МАҚСАДАМОН – БА МАРКАЗИ САЙЁҲИИ ҶАҲОН ТАБДИЛ ДОДАНИ САМАРҚАНД, ФАРОҲАМ ОВАРДАНИ ШАРОИТИ ЗАМОНАВИИ ҲАЁТ БАРОИ АҲОЛӢ

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба мақсади шинос шудан бо ислоҳот бобати рушди иҷтимоиву иқтисодии ҳудудҳо, корҳои бунёдкории татбиқшуда ва лоиҳаҳои бузург 26 июл ба вилояти Самарқанд ташриф овард.

Роҳбари давлатамон ҳангоми сафарҳо ба масъалаҳои вусъат додани миқёси корҳои бунёдкорӣ дар ноҳияву шаҳрҳо, пайваста ривоҷ додани соҳаҳои саноат, сайёҳӣ, хоҷагии қишлоқ, хидматрасонӣ, ба аҳолӣ фароҳам овардани шароити муносиби зист эътибори алоҳида медиҳад. Дар асоси ин барномаҳо тартиб дода шуда, бинобар татбиқи онҳо харитаҳои роҳ тасдиқ гардида, ба ҳаёт татбиқ карда мешаванд.
Хусусан, дар нимаи якуми соли равон  аз 987 лоиҳаи арзиши умумиаш 19,6 триллион сӯми тадбиқашон дар солҳои 2019-2020 пешбинишуда бинобар 572 лоиҳа 2,3 триллион сӯмина сармоя азхуд  карда шуда, 300 лоиҳа пурра ба охир расонда шуданд. Беш аз 4 ҳазор ҷойҳои нави  корӣ созмон дода шуданд. Дар доираи бевосита ҷалб намудани сармояҳои хориҷӣ  88,2 миллион доллари ИМА аз худ карда шуд. Инро ба нишондиҳандаи соли 2018-ум муқоиса намоем, қариб 1,5 баробар зиёд мебошад.
Бинобар барномаи сармоягузорӣ имсол дар вилояти Самарқанд 565, 7 миллиард сӯм маблағ аз худ гардида, дар 151 объект корҳои сохтмону таъмир ба реҷа гирифта шудааст. То имрӯз дар 22 мактаб,  8 муассисаи тиббӣ ва 12 объекти оби ошомиданӣ корҳои банақшагирифта анҷом дода шудааст. 
Президентамон дар аэропорти байналхалқии Самарқанд бо лоиҳа оид ба рушди дарвозаи ҳавоии мазкур шинос шуд.
Дар аэропорти мазкур, ки дар соли 1927 ба фаъолият шурӯъ намудааст, то соли 2009-ум якчанд маротиба корҳои сохтмониву таъмирӣ иҷро шуданд. Аммо, имрӯз имкониятҳои ба мусофирон хидмат расондани аэропортро дар дараҷаи талаботи замон аст гуфтан мумкин нест. Аз ин ҷо ҳафтае 37 маротиба парвозҳои хориҷӣ ва маҳаллӣ амалӣ гардонда шуда, аз аввали сол ба 220 ҳазор мусофир хидмат расонда шудааст. 
Солҳои охир ба туфайли ислоҳоте, ки дар кишварамон бинобар рушди сайёҳӣ татбиқ мегарданд, адади сайёҳоне, ки ба Самарқанд меоянд, ба дараҷаи назаррас зиёд гардид. Мувофиқи маълумотҳо, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ба вилоят 1 миллиону 433 ҳазор нафар сайёҳ ташриф овардааст. 227 ҳазор нафари онҳоро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд. Рақамҳои мазкурро бо ду нишондиҳандаи пешина муқоиса намоем, дидан мумкин аст, ки миқдори сайёҳон чор баробар афзудааст. Чорабиниҳое, ки бинобар минбаъд дар вилоят боз ҳам зиёд гардондани миқдори сайёҳон, фароҳам овардани инфрасохтори зарурӣ андешида мешаванд, васеъ гардондани имкониятҳои дарвозаи ҳавоии Самарқандро тақозо менамояд.
Мувофиқи лоиҳаҳои тақдимшуда дар аэропорти мазкур сохтани терминали наве, ки дар як соат ба 600 мусофир хидмат мерасонад, таҷдиди қитъаҳои парвозу фурудоӣ, васеъ гардондани истгоҳҳои самолётҳо, такмил додани низоми радиолокатсия ба нақша гирифта шудааст. 
Роҳбари давлат таъкид кард, ки корҳои сохтмон босифат ва дар муддати муайянгардида ба амал татбиқ гардида, ба анъанаҳои меъмории миллӣ бояд риоя карда шавад. Оид ба дар фаъолияти аэропорт ҷорӣ кардани тарзи идораи замонавӣ, ҳангоми амалӣ гардондани корҳои таҷдид бошад, зиёд гардондани рафтуои поезд ва автобусҳо   ба Самарқанд, фароҳам овардани қулайиҳои мусоид барои аҳолӣ ва сайёҳон супоришот дода шуд.
Дар асоси стандартҳои байналхалқӣ ривоҷ додани аэропорт барои иқтисодиёти мамлакат ниҳоят муҳим аст. Мардумони бисёр давлатҳо диёрамонро тавассути Самарқанд тасаввур менамоянд. Аз ин рӯ, вақте ки дар бораи Ӯзбекистон сухан ба миён меояд, аввал ин шаҳри қадимаро ба забон мегирем. Дуруст аст, ки дар айни ҳол ба вилоят рафтуои сайёҳон асосан аз тариқи поезди зудгарди «Afrosiyob» ба амал оварда мешавад. Аммо дар низоми нақлиёти байналхалқӣ чунин имконият ба вуҷуд оварда нашудааст. Воқеият чунин аст, ки дар байни шаҳрҳое, ки Роҳи бузурги абрешимро пайванд менамоянд, мисли Самарқанд шаҳре нест, ки таърихи қадима дошта бошад. Мутаассифона, пештар барои ба вуҷуд овардани  инфрасохтори  ба он муносиб эътибор надодем, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Президент қайд кард, ки ҳолати имрӯзаи аэропорт дар дараҷаи талаб нест, ба мутасаддиён барои афзоиши ғунҷоиши он, ташкил намудани инфрасохтори замонавӣ ҳадди ақал барои хидмат ба 20 самолёт ва то ба охир расондани ҳамаи ин корҳо на дертар аз 1,5 соли оянда супоришот дод.
Шавкат Мирзиёев ба мақбараи Ислом Каримов дар шаҳри Самарқанд ташриф оварда, ба қабри Нахустин Президенти мамлакатамон гул гузошт. Ояте аз Қуръон тиловат гардида, ба ҳаққи марҳум дуо карда шуд. 
Дар суҳбат бо мӯйсафедон, арбобони дин хидматҳои Ислом Каримов дар назди халқ ва давлат, фазилатҳои неки инсонии ӯ ба ёд оварда шуд.
Раҳбари давлатамон дар давоми ташриф ба вилояти Самарқанд дар саҳрои хоҷагии фермерии  «Pure milk Ogdaryo»-и ноҳияи Оқдарё шуда, бо меҳнаткашон суҳбат орост.
Дар хоҷагии фермерии мазкури майдонаш 1 ҳазору 360 гектар дар 634 гектар пахта, 50 гектар ғалла, 366 гектар хӯрока ва дигар намуди зироати хоҷагии қишлоқ парвариш меёбад.
Соли ҷорӣ аъзои хоҷагӣ аз ғалла 283 тонна ҳосил гирифта, 135 миллион сӯм фоидаи соф ба даст овард. Ба майдонҳои аз ғалла холишуда ба сифати кишти такрорӣ ҷуворимакка кошта шудааст. Барои хоҷагии фермерие, ки  беш аз 2100 сар чорвои калони шохдор парвариш менамояд, ин айни муддао мебошад.
Дар майдонҳои пахта дар асоси технологияи хориҷӣ обёрикунии чакрагӣ ҷорӣ карда шудааст. Ин дар сарфа гардондани поруҳои минералӣ ва об, баланд бардоштани самарабахшии корҳои агротехникӣ ва кам гардондани хароҷоти ба парвариш алоқаманд омили муҳим мегардад. Имрӯз дар як бех ниҳоли пахта 3-4 дона кӯрак, 7-10 дона гул, 10-12 дона шона мавҷуд мебошад. Аъзои хоҷагӣ ният доранд, ки соли ҷорӣ ҳосилнокиро аз ҳар гектар ба 45 сентнерӣ расонанд. 
Президентамон таъкид намуд, ки дар баробари ҳамаи соҳаҳо дар хоҷагии қишлоқ низ мақсади асосӣ манфиати халқ мебошад, кадом маҳсулот бештар даромад оварад, ҳамонро бояд кишт кард, барои ин бояд ба тухмӣ ва интихоби навъ эътибор дода, ба соҳа бояд аз нуқтаи назари илмӣ муносибат зоҳир намуд. Бинобар ба усули обёрии чакрагӣ гузарондани заминҳои хоҷагиҳои боқимонда ва кластерҳо, дар майдонҳои ҳосилнокиаш паст ғалларо кам карда, коштани меваву сабзавоти сердаромад, бо технологияҳои кӯчак таъмин кардани фермер ва кластерҳо супоришот дода шуд.
Суоли даромади одамонро чӣ гуна бояд зиёд гардонд, маро низ ҳар рӯз ба изтироб меорад. Дар асл ин суол бояд оромии тамоми роҳбаронро халалдор созад. Дуруст истифода бурданро донем, дар ҳар як ҳудуд, ҳар як соҳа имкониятҳо мавҷуданд. Дар хоҷагии қишлоқ технологияҳои навро  ҷорӣ карда, бояд ҳосилнокиро баланд бардошт, азнавкоркарди ашёи хомро ба роҳ монд. Маҳсулот аз нав кор карда шавад, ҳам даромад меафзояд ва ҳам ҷойҳои нави корӣ созмон дода мешаванд. Барои баланд бардоштани манфиатдорӣ бояд хароҷотро пӯшонда, барои фоида гирифтан меҳнат кард. Ҳар як инсон то ки фардояш аз имрӯзааш хубтар бошад, ҳаракат кунад. Дар замони имрӯза, кӣ бурд мекунад – касе, ки саъю кӯшиш, меҳнат мекунад, бурд хоҳад кард, гуфт раҳбари давлатамон.
Ба мақсади беш аз пеш инкишоф додани салоҳияти сайёҳии вилоят, ба сайёҳон фароҳам овардани шароитҳои замонавӣ ва имкониятҳо дар соҳили канали қайиқронии ноҳияи Самарқанд сохтмони маркази сайёҳӣ ба нақша гирифта шудааст.
Президент Шавкат Мирзиёев ба ин ҷо ташриф оварда, бо лоиҳаи мазкур шинос шуд. Барои маҷмӯъ 360 гектар замин ҷудо карда мешавад, дар 80 гектари он маркази анҷуманҳо, меҳмонхонаҳо ва бунёди иншооти дигар пешбинӣ шудаанд. Меҳмонхонаҳо дорои 5, 4 ва 3 ситора буда, сайёҳони тамоми тоифаро дарбар мегиранд. Инчунин, дар ин ҷо сайргоҳҳо, ҷойҳои шиноварӣ, кӯлҳои сунъӣ, тарабхонаҳо сохта хоҳанд шуд.
Сайёҳони ба Самарқанд омада, аҳолии маҳаллӣ барои истироҳат ба куҷо мераванд? Ҳоли ҳозир тақрибан чунин ҷой нест. Барои ин низ сайёҳони хориҷӣ асосан бо тамошои обидаҳои таърихӣ ва зиёрати қадамҷойҳо маҳдуд мегарданд. Ҳол он ки дар Самарқанд то ки барои дамгирӣ, маданӣ фароғат бурдани сайёҳон шароит фароҳам оварда шавад, имконият калон аст. Дар ҳудуд ба ин масъала эътибори алоҳида дода мешавад. Мавзеи мазкур бояд бо сайёҳати зиёратӣ мувофиқ бошад, барои бо мароқ фарғат бурдани мардуми мо ва сайёҳон ба ҷойи ҳамаҷониба қулай табдил ёбад. Сайёҳ ба Самарқанд на ба як-ду рӯз, балки якчанд рӯз омада, дар бораи рафтан фикр накунад. Ин мавзеъ барои иқтисодиёти Самарқанд боз як нуқтаи  пешравӣ хоҳад шуд, гуфт Шавкат Мирзиёев.
9-10 июли соли ҷорӣ дар Самарқанд ҷамъомади навбатии Шӯрои сайёҳии ИДМ ва ярмаркаи якуми сайёҳии мамлакатҳои Иттиҳод баргузор гардид. Дар аснои ин ҷамъомад барои ба диёрамон, аз ҷумла Самарқанд ҷалб намудани сайёҳони хориҷӣ бо ширкат ва фирмаҳои хориҷӣ беш аз 50 қарордод ба имзо расид. Инчунин имсол шаҳри Самарқанд ба Федератсияи сайёҳии шаҳрҳои ҷаҳон (WTCF) аъзо гардид. Солҳои наздик ба нақша гирифта шудааст, ки шаҳри Самарқанд ба чорроҳаи сайёҳӣ табдил дода шавад. 
Ба шарофати  ин кӯшишҳо дар солҳои наздик мавҷи сайёҳон ба вилоят фавқулодда зиёд хоҳад гардид. Хусусан соли ҷорӣ интизорӣ меравад, ки беш аз 510 ҳазор меҳмони хориҷӣ аз Самарқан боздид намояд. Интизорӣ меравад, ки ин нишондод дар ду соли оянда ба ду миллион расида, дар саросари мамлакат ба 10 миллион расад.
Барои ин дар Самарқанд барои ривоҷ додани сайёҳӣ шароити муносиб зарур. Бо ин мақсад солҳои 2019-2020 дар вилоят ба амал татбиқ намудани 164 лоиҳа дар соҳаи сайёҳӣ ба қимати умумии 220 миллион доллар ба нақша гирифта шудааст. Дар айни ҳол дар ин бобат корҳои зиёд бурда мешавад. 
Ба Президент дар бораи сохтмони хонаҳои бисёрошёна дар вилоят, инкишоф додани таъминоти оби ошомиданӣ ва обёрӣ, беҳтар кардани таъминоти марказонидашудаи гармидиҳии шаҳри Самарқанд низ маълумот дода шуд. 
Роҳбари давлат ҳангоми сафараш ба Самарқанд, ки солҳои пеш ба амал омада буд, дар бораи сол аз сол афзудани эҳтиёҷи аҳолии шаҳр ба манзил ва барои таъмин кардани ин эҳтиёҷ ба ҷойи дар маркази шаҳр даркору нодаркор бунёд кардани манзилҳои истиқоматӣ, зарурати дар канори шаҳр барпо кардани мавзеъҳои замонавии аҳолинишинро таъкид карда буд. 
Мувофиқи ана ҳамин супориш соли гузашта аз мавзеи Қаросуви ноҳияи Самарқанд барои шаҳри  Самарқанд қариб 50 гектар замин ҷудо карда, дар ин ҷо сохтмони хонаҳои бисёрошёна оғоз ёфтанд. Танҳо соли 2018-ум бо супориши  ширкати инжинирингии «Ӯзшаҳарқурилишинвест» 32 адад хонаҳои арзони 7 ошёна, ки ҷамъулҷамъ аз 1 ҳазору 344 ҳуҷра иборат мебошад, бунёд ёфтанд. Ғайр аз ин, аз ҷониби ширкати инжинирингии «Қишлоқ қурилиш инвест» барои хидматчиён ва оилаҳои ҷавони вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, вазъиятҳои фавқулодда ва Гвардияи миллӣ 12 хонаи 5 ошёна сохта, ба истифода супурда шуданд. 
Бо назардошти он ки ба ин мавзеъ ҳазорҳо нафар кӯчида меоянд, ба сохтмони муассисаҳои таълимиву тиббӣ, шабакаҳои савдо ва хидмати маишӣ, умуман ба ҳар он чи ки барои эҳтиёҷи аҳолӣ зарур аст, эътибори ҷиддӣ дода шуд. Ҳоли ҳозир мавзеи мазкур ба маънои ҳақиқии сухан ба шаҳраки замонавӣ шабоҳат дорад. 
11 январи соли равон, ҳангоми сафараш ба вилоят, Президент аз ин мавзеъ боздид ба амал оварда, бо корҳое, ки иҷро шудаанд, шинос гардид ва бобати боз ҳам васеъ кардани шаҳрак супоришҳо дода буд. Бо назардошти ин, иловагӣ 16,5 гектар майдон ҷудо карда шуд ва аз ҷониби корхонаи «Agromir bildings» дар соли 2019 сохтмони 18, дар соли 2020 59 манзили бисёрошёна муайян шудааст. Ҳоло дар ин ҷо дар асоси технологияҳои пешқадами давлатҳои хориҷӣ хонаҳои 12, 14 ва 16 ошёна бунёд карда мешаванд.
Ба ғайр аз ин, дар айни ҳол дар ноҳияҳои Ургут ва Тайлоқ низ сохтмони ин гуна хонаҳо шурӯъ шуданд. 
Президент бобати одилона тақсим карда додани хонаҳои нав, аҳамияти алоҳида додан ба сифати корҳои сохтмон, тезондани корҳои таъминоти оби ошомиданӣ ва ҷорӣ, бо энергияи гармидиҳии марказонидашуда таъмин сохтани шаҳри Самарқанд супоришҳо дод.
Президент дар ноҳияи Самарқанд дар ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Agromir» бо ҷараёни кори азнавкоркарди меваву сабзавот шинос гардид. 
Маълум аст, ки дар диёрамон меваву сабзавоти мухталиф, ангур, маҳсулоти полиз парвариш мегардад, ки  бо таъму сифат ва барои инсон муфид будани худ тафовут дорад. Аз ин рӯ, дар хориҷи кишвар талаб ба маҳсулоти хоҷагии қишлоқи парваришнамудаи Ӯзбекистон зиёд аст.
Корхонаи хориҷии  «Agromir» чунин меваҷотро аз нав кор карда, шарбат ва шираи табиии он, консентрати шарбат, хамираи сабзавот ва пюре, консервҳои меваву сабзавотро аз бозори дохилӣ ба мамлакатҳои хориҷӣ мефурӯшад.
Ин корхона, ки 450 нафарро бо кори доимӣ таъмин намудааст, соле 60 ҳазор тонна шарбат ва шаҳд, қариб 6 ҳазор тонна консентрат истеҳсол намудан қодир аст имрӯз он 42 намуд маҳсулот истеҳсол мекунад. 
Соли 2018 дар корхона ба қимати умумии 160 миллиард сӯм 53 ҳазор тонна, дар нимаи якуми соли ҷорӣ ба миқдори 72 миллиард сӯм 24 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол гардид. Соли гузашта ба ҳаҷми 2,1 миллион тонна, соли ҷорӣ ба ҳаҷми 5,5 миллион доллар маҳсулот содир гаштааст.
Дар айни ҳол дар хоҷагиҳои марбути корхона барои парвариши навъҳои истиқболноки меваву сабзавот эътибори алоҳида нигаронда шудааст. Бо фермер ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар асоси супориш кор мекунад. 
Роҳбари давлат дар сехҳои корхона бо ҷараёни азнавкоркарди мева, бо намунаҳои маҳсулоти тайёр шинос гардид. Дар ин ҷо дар сехҳои истеҳсолӣ ва зарфбандӣ технологияи замонавии Швейтсария, Италия ва Олмон, ки ба омода кардани шарбат, пюре ва хамира муқаррар гаштааст, насб карда шудааст. Ин барои он ки маҳсулоти корхона дар бозори Ӯзбекистон мавқеи аввалро дошта бошад, хеле мусоидат менамояд. 
Имрӯз маҳсулоти «Ag-romir» бо тамғаҳои маъруф ба Куриёи Ҷанубӣ, Чин, Ҳиндустон, Русия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Афғонистон содир мегардад. Ба истеъмолгарони хориҷӣ ба ғайр аз маҳсулоти тайёри дар шакли шарбат консентратҳо расонда мешавад. 
Зимни шиносоӣ таъкид гардид, ки зиёд намудани маҳсулоти барои содирот муносиб, дар бозори ҷаҳон харидоргир ва васеъ намудани паҳн кардани ҷуғрофияи онҳо зарур мебошанд. 
Президент Шавкат Мирзиёев дар ноҳияи Самарқанд бо иштироки фаъолони вилоят, роҳбарони секторҳо, собиқадорон, фермер ва соҳибкорон маҷлис баргузор намуд. 
Бо шумо дар аввали сол вохӯрда, вазифаҳои бузургро аз рӯйи лоиҳаҳои  дар вилоят ҷоригарданда, корҳои созандагӣ, умуман боло бурдани дараҷаи зиндагӣ ва ҳаёти ҳалқамон муқаррар намуда будем. Дар зарфи шаш моҳи гузашта то чӣ андоза иҷро гардидани ин вазифаҳо ба ҳамаамон маълум аст. Натиҷаҳои мусбат ва ҳам масъалаҳое, ки ҳалли худро мунтазиранд, низ зиёданд. Имрӯз ба Самарқанд омада, бо шумо бори дигар фикр карда, сари вақт ба ҳаёт татбиқ намудани нақшаҳои муайянгардида тақозои даврони бошиддат аст. Замона чунон тез ривоҷ меёбад, ки давлатҳои хориҷии дуру нуздик, иқтисодиёти мамлакатҳои ҳамкорро таҳлил намуда, роҳи худро интихоб нанамоем, дар шароити ҷаҳонишавӣ дар дунё ҷойгоҳи худро пайдо накунем, мақсадҳои пешгузоштаи худро амалӣ намудан мушкил мегардад. Аз ин нуқтаи назар, мақсади асосии сафари имрӯза ба Самарқанд ривоҷ додани сайёҳӣ дар вилоят, рушд бахшидани соҳибкорӣ ва азнавкоркард, муқаррар намудани нақшаҳои нав ва вазифаҳои дигар нигаронда шудааст, гуфт роҳбари давлат. 
Шавкат Мирзиёев таъкид намуд, ки дар ҳоле ки дар вилоят дар соҳаҳои саноат ва хоҷагии қишлоқ, инчунин дигар ҷанбаҳо ба натиҷаҳои майян ноил гаштаем, дар мустаҳкам намудани иқтисодиёти Самарқанд, таъмин намудани шуғли аҳолӣ ва боло бурдани дараҷаи ҳаёт соҳаи сайёҳӣ самти асосӣ бояд гардад. Мутаассифона ҳанӯз аз имкониятҳои ин ҷанба пурра истифода бурда наметавонем. Ҳамзамон ишора гардид, ки муваффақиятҳо дар соҳаҳои боғдорӣ, парвариши меваву сабзавот дар муқоиса бо натиҷаҳои дигар ҳудудҳо паст мебошад. Дар вилоят ноҳияҳое ҳастанд, ки маҳз ба ин самт ихтисос ёфтаанд. Минбаъд дар маҳалҳо фақат маҳсулот парвариш намуда, нисбат ба он ки дар ҳоли ашёи хом фурӯхта шавад, беҳтар аст, ки корхонаҳои зиёди азнавкоркард ба вуҷуд оварда, маҳсулоти омодаро содир намудан афзал аст, ки дар онҳо мини-технологияҳои замонавӣ истифода гардад. Бо ин мақсад барои рушди парвариши меваву сабзавот 400 миллион доллар, такомули инфрасохтори сайёҳӣ 100 миллион доллар ҷудо намудан маълум карда шуд.  
Роҳбари давлат ба рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия ва шаҳрҳо, бошуғлфарогирии аҳолӣ, корҳои ба соҳибкорӣ васеъ ҷалб намудан, васеъ намудани салоҳияти минтақаи озоди иқтисодии «Ургут» супоришҳо дод. 
Дар байни ноҳия ва шаҳрҳо муҳити ба худ хоси рақобатро ба вуҷуд овардан эътибор нигаронд. Бо ин мақсад таъкид кард, ки ба тариқи таҷриба байни ноҳия ва шаҳри Каттақӯрғон ва ноҳияи Ургут мусобиқа ташкил карда шавад. Дар асоси ин таҷрибаи Самарқанд минбаъд дар тамоми мамлакат оммавӣ гардондани он таъкид ёфт. 
Ҳисоботи роҳбарони секторҳо дар бобати ба амал татбиқ намудани лоиҳаҳо ва ҷорӣ намудани ислоҳот дар ноҳияҳо шунида шуд. 
Роҳбари давлат инчунин дар бобати такомули инфрасохтори шаҳри Самарқанд, вазифаҳои ривоҷ додани саноат, афзудани ҷозибаи сармоявӣ таваққуф намуд. Аз ҷумла, ба «чорроҳаи сайёҳӣ» табдил додани Самарқандро таъкид намуда, ба муовинони Сарвазир ва ҳокими вилоят аз рӯйи ин масъала супоришот дод. 
Таъкид гардид, ки дар бобати ривоҷ додани соҳибкорӣ бинобар низоми маҷлиси видеоселектории 23 июл кор бурда, дигаргун намудани муҳит, барои соҳибкорӣ ба вуҷуд овардани тамоми шароит  қайд карда шуд. 
Тамоми кӯшишу мақсадамон мардумамонро аз ҳаёти имрӯз розӣ кардан, барои ҳаёти фардо дилпур намудан нигаронда шудааст. Инро ҳар як роҳбар қалбан эҳсос намуда, масъулияти бузурге, ки ба зиммааш гузошта шудааст бояд эҳсос намояд ва тибқи он меҳнат кунад. Набояд фаромӯш кард, ки бо услуби дирӯза, нигоҳҳои шахшуда ба мақсадҳои пешгузоштаамон ноил гардида наметавонем.  Имрӯз аз ҳамаи мо ба тарзи нав фикр кардан, бо суръати ба шиддати замон муносиб меҳнат карданро тақозо менамояд, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Президент ба ҳокимон ва роҳбарони секторҳо дар бобати ривоҷ додани иқтисодиёти ҳар як ноҳия супоришот дод. 
Бо ҳамин ташрифи роҳбари давлат ба вилояти Самарқанд ба итмом расид. 

ӮзА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: