ИДОРАҲОИ ДАВЛАТӢ ДАР ХИДМАТИ АҲОЛӢ

Дар роҳи тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани дараҷаи ҳуқуқии аҳолӣ, кӯмаки ҳарҷониба расондан ба шаҳрвандон дар масъалаҳои муҳими ҳаётӣ дар вилояти Фарғона низ корҳои зиёд татбиқ мегарданд.

Яке аз омилҳои устувории ҷамъият ва ҳаёти осудаи аҳолӣ мустаҳкамии оилаҳост.
Дар ин кор баробари масъулони ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳои шаҳрвандон, ходимони Қайди асноди ҳолати шаҳрвандӣ воқеъ дар маркази маъмурӣ ва як қатор ноҳияҳои вилоят ҳисса мегузоранд.
Чунончи, ҚАҲШ (ФҲДЁ)-и рақами якуми шаҳри Фарғона таҳти мавзӯи «Оила – маскани муқаддас» тадбир доир намуд ва дар он намояндагони се авлод иштирок намуданд. Баромадҳо оиди роҳҳои мустаҳкамсозии оилаҳо, пешгирии носозӣ ва вайроншавии оилаҳои ҷавон қобили таваҷҷӯҳ буданд. Қайд шуд, ки оила қалъаи муқаддас аст, мувофиқи анъанаҳои неки аҷдод муҳофизат намудани он аз аҳамият холӣ нест. Бо сабаб ва баҳонаҳои ночиз  бекор карда шудани ақди никоҳ ва зиндаятим мондани фарзандон гуноҳ аст.
Дар тадбир ба хонадонҳое, ки ҳарҷониба намунаанд, туҳфаҳо супурда шуданд.
Супурда шудани шаҳодатномаҳои таваллуд ба онҳое, ки фарзанддор шудаанд ва гувоҳномаи ақди никоҳ ба ҷавононе, ки ба ҳаёти мустақилона қадам гузоштанианд, мутантан сурат гирифт. 
Дар ҳалли мушкилоти аҳолӣ марказҳои хидматҳои давлатӣ, айни замон, нақши муҳим мебозанд. Такроран додани гувоҳномаҳои таваллуд, барқарорсозии далолатномаҳои ҳолати шаҳрвандӣ, воридсозии дигаргунӣ ва илова ба ҳуҷҷатҳо, омодасозии ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои хонданравӣ, ба идораҳои нотариалӣ тақдимсозии ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, рухсатномаҳо барои шуғл дар хориҷ, таъмин бо шуғл ва таъиноти нафақа, намунаҳои нави гувоҳномаҳои ронандагӣ, ки масъалаҳои рӯзмарраанд, ҳоло дар ҷойҳои гуногун не, тавассути хидмати як идора  ҳаллу фасл мегарданд.
Гузаштаи наздик навъҳои хидматрасонӣ башумор буд, ҳоло онҳо ба 138-то расидаанд.
Корафтодагон ҳам аз харчи моддӣ ва ҳам сарфаи вақт бурд мекунанд.
Ободгариҳо ба Чимён файзи нав мебахшад. Соҳибкорӣ бинобар офарида шудани имконият ва шароити мусоид ба рушди соҳа мазмуни тоза мебахшад.
Онҳое, ки соҳибкор шуданианд, дар дақиқаҳои башумор ҳуҷҷатҳои лозимиро расмӣ гардонда метавонанд. Навигариҳо дар таълим ва нигаҳдории тандурустӣ ба рушди рақобати солим дар соҳаҳои номбурда ҳамоҳанг мегарданд. Клиникаи тиббии Чимён аз нуқтаҳои табобатии шаҳрҳо камӣ надорад. Дар ташхис ва муолиҷа аз воситаҳои техникии асрӣ, ки соҳибкорон устувор намудаанд, истифода бурда мешавад. Дар расмисозии ҳуҷҷатҳои кадастр, гирифтани вомҳои имтиёзнок, ба муассисаҳои таълими томактабӣ фаро гирифта шудани кӯдакон кӯмаки марказҳои хидматҳои давлатӣ ҳис мешавад.
Ба наздикӣ дар Чимён боғчаи бачагонае барои 150 ҷой қомат рост кард, ки молик ба ҳама гуна қулаиҳост. Меҳмонхонаи замонавӣ барои 80 ҷой низ ба кӯҳистони Чимён ҳусни нав мебахшад.
Ходимони маркази хидматҳои давлатии ноҳияи Фарғона аз рӯйи шиори «Шумо куҷое бошед, мо ҳамон ҷо» амал карда, дар Шоҳимардон, ки низ аз мавзеъҳои кӯҳсор аст, қабули сайёр бо иштироки масъулони Маркази давлатии тест доир намуданд. Якчанд нафар омӯзгорон, ки дар давлатҳои ҳамсоя таҳсил карда, дар масъалаи кор дар мактабҳо мушкилӣ мекашиданд, дипломҳояшонро аз нострификатсия гузаронданд. Дигар масъалаҳои мардумро азиятдиҳанда низ мавриди омӯзиш қарор гирифт.
Дар Шоҳимардон, ки дар масоҳати 45 км дуртар аз маркази маъмурии вилоят ҷой гирифтааст, 3342 нафар аҳолӣ умр ба сар мебарад, ки 1674 нафарро занону духтарон ташкил менамоянд.
Яке аз самтҳои муҳиме, ки дар 5 ташаббуси муҳими аз ҷониби Президенти мамлакатамон пешниҳодшуда ҷой гирифтааст, масъалаи таъмини шуғли бонувон мебошад. Дар Шоҳимардон фабрикаи трикотажии дорои 180 ҷой сохта мешавад, ки он дар ҳаёти занону  духтарони ба шуғл эҳтиёҷманди маҳаллӣ воқеаи муҳим мебошад. Ғайр аз ин онҳо дар меҳмонхонаҳо ва масканҳои истироҳатӣ, ки Шоҳимардонро зеб мебахшанд, ба кор таъмин шудаанд. Дар ин мавзеи хушбоду ҳаво экотуризм ривоҷ меёбад. Ҷуз ин Шоҳимардон қадамҷои шахсони таърихист. Ба зиёрати масканҳои муқаддаси он низ аз дуру наздик меоянд. Барои зиёрат ва истироҳати онҳо дар Шоҳимардони хушманзар тамоми шароит фароҳаманд. Бо кӯшиши соҳибкор А. Раҳмонов дар ин ҷо бинои хушнамуди дуошёна қомат афрохт. Дар ошёнаи якум дӯкони озуқаворӣ, дар ошёнаи дуюм ошхона хидмати намунавӣ мерасонад. Ба фаъолият оғознамоии фирмаҳои сайёҳӣ, операторҳои сайёҳӣ низ воқеаи муҳим. Соҳибкороне, ки меҳмонхонаҳои оилавӣ кушоданианд, дар қонунӣ номнавис шудан ба мушкилӣ дучор намеоянд. Саҳми онҳо дар ривоҷи экотуризми маҳаллӣ эҳсосшаванда аст. Танҳо мавсими тобистон дар Шоҳимардон, ки аз қадим мавзеи истироҳатист, 5-6 ҳазор нафар сайёҳон фароғат доранд. Хидмати нақлиёт низ беҳтар мегардад. 
Бинобар нарм шудани муносибатҳо бо кишварҳои ҳамсоя равуо ба Шоҳимардон, ки дар иҳотаи Қирғизистон аст, як андоза осон гашт. Вале баъзан навбатпоӣ дар посгоҳҳо, ки аз шаҳри Фарғона то Шоҳимардон чаҳортоанд, тӯл кашида ва одамон азият мекашанд.
Баробари Чимён ва Шоҳимардон, ки бо фароғатгоҳҳои худ ном баровардаанд, таҳти ғамхории ҳукумат, хусусан, марказҳои хидматҳои давлатӣ дар гӯшаҳои дигари вилояти Фарғона низ ободгариҳо ва пешравӣ дар соҳаҳои гуногун ба назар мерасад. Шумораи умумии ин гуна марказҳо дар вилоят 19-то буда, то рӯзҳои  мо бештар аз 600 ҳазор нафар шаҳрвандон аз хидматҳои он баҳра бардоштаанд. Идораҳои нодиранд онҳо, ки якчанд хидматрасониро дар як ҷо ба амал бароварда, дар фароҳам овардани қулаӣ дар муносибатҳо байни давлат ва шаҳрвандон нақши муҳим мебозанд. Аз рӯйи нақша ва дархости аҳолие, ки дар гӯшаҳои дурдаст умр ба сар мебаранд, қабулҳои сайёр ташкил карда мешаванд.
Ходимони маркази хидматҳои давлатӣ ба шароити зисти аҳолӣ ва розу ниёзи аҳолии ночор шинос мешаванд, корафтодагонро ба тартиби хидматрасонӣ, ки аз ҷониби Девони Вазирон тасдиқ ёфтааст, шинос менамоянд. Порсол тавассути марказҳои хидматҳои давлатӣ довталабон ба тарзи таҷриба танҳо ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд ҳуҷҷат супурда бошанд, имсол ба панҷ муассисаи таълими олӣ ҳуҷҷат супурданд.

М. ШОДИЕВ, 
мухбири «Овози тоҷик». 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: