НУҚТАИ ИТТИСОЛИ БАЙНИДАВЛАТИИ СИРДАРЁ КУШОДА ШУД

Ҳоло Ӯзбекистон бо кишварҳои ҳамсоя аз тариқи истифодаи нақлиёти роҳи оҳан умуман бинобар 20 гузаргоҳ, аз ҷумла бо Афғонистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон алоқа дорад.

Агар инро дар мисоли Ҷумҳурии Қазоқистон баррасӣ кунем, мебинем, ки то имрӯз расмикунонии борҳо ва ҳаракати поездҳо аз тариқи нуқтаҳои вохӯрии байнидавлатии Келес ва Қароқалпоқистон амалӣ мешаванд.
Минбаъд борҳое, ки аз Сирдарё ва вилоятҳои дигари  ҷумҳурӣ ба минтақаҳои ҷанубии Ҷумҳурии Қазоқистон равона мешаванд, аз тариқи нуқтаи нави вохӯрии байнидавлатии Сирдарё фиристода хоҳанд шуд. Боркашонии  транзитии борҳои Ҷумҳурии Қазоқистон қабул карда ба кишварҳои ИДМ аз тариқи роҳҳои роҳи  оҳани Ӯзбекистон таъмин карда мешавад.
– Боз гардидани ин нуқтаи иттисоли байналхалқӣ барои содироти маҳсулоти соҳибкорон ба минтақаҳои ҷанубии  мамлакатҳои ҳамсоя шароити мусоид фароҳам меоварад, – мегӯяд сардори  шуъбаи корхонаи маҳдуди «Тошкент минтақавий темир йӯл узели» Элбек Шамсиев. – Яъне муҳлати расонда додани  бор то нуқтаи таъинот коҳиш меёбад, имконияти рушди минбаъдаи фаъолият ба миён меояд. Нуқтаи нави вохӯрии байнидавлатӣ ба вусъат додани мубодилаи мол бо минтақаҳои ҷанубии  Ҷумҳурии Қазоқистон хидмат хоҳад кард. Боз як ҷиҳати шоистаи зикр он мебошад, ки агар ҳоли ҳозир бо нуқтаи вохӯрии байнидавлатии Келес аз кишвари мо ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва аз тариқи он ба кишварҳои ИДМ ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз 20, 22 поезди боркашон равона шаванд, мамлакати мо низ дар як шабонарӯз ҳамин қадар қатораҳои боркашонро қабул мекунад. То имрӯз тамоми борҳое, ки аз вилоятҳои Сирдарё, Ҷиззах, Самарқанд фиристода мешуданд, ба нуқтаи вохӯрии байнидавлатии Келес меомаданд ва ба ҷамъияти саҳҳомии «Казакстан темир жоли» супурда мешуданд. Баъди ба истифода супурда шудани нуқтаи иттисоли байнидавлатии Сирдарё масофа 110 километр кӯтоҳ шуда, расондадиҳии саривақтии борҳо таъмин мегардад. Ин нуқта дар ҳамкорӣ бо қӯшунҳои сарҳадии  хидмати гумрукӣ шабонарӯз кор мекунад. 
– Робитаҳои дӯстона ва муносибатҳои қарини байни Ӯзбекистон ва Қазоқистон решаҳои асрина доранд, – мегӯяд сармуҳандиси филиали чимкентии корхонаи давлатӣ оид ба боркашониҳои ҷамъияти саҳҳомии «Казакстан темир жоли» Сакен Амиров. – Ба хусус се соли охир ин алоқаҳо хеле мустаҳкам шуданд, ҳамкориҳои тарафайни байни  ду мамлакат дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан инкишоф ёфтанд, барои мизоҷон бобати бор ва мусофиркашонӣ қулаиҳои зиёд фароҳам оварда шуданд. Ба истифода супурда шудани нуқтаи нави иттисоли байнидавлатии Сирдарё намунаи равшани ин гуфтаҳо мебошад. Аз тариқи он мо мева, маҳсулоти полизӣ, маводи сохтмонро аз шумо харид мекунем ва дар навбати худ ба кишвари шумо маҳсулоти нафтро мефиристонем. 
Боз гардидани нуқтаи вохӯрии байнидавлатии Сирдарё барои рафтуои дар як рӯз барилова се ҷуфт қатораҳои боркашон асос гузошт. Шубҳае нест, ки ин нафақат ба Ӯзбекистон, балки ба кишвари  ҳамсояи Қазоқистон низ манфиати бузурги иқтисодӣ меоварад. 

Хуршед ҚОДИРОВ, хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: