НАШРИЯИ ЛЮКСЕМБУРГ ДАР БОРАИ ДИГАРГУНИҲОИ ӮЗБЕКИСТОН ҲИКОЯ КАРД

«Ҳоло Ӯзбекистон беш аз пеш барои кишварҳои дигар, барои навгониҳо ва шарикони нав кушода аст», – мегӯяд муаллифи мақола.

Мақола таҳти сарлавҳаи «Ӯзбекистон барои тиҷорат боз аст» дар нашрияи Agefi Luxembourg  чоп шуд.
Матолиб ба рушди кунунии мамлакати мо ва соҳаи энергетикии он бахшида шудааст. Муаллифи он – Надежда Кокотович, директори Клуби энергетикии Брюссел мебошад, ки созмондеҳи дар Брюссел баргузор кардани Рӯзи энергетикаи Ӯзбекистон аст. 
Дар мақола таъкид карда мешавад, ки алҳол Ӯзбекистон бо роҳи ислоҳоти амиқи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ меравад. Бинобар мавқеи ҷуғрофии худ дар минтақа кишвар барои сармоягузорон маркази беҳтарини иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.
Бо назардошти гуфтаҳои раиси бонки хусусии «Капитал бонк» Қаҳрамон Олимов муаллиф қайд менамояд, ки 2,5 миллион нафар мизоҷони бонк мехоҳанд ба соҳаи энергетикии  Ӯзбекистон сармоягузорӣ кунанд ва шарикони соҳибтаҷрибаи хориҷиро ҷалб намоянд. «Ба шарофати он, ки ҳукумат сектори хусусиро, ки пештар дар монополияи давлат буд, ба соҳа роҳ дод,  миқдори андозро коҳиш дода, бинобар озодкунии секторҳои дорои имкониятҳои баланди рушд, аз ҷумла боғпарварӣ, истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, сайёҳӣ, бофандагӣ, саноати кимиё ва энергетика ислоҳот баргузор кард, ин алҳол имконпазир гардид», – гуфта мешавад дар мақола.
Хабар дода мешавад, ки ҳоли ҳозир дар Ӯзбекистон 21 минтақаи озоди иқтисодӣ мавҷуд буда, андозҳо ба дараҷаи кофӣ каму  муътадиланд ва барои он ки ширкати масъулияташ маҳдуд кушода шавад, ҳамагӣ панҷ рӯз тақозо мегардад. Оҷонсии баҳогузории «S&P» ба Ӯзбекистон баҳои дарозмуҳлат ва кӯтоҳмуддати мустақили вомии «BB-/B»-ро дод.
Бинобар гуфтаи муовини раиси раёсати ҷамъияти кушоди саҳҳомии  «Истгоҳҳои электрии гармӣ» Файзулло Шоисматов гузориши ислоҳоти амиқи  сектори энергетикии Ӯзбекистон пешниҳод гардид. «Шарикон, аз ҷумла Бонки осиёии рушд (БОР), Бонки умумиҷаҳонӣ (БУ) ва Бонки таҷдид ва рушди Аврупо (БТРА) ба Ӯзбекистон барои беҳтар кардани иқлими сармоявӣ ва ҷалби сармояҳои бевоситаи хориҷӣ (СБХ) ба сектори энергетикӣ аз тариқи коркарди пойгоҳҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва нақшаҳои ҳамоҳанги сармоявӣ, беҳтар намудани идораи корпоративӣ ва омода сохтани кишвар ба татбиқсозии  лоиҳаҳои соҳаи манбаъҳои нави энергия кӯмак мерасонанд», – қайд менамояд Н. Кокотович.
Хабар дода мешавад, ки роҳбарияти мамлакат ҳамчунин сармоягузоронро барои маблағгузорӣ ба рушди манбаъҳои нави энергия ва саноати ангишт рағбатнок месозад. 
«Алҳол Ӯзбекистон барои кишварҳои дигар, баҳри навгониҳо ва шарикони нав кушодааст. Мушовирони хориҷӣ ҳоли ҳозир дар ширкатҳо ва вазоратҳои давлатӣ кор мекунанд, Бонки умумиҷаҳонӣ ва БТРА бошанд, расондадиҳандагони асосии донишҳои коршиносӣ барои ҳукумат ба шумор мераванд. Ҳоло барои тамоми мамлакатҳои Аврупо режими бидуни  раводид амал мекунад», – таъкид менамояд муаллиф. 

ОИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: