ТУҲФАИ МУНОСИБ

Маликаи Бахтиёрро аз солҳои донишҷӯияш дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳамчун толибилми соҳибистеъдод, қаламкаши умедбахш мешинохтам, ҳикояву мақолаҳояшро тариқи матбуот мехондам ва дар бораи ҳусну қубҳи онҳо тааммул мекардам.

Мутолиаи китоби нави ӯ «Зевари дунёст набера» (Тошканд, нашриёти «Ноширлик ёғдуси», 2018) андешаҳои пешинаро барангехт ва водор намуд, ки дар бораи маҳорати сухангӯияш баъзе мулоҳизаҳоямро баён намоям.
«Зевари дунёст набера» – китоби дувуми муаллиф дар бораи хонаводаи шоири зуллисонайни маорифпарвар Ориф Гулхании Самарқандӣ мебошад. Китоби аввалини вай «Бонувони хонадони Гулханӣ» ҳам бо маводи мароқангези худ диққати хонандагонро ҷалб карда буд. Китоби мавриди назар низ бо ҳамон эҳтиром ва самимияти баланд нисбати ин хонадон таълиф шуда, дар ҳикоятҳои мӯъҷази он сифатҳои ворисони ҳалқаи ҳафтум – наберагони оилаи Муқимҷон Орифӣ ва ҳамсари ӯ Ҷамиламоҳ Бӯриева ба таври ибратбахш тавсиф шудаанд.
Қаҳрамонҳои ҳикоятҳо тамошогари оддии воқеаҳо нестанд, балки мушоҳиди зирак ва дастёри беминнати бобою модаркалон ва падару модари хеш мебошанд, онҳоро олами табиат, ҳар як хислату сифати гулҳо ба ваҷд меорад. Онҳо медонанд, ки барои амалӣ шудани мақсадҳояшон бисёр китоб хондан ва ҷаҳонбиниашонро васеъ намудан лозим. Муаллиф дар ҳикоятҳои хурд-хурди «Ширинбонуи озода», «Себи ғелон», «Доруи дарозумрӣ», «Баҳонаи мантиқӣ», «Сангчаҳои Самарқанд», «Хоҳиш» тозагиву озодагӣ, меҳрубонию хоксорӣ, ватандӯстию меҳнатдӯстӣ, тадбиркорию сарфакорӣ, боодобию хушхулқиро дар мезони ақлу фаросати хурдтаракон тарғибу ташвиқ менамояд.
Орзуро болу пари кӯдакон мегӯянд. Муаллиф ҳам кӯдаконро ҳамчун ифодакунандаи орзуҳои нек қаламдод мекунад, ки ин муҳимтарин сифати қаҳрамони адабиёти бачаҳост. Аз ин рӯ, дар аксар ҳикоятҳо орзуҳои беғашу беғубори кӯдакон бо ҳаётдониву мушоҳидакорӣ ба қалам гирифта шудаанд. Муаллиф персонажҳои ҳикоятҳояшро дар ҳаракату амал нишон медиҳад, онҳоро ба фикр кардан, муносибат доштан ба рӯйдодҳои зиндагӣ ҳидоят менамояд. Аз ин ҷост, ки онҳо нисбат ба муҳит, предмети атроф, одамон ва рафтору кирдори онҳо бетараф нестанд, зиндагиро бо фаросати кӯдаконаашон эҳсос менамоянд («Ҷазои беасос», «Кашфиёт», «Масъулият», «Мусобиқаи рақс»).
Забони ҳикоятҳо содда, ба фаҳму завқи хурдсолон мувофиқанд. Дар онҳо табиати хурдтаракон, доираи назар ва хислатҳои неки онҳо, аз қабили хушзеҳнӣ, мушоҳидакорӣ, кунҷковӣ ва зебоипарастӣ шавқангез тавсиф шудаанд. Ҷаҳони ботиниву маънавияти онҳо, ки мавқеашонро торафт дар зиндагӣ мустаҳкам месозад, шавқовар ба қалам гирифта шудааст. Дар анҷоми аксар ҳикоятҳо порчаҳои манзуми бо санъати мувашшаҳ гуфташуда оварда шудаанд, ки ҳусни ҳикоятҳоро афзудаанд.
Бачаҳоро ояндаи ҷамъият мегӯянд. Аз ин рӯ, ҳама чизи беҳтарин барои онҳост. Ин гуфтаҳо маънои воқеӣ ва амиқ доранд. Биноан, онҳое, ки барои бачаҳо асар менависанд, ба ояндаи ҷамъият хидмат мекунанд. Китоби «Зевари дунёст набера»-и қаламкаши умедбахш Маликаи Бахтиёр низ дар ин ҷода арзиш дорад ва боиси таҳсину дастгирист. Умедворем, ки минбаъд низ навиштаҳояш хурдтараконро хушнуд намуда, ба кори хайру нек ҳидоят менамоянд.

Абдусалом САМАДОВ,
номзади илмҳои филологӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: