Модари бемор

Кӯдак аз табиб пурсид:

– Модарам мемирад?
Табиб гуфт:
– Ҳоло не.
– Пас кай?
– Вақти тирамоҳ.
– Тирамоҳ кай меояд?
– Вақте ки баргҳо мерезанд.
Кӯдак ба хона рафт. Сӯзану ришта гирифту ба дӯхтани баргҳои дарахтон ба шохаҳояшон пардохт...

Тӯтӣ

Марде як тӯтиро, ки сухан мекард, дар қафас нигоҳ медошт. Ӯ ҳар рӯз аз тӯтӣ номи роҳгузаронро мепурсид ва ба ивази номи одамонро такрор кардани тӯтӣ аз онҳо пул мегирифт. 
Рӯзе Ҳазрати Сулаймон аз ҳамин кӯча мегузашт. Ҳазрати Сулаймон забони ҳайвонотро медонист. Тӯтӣ бо забони тӯтиён ба эшон гуфт:
– Маро аз ин қафас озод кун.
Ҳазрат аз мард хоҳиш намуд, ки тӯтиро аз қафас озод кунад. Бар ивази ин пул медиҳад. Мард, ки аз қафои забони тӯтӣ пул меёфт ва манбаи даромадаш буд, пешниҳоди ҳазратро қабул накард. 
Ҳазрати Сулаймон ба тӯтӣ гуфт:
– Зиндонӣ будани ту ба хотири забонат аст. 
Тӯтӣ инро фаҳмид ва дигар ҳарф назад. Мард ҳар чӣ заҳмат кашид, фоида надод. Бинобар ин хаста шуд ва тӯтиро озод кард.

Деҳқон ва маркаб

Кишоварзе як маркаби пир дошт. Рӯзе ҳодисае рух дода, хар ба даруни чоҳи беоб афтод. Кишоварз ҳар чӣ ҳаракат кард, маркабро аз чоҳ бароварда натавонист. Баъд барои бисёр азоб накашидани ҳайвони бечора, бо мардуми деҳа қарор карданд, ки чоҳро бо хок пур кунанд, то хар зудтар бимираду дар чоҳ азият набинад.
Одамон бо сатил аз болои хар хок мерехтанд. Маркаб ҳар боре, ки ба сару танаш хок мерехт, баданашро метаконд. Хок ба замин рехта, зери пояш баландтар мешуд. Ҳаракат мекард, ки дар рӯи хок истад. Деҳотиён барои зинда гӯр кардани хар хокро мерехтанд ва хар пайваста боло мебаромад. Ниҳоят маркаб ба лаби чоҳ расид ва бо ёрии деҳотиён аз ҷабри чоҳ озод шуд.
Хулоса, мушкилот шабеҳи хокест, ки бар сари мо мерезанд. Мо ҳамеша ду роҳ дорем: якум ин ки ба мушкилӣ сар хам кунем ва зинда дар гӯр шавем. Дувум, аз мушкилот наҳаросида, роҳи ҳалли онро ҷӯем ва муваффақ шавем.

Таҳияи Фаридуни ФАРҲОДЗОД.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: