МОРО ВАҲДАТИ ҲАҚИҚӢ МЕБОЯД

Рӯ ба рӯ шудан бо ин шахс ҳаргиз дар гӯшаи хаёлам набуд.

Вай одами хеле маъруфу машҳур аст ва бешак, бо мақолаҳои пурмуҳтавояш вирди забонҳо гаштааст. Ин рӯбарӯшавӣ бо ӯ дар «Фароғатгоҳи кӯҳию кӯҳнавардии Артуч» ба вуқӯъ пайваст.
Зимни бозгашт аз доманакӯҳҳо марди мӯйсафедеро дидам, ки дар чашм айнаки сиёҳ танҳо сайру гашт мекард. Гоҳе таваққуф карда, ба ин тарафу он тараф разм меандохт. Ин мӯйсафед устод Акбари Турсонро мемонд, вале худ ба худ гуфтам, ки ин мӯйсафеди нисбатан  ҷуссааш хурд наметавонад он Акбари Турсони бузургвор бошад! 
Пеш аз ин ягон бор Акбари Турсонро надида будам, аммо ба баъзе аксҳои ӯ дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва китобҳояш чашмам афтидааст. Таваккал кардаму наздаш рафтам ва баъди салом оҳиста пурсидам:
— Бубахшед, шумо кистед?
– Ман?  Як одами оддӣ, – бо табассуми аҷиб посух дод ӯ.
– Ман шуморо ба як кас монанд кардам.
– Кӣ будааст он каси шумо мегуфтагӣ?
– Устод Акбари Турсон!
– Шумо вайро мешинохтед?
– Ростӣ, ягон бор худашонро надидаам.
 Чеҳраи мӯйсафед аввал як сурати ҷиддӣ гирифт ва баъд бо як тамкини ба худ хос:
– Ман ҳамон касам, ки шумо мегӯед, – гуфту хандид.
– Наход?..
Устодро оғӯш кардам. Боварам намеомад, ки ҷуссаи хурди ҳамон Акбари Турсони бузургворро оғӯш кардаам. Зеро мулоқот он тараф истад, ҳамту як бор дар суҳбаташ  иштирок кардан аз орзуҳои деринаи ман буд.
 Эътироф мекунам, ки ба ин суҳбату мулоқоти фарди донишманд, маъруф ва самимӣ, ки бароям комилан ғайричашмдошт буд, ҳаргиз омода набудам. Бо вуҷуди ин, хостам аз суҳбати ӯ ҳарчи бештар матлаб ба даст биёрам. Мухтасаран чикора буданамро гуфтам ва хоҳиш кардам, ки  ҷое нишаста андак суҳбат кунем. Устод розӣ шуд  ва ман дав-давон аз утоқ коғазу қалам овардам.
Шарҳи мухтасари ҳол ва осори Акбари Турсон: соли 1939 дар шаҳри Конибодом ба дунё омадааст. Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро дар риштаи физика хатм кардааст. Солҳои 1961-1963 ходими хурди илмии шӯъбаи физикаю математикаи АИ Тоҷикистон, 1963-1967 аспиранти ин шӯъба, 1969-1979 ходими калони илмии Институти фалсафаи АИ Тоҷикистон, 1979-1986 ҷонишини сармуҳаррири Энсиклопедияи Советии Тоҷик, директор ва мудири шӯъбаи таърихи тамаддуни Осиёи Марказии Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон (1986-1992), муовини директори Институти иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалии АИ Тоҷикистон (1993-1994). Муҳаққиқи даъватшудаи Маркази таҳқиқоти Шарқи Миёнаи Донишгоҳи Пенсилван, ИМА, 1994-1998). Бисту ҳафт сол узви вобаста ва соли 2015 ба мақоми илмии академики  Фарҳангистони улуми Тоҷикистон пазируфта шудааст. Ҳабдаҳ соли умри худро дар ИМА сипарӣ кардааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: фалсафа, шарқшиносӣ, фарҳангшиносӣ. Муаллифи беш аз 250 китобу мақолаҳо. Китобҳо: «Инсон, атом, кайҳон», «Марди некфарҷом», «Кайҳон ва ҷараёни дониши инсон», «Андешаи рӯзгор», «Банди фалак», «Уфуқҳои донишҳои кайҳонӣ: таърих ва муосир», «Аз асотир то илм»...
 – Аввал мехостам, ки ба Донишгоҳи давлатии Маскав дохил шавам. Аммо падарам гуфтанд, ки барои таҳсилкунонии ман дар ин шаҳри дури Маскав пул надоранд, – ба сухан оғоз кард устод.  – Баъд ба олами илм рӯй овардам. Дар навиштани китобу мақолаҳо услуби хоси худро дорам. Кӯшиш мекунам, ки ҳодисаву воқеа ва фикру ақидаамро образнок ва фаҳмову содда нависам. Ҳатто борҳо шудааст, ки таъна заданд ва гуфтанд, ки маводи илмиро ин гуна наменависанд, аммо ман ҳамеша онҳоро инкор кардаам, – афзуд Акбари Турсон.
– Шумо бештар ба кадом забон навиштанро дӯст медоред?
– Рости гапро бароятон мегӯям. Дар навишти мақолаҳову китобҳо забони русиро истифода мебарам. Барои он ки дар навишт ба забони тоҷикӣ баъзан душворӣ мекашам, зеро бояд барои ифодаи фикр тобишҳои маъноиро бештар ҷустуҷӯ кунам. Аммо дар забони русӣ ин кор бароям соддаву осонтар аст, — тавзеҳ дод устод.
– Мегӯянд, ки шумо дар таълифу таҳияи Қонуни забони тоҷикӣ низ ҳамкорӣ кардаед.
– Ман дар ин кор ҳамроҳ набудам. Танҳо мехостам барои дастандаркорони он дасти кӯмак дароз кунам. Бо исрор фаҳмонидам, ки ин кор масъулияту ҳушёриро тақозо мекунад. 
– Бо нависандаи маъруф Чингиз Айтматов чӣ гуна робитаҳои дӯстӣ доштед?
– Ин нависанда аз дӯстони наздики ман буд. Чингиз нависандаи оламиён аст. Вай алайҳи манқуртшавӣ бонги изтироб задааст. Манқуртшавӣ як падидаи кирмзадаи иҷтимоӣ мебошад. Ақли манқуртҳо кӯр ва хотираашон низ ҳамсони ҳамон мешавад. Онҳое, ки манқурт шудаанд, ба ҳамаи кору амал омода ҳастанд. На падару модари худро мешиносанд ва на бародару хоҳарро. Онҳо аз забони худ низ дур мешаванд, – гуфт устод.
 Ба таъкиди Акбари Турсон ин падида боз маъноҳои васеъ низ дорад. Сиёсати шӯравӣ ҳамин будааст, ки мардуми зиёд гузаштаашонро фаромӯш кунанд. Мувофиқи гуфтаи ӯ  Ч.Айтматов боре зимни суҳбаташон шикоят кардааст, ки бархе аз қирғизҳо ӯро дӯст намедоранд ва ӯро эҳтиром ҳам намекунанд, чунки модараш аз аҳли тотортаборон мебошад. Акбари Турсон мегӯяд, барои ҳамин рӯзе дар як анҷумани доманфарох хитоб карда гуфт: «Эй қирғизҳо, шумо медонед, ки Чингиз Айтматов кист?!»
– Баъди ин хитоб Чингиз Айтматов боз бештар дӯстам дошт ва ихлосманди ману корҳои илмии ман шуд. Ман дар атрофи ӯ баъзе авантюрист ё моҷароҷӯйро дарёфтам, ки одамони хуб набуданд. Инро ошкоро ба Чингиз фаҳмондам ва вай ин афродро аз худ дур ронд. Соли 1989 ба муносибати 50-солагии банда ӯ бароям як табрики видеоӣ фиристод. Он ҷо гуфтааст, ки дар ин синну соле, ки вайро ҳаст, ёфтани дӯсте мисли ман кори саҳлу осон намебошад, – хотироташро варақзанон гуфт устод.
Тавре ки Акбари Турсон тазаккур дод, ҳамсари Чингиз Айтматов боре аз суҳбати дурударози телефонии онҳо ба танг омадааст ва сахтакак шӯру валвала бардоштааст, ки ин чӣ беинсофист. Он гоҳ Чингиз Айтматов ба занаш рӯй оварда чунин гуфтааст: «Ту медонӣ, ки ин Акбар ҳамту одам не, вай дӯсти ман аст!»
Медидам, ки варақзании хотироти суҳбату мулоқотҳояш бо Айтматов дар чеҳраи ӯ ҳисси ифтихор пайдо мекунонад. Ҳини ба забон овардани номи ин дӯсти шодравонаш ангушти ишоратии дасти росташро боло бардошта гап мезад. Шояд ин маънои эҳтиромро дорад.
– Барқарор шудани дӯстии ду кишвари ҳамҷавор – Ӯзбекистону Тоҷикистонро чӣ гуна баррасӣ мекунед?
– Қадру қимати ин иқдомоти сарварони ду давлатро тамоми мардуми ин марзу бум ва оламиён хеле хуб медонанд. Роҳҳо боз шуданд, равуо дубора аз сар гирифта шуд. Ширкат дар анҷуманҳои муштарак, дидору мулоқотҳо бо дӯстон, огоҳӣ аз бурду бохти ҳамдигар ва амсоли он маҳз ба шарофати ҳамин иқдоми ҷаноби Шавкат Мирзиёев ва вокунишҳои мусбати Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омадаанд. Дӯстӣ сарчашмаи ҳар гуна бахту саодат аст.
– Шумо ба ин конфронс даъватӣ ҳастед ва ё барои фароғат ба ин гӯшаи биҳиштосои Панҷакент омадаед? 
– Маро маъмурияти Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба ин конфронс ба ҳайси коршинос даъват кард. Пеши ман эҳтироми он кас ҷойгоҳи хоси худро дорад. Масъалаҳои таҳти назари конфронси муассисаш Донишгоҳи Панҷакент барои ҷомеаи имрӯзаи мо хеле муҳим мебошанд, зеро ҳалли ин масъалаҳо Осиёи Марказиро қадам ба қадам ба сӯйи пеш мебаранд. Баргузор шудани ин анҷумани олимону омӯзгорон дар оғӯши табиати зебо низ яке аз омилҳои хеле муҳим ба шумор меравад, – изҳор кард Акбари Турсон.
 Вай боз тазаккур дод, ки нақши интеллектуалии олимон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти инсон муҳим аст. Онҳо дар фурӯ нишондани оташи ҷангу низоъҳо ҳамеша нақши мусбат мебозанд.
– Олимон аз шумори асосии даъваткунандагони сулҳу ваҳдату ҳамгароиянд. Ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ низ бояд аз авлавиятҳои кори мардуми кишварҳо қарор гирад. СММ  барномаеро таҳти татбиқ қарор додааст, ки мазмун ва моҳияти он наздикорӣ ва даъват ба ваҳдати байни мардумон аст. Ҳамаи мо бояд ба ваҳдат оем, – гуфт дар поёни суҳбат Акбари Турсон.
 Дар он рӯзҳо борҳо дидам, ки устод Акбари Турсонро иштирокчиёни конфронси Артуч аз Тоҷикистону Ӯзбекистон иҳота гирифтаву аз суҳбаташ баҳра мебурданд, ба вай арҷу эҳтиром мегузоштанд. Шахсияти ӯ ба ин гуна арҷу эҳтиромгузорӣ сазовор аст!

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТОШКАНД — ПАНҶАКЕНТ— ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: