ДАР МАДРИД ИТТИҲОДИЯИ ӮЗБЕКИСТОНИВУ ИСПАНИЁӢ ОИД БА РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ ДУҶОНИБА СОЗМОН ДОДА ШУД

Барои фаъол кардани ҳамкории байни субъектҳои Ӯзбекистон ва Испания шароити мусоид фароҳам оварда шуданд.

Бо ташаббуси Сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Мадрид дар Вазорати корҳои дохилии Шоҳигарии Испания Иттиҳодияи оид ба рушди муносибатҳои байни Испания ва Ӯзбекистон расман ба қайд гирифта шуд. Фернандо Морагон президенти иттиҳодия, Хосе Набио Серрано бошад котиби генералии он интихоб шуданд. 
Мақсади асосии иттиҳодия ба роҳ мондани платформа барои мулоқоти байни субъектҳои ду мамлакат бинобар фаъол сохтани ҳамкорӣ дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, сармоявӣ ва маданиву инсонпарварӣ ба шумор меравад.
Иттиҳодияи ӯзбекистониву испаниёӣ  дар назди худ бинобар тадқиқот ва тайёр кардани мавод дар бораи Ӯзбекистон, ҳамкориҳои ӯзбекистониву испаниёӣ дар соҳаҳои мухталиф мақсад гузоштааст, ҳамчунин бобати самтҳои гуногуни муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодиёт, сармоягузорӣ, содирот, илм, таълим, сайёҳӣ ва маданият машваратҳо баргузор мешаванд.
Кӯмакрасонӣ бинобар ба роҳ мондани робитаҳои  ҳамкорӣ бо бунёдҳо ва мактабҳои тиҷоратӣ, донишгоҳҳо, муассисаҳои таълимии гуногун, пешбурди алоқаҳои соҳибкорӣ бо иттиҳодияҳои хусусӣ ва мақомоти давлатӣ низ пешбинӣ мегарданд.
Ғайр аз ин иттиҳодия ният дорад бобати истифодаи муоҳидаҳои миллӣ ва байналхалқӣ муҳокима, таҳлил ва коркарди тавсияҳоро баргузор кунад, бо субъектҳои хусусӣ ва давлатӣ, корхонаҳо ё худ шахсони ҳуқуқии Ӯзбекистон ва Испания, ки аз гуфтушунидҳои байни ду мамлакат манфиатдор мебошанд, ҳамкорӣ намояд,

ОИ «Дунё», 
шаҳри МАДРИД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: