ВОХӮРӢ БО ҲАМВАТАНОНИ АМРИКОӢ

Бо ташаббуси Кумитаи оид ба муносибатҳои байнимиллӣ ва алоқаҳои дӯстона бо мамлакатҳои хориҷӣ дар Маркази матбуоти миллӣ бо ҳамватаноне, ки дар ИМА кор ва истиқомат мекунанд, вохӯрӣ ба амал омад.

Дар он як гурӯҳ ҳамватанон бо роҳбарии президенти «Ассотсиатсияи ӯзбек-Амрико» Олим Шарипов, намояндагони вазорат ва ташкилотҳои гуногун, масъулони ҷамъиятҳои дӯстӣ иштирок карданд.
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки кумита бо ҳамватанони фаъол, ки дар ИМА кору зиндагӣ мекунанд, алоқаҳои маданиву маърифатиро ба роҳ мондааст, бо онҳо мунтазам мулоқоту вохӯриҳо ташкил мекунад.
Ба қарибӣ як гурӯҳ ҳамватанонамон ба Ӯзбекистон омаданд. Онҳо дар давоми 20 рӯз бо хешу табор, дӯсту пайвандон дидорбинӣ намуда, ҷойҳои таърихии сарзаминамонро тамошо карданд. Фарзандони онҳо дар истироҳатгоҳи «Ёшлик»-и  ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд истироҳат намуданд.
Барои гаштугузор ва истироҳати  меҳмонон Иттиҳодияи касабаи Ӯзбекистон, Вазорати корҳои хориҷӣ, Авиакомпанияи миллии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари», Ҷамъияти дӯстии «Ӯзбекистон-Амрико» аз наздик кӯмак расонданд.
– Дар шаҳри Чикагои Амрико мактаби ба номи Абдулло Қодириро ташкил намудем. Ба қарибӣ 10-солагии онро ҷашн гирифтем. Дар мактаби мо се синф мавҷуд буда, дар ҳар як синф 10 нафарӣ  хонанда забони ӯзбекиро меомӯзанд. Дар дарсҳо доир ба панду андарзҳои бузургон, мақолҳои халқӣ, шеърҳо доир ба Ватан, модар, халқи меҳнаткаш, табиати мафтункор, ҷойҳои таърихии он машғулиятҳо мегузаронем. Дар мактаб гӯшаи китоб ташкил намудем, аллакай аз ашъори Навоӣ, Фузулӣ, Бобур ва дигарон намунаҳо ҷамъ овардаем. Забону миллатро набояд фаромӯш кард. Мо дар Тошканд хеле хуб истироҳат намудем, аз дидори хешу табор, аз меҳмоннавозӣ, хӯрокҳои болаззати миллӣ, ки пазмон шуда будем, баҳраманд гардидем. Барои ин ба мутасаддиён миннатдорӣ изҳор менамоям, – гуфт дар баромади худ О. Шарипов.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: