанд. Онҳо сокинони ноҳияҳои  Шофиркон ва Вобканд мебошанд. Барояшон ошхона, автобусҳои рафтуо хидмат мерасонад.
Бояд таъкид намуд, ки корхона, расман 22 декабри соли 2018 кушода шуд ва фаъолияти он моҳи январи соли 2019 оғоз ёфт. Вазифаи асосии корхона ҷавобгӯи стандартҳои байналхалқӣ истеҳсол  намудани либосҳои тайёри мебошад. Дар корхона сехи рангмолӣ ва зинатдиҳӣ амал мекунад. Ба қарибӣ сехи истеҳсоли пойафзор низ дар ин ҷо ба истифода супорида шуд. Бештар аз 500 мошини дӯзандагӣ, дастгоҳҳои Ҷопон, Италия, Туркия ва Чин – «Brother», «Ransei», «Juki», «Melken», «Metod», «Dams», «Anreni», «Torielli», «Bombelli» мушкилро осон мекунанд.
Талаб ба маҳсулоти корхона беш аз пеш меафзояд. Имрӯз дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ маҳсулот харидори худро дорад. Байни онҳо вазоратҳои мудофиа ва корҳои дохилии ҷумҳурӣ мавқеи ба худ хосро соҳиб аст, зеро солҳои зиёд аст, ки дархости онҳо бобати дастраскунии либосҳои низомӣ саривақт ва хушсифат ба сомон мерасад.
– Мақсади асосии мо қонеъ гардондани талабот дар бозори дохилӣ аст, – огоҳ намуд директор Нодир Муродов. – Дар шароити маҳаллӣ ба мардум расонда додани маҳсулоти хушсифати арзони бо истеҳсоли хориҷӣ рақобаткунанда вазифаи мост, – илова намуд вай.
Ҳоло дар корхона ду шаҳрванди Покистон низ кор мекунанд. Ҳасан Меҳдӣ менеҷери истеҳсолот асту Аҳмад Шебир мутахассиси рангмоли шуъбаи ҷинс. 
«Шунидан кай бувад монанди дидан» гуфтаанд. Ҷараёни корҳоро бо чашми худ дидан хостем. Ҳамин вақт садои занг баланд шуду кормандон баъди хӯрок ва истироҳати нисфирӯзӣ сӯи дастгоҳҳояшон шитофтанд. 
Аҳли корхона ифтихор доранд, ки фабрикаи онҳо иқтидори  соле истеҳсол намудани 1,5 миллион дона шими ҷинс, 600 ҳазор дона либоси трикотаж ва 600 ҳазор дона пойафзорро дорад.
Вақт пеш меравад.  Ҷамоати корхонаи «Ekvatorial chodak group» низ азм дорад, ки ҳамқадами замон бошад. Барои он ки корхона бо иқтидори лоиҳавӣ фаъолият нишон диҳад, ба онҳо соле 2 ҳазор тонна нахи пахта лозим. Аз ин рӯ, меҳнатдӯстон ният доранд, ки роҳи кластерро пеш гиранд ва солҳои 2020-2021  аз тайёркунии нахи сифатноки пахта то истеҳсоли маҳсулоти тайёр – ҳама ҷараёнро худашон иҷро кунанд.

Амрулло АВЕЗОВ, хабарнигори 
«Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: