ДАР ҶОДАИ ИЛМ ВА СУХАНИ МУҚАФФО

Дар ҳавзаи форсисароёни Ӯзбекистон чеҳраҳои намоён зиёд буда, бо намунаҳои эҷодиёти онҳо шинос ҳастем.

Мо дар ин мақолаи худ оиди  шахсияте ҳарф мезанем, ки ӯ аслан фарзанди Ӯзбекистон буда, боиси дар кишвари Тоҷикистон таҳсил карда, фаъолият бурданаш он ҷо ном баровардааст. Аммо имрӯз ӯ дар ватани аҷдодӣ фаъолият дорад. 
Илҳом Эшонқулов вақте ба кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тирмиз ба кор омад, бо ширингуфториву илмдӯстӣ ва шеърдӯстиаш қалби аъзои кафедра ва шогирдонро тасхир намуд. Мо зуд  бо ӯ унс гирифтем. Ин ҷавони серғайрату  илмдӯст то ҳол моро ба ҳайрат мегузорад, ки чӣ гуна бо ин синну сол дар шаҳри Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил карда, кори илмиашро дифоъ кардааст. Ӯ аз шогирдони чеҳраҳои номвари илму адаби  тоҷик Фарзонаи Хуҷандӣ, Озарахш, Матлуба Хоҷаева мебошад.
Фаъолияти илмиву адабии Илҳом Эшонқулов рангину гуногунпаҳлӯст. Як рукни муҳими он кори илмию тадқиқотист. Муҳаққиқи ҷавон дар ҷараёни фаъолияти эҷодии хеш бо роҳҳои нави пажӯҳиш рафта, баробари корбурди сарчашмаву маъхазҳои адабӣ, ба бозгардонии нусхаҳои нодири осори суханварони форсу тоҷик рӯ овардааст.
Илҳом Эшонқулов 15 январи соли 1985 дар ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёнаи зодгоҳ дар факултаи филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Б. Fафуров таҳсил менамояд, сипас ба  аcпирантураи донишгоҳи мазкур дохил шуда, онро соли 2011 хатм менамояд.
Мавсуф фаъолияташро ба сифати ходими илмии Институти улуми инсонии ДДХ ба номи академик Б. Fафуров оғоз намуд. Аз соли 2012 то имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳайси муаллим, муаллими калон, ҷонишини декани бахши илм,  докторант ва дотсенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики факултаи забонҳои шарқи донишгоҳи мазкур кору фаъолият дошт. Аз соли 2018 ба ҳайси муаллими калони  кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои шарқи факултети филологияи ӯзбеки Донишгоҳи давлатии Тирмиз фаъолият дорад.
Дар мавзӯи «Тазкираҳои Мирсиддиқхони Ҳашмат – сарчашмаи муҳими омӯзиши адабиёти нимаи дувуми асри XIX ва ибтидои асри XX» зери роҳбарии доктори илмҳои филология, профессор Матлуба Хоҷаева рисолаи илмӣ дифоъ кардааст.
Дар маҷмӯъ муаллиф ҳудуди 50 мақолаи илмӣ, илмию  методӣ, публитсистӣ ва 8 китобу дастурҳои таълимиву методӣ, аз ҷумла монографияи «Тазкираҳои Ҳашмати Бухороӣ ва аҳамияти илмиву адабии онҳо», ҳамзамон мураттиб ва таҳиягари чандин китоб ва маҷмӯа аз қабили «Ҳоҷӣ Абдулазими Шаръӣ. Тазкират-уш-шуаро» (Таҳияи матн аз хати форсӣ ба кириллӣ), «Сабзаи фарвардин» (2010), «Таърихи адабиёти тоҷик (Давраи истилои муғул ва аҳди Темуриён)» (2013), «Таърихи адабиёти тоҷик (Адабиёти тасаввуфӣ)» ва  ғайра мебошад.
Иштирокчии як силсила ҳамоишу конфронсҳои байналмилалӣ, ҷумҳурӣ ва минтақавӣ, чандин курс-конфронсҳои адибони кишвар ва як силсила семинарҳои ҷумҳуриву вилоятӣ аст.
 Рӯзе аз ӯ китоби шеъраш «Сабзаи фарвардин»- ро гирифта ба мутолиа пардохтам. Ҳангоми мутолиаи ашъораш  пай бурдам, ки ӯ дарҳақиқат ашъори бузургони форсу тоҷик Рӯдакӣ, Робияи Балхӣ, Умари Хайём, Ҳофизи Шерозӣ, Бедил, Иқболи Лоҳурӣ, Лоиқу Бозор, Фарзонаи Хуҷандиву Озарахш ва Сурушро фаровон мутолиа ва ҳифз кардааст. 
Илҳом Эшонқулов мисли дарёи кӯҳӣ сар ба сангҳо зада ба сӯйи оянда меравад. Дар шеърҳои ӯ ба ишқи илоҳию инсонӣ, нолаву оҳ ва  хурсандӣ, яъсу навмедӣ ва сатрҳои  пандомез дучор меоед. Ҳоло сатрҳои зеринро худ хондаву қазоват кунед:
Соқии майзада аз оби гунаҳ сер нашуд,
Наъраи ғамзадагон то ҷигари ток расид. 
***
Дар навори зиндагӣ сабт аст, ҳар чӣ мекунем,
Номаи аъмоли мо мӯҳтоҷи санҷидан бувад.
***
Нест тамкин аз ҳаводис хотири ошуфтаро,
Аз ғаму ҳасрат дили бечора обистан бувад.
***
Нест ҳарфи тозае дар маҳфили “Озодагон”,
Рутбахоҳонро ҳамеша баҳси “мову ман” бувад.
***
Шаҳсаворӣ кардани гургон ба аспи рӯзгор,
Аз ҳаловат то ба ғафлат роҳ паймудан бувад.
***
Оне, ки дилаш саҷдагоҳи ҷумлаи дилҳост,
Сад сол агар пир шавад, боз ҷавон аст. 

Ҷамшед ҶУМЪАҚУЛОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Тирмиз

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: