ХАБАРҲО

Омодагӣ ба ҷашнвора

Тавре хабар дода будем, 10-15 сентябри соли равон дар шаҳри Қӯқанд Ҷашнвораи байналхалқии ҳунармандӣ баргузор мегардад. Имрӯзҳо барои ба савияи  дилхоҳ гузаронидани он омодагии ҳарҷониба дида мешавад. Рафти тайёрӣ ба чорабинӣ бошад, дар анҷумани матбуотие, ки дар Қӯқанд доир гашт, мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар нишаст ҳунармандони мардумӣ низ  иштирок карданд. 
Таъкид ёфт, дар ҷашнвора, ки 6 рӯз давом мекунад, аз 72 давлати дунё намояндагон иштирок менамоянд. Миқдори умумии меҳмонон, ки асосан ҳунарманд ё алоқаманди соҳа мебошанд, 205-нафарро ташкил хоҳад намуд. Як ҳазору сад нафар ҳунармандон аз Ӯзбекистон низ иштирокдори ҷашнвора қарор мегиранд. Маркази асосии чорабинӣ Ӯрдаи Худоёрхон ва боғи истироҳатии ба он ҳамшафат аст. 
Баргузории намоиши тиҷоратии ҳунармандони маҳаллию хориҷӣ, озмун-азназаргузаронӣ, дарсҳои маҳорат, конфронси илмию амалӣ ва дигар тадбирҳои маънавӣ мавриди назар аст.
Мақсад аз чорабинӣ якҷо бо меҳмонони хориҷӣ ҷиҳатҳои ба худ хоси ҳунармандии мардумиро тарғиб ва ташвиқ кардан мебошад, гуфта шуд дар анҷумани матбуотӣ.

Абай дар Ӯзбекистон

Абай Қунонбоевро чун шоир ва маърифатпарвари бузург, сарояндаи дӯстӣ ва накӯӣ дар Ӯзбекистон низ хуб мешиносанд ва осори  ӯ аз қазоқӣ ба ӯзбекӣ мунтазам тарҷума карда мешавад.
 Ба таваллуди оқини бузург 174 сол пур гашт. Ба ин муносибат як гурӯҳ шоиру нависандагон, адабиётшиносон, намояндагони марказҳои миллӣ-фарҳангӣ, вакилони сафоратхонаҳои хориҷӣ дар Ӯзбекистон, тарғиботгарони маънавият, ҷавонон-донишҷӯён дар назди муҷассамаи ӯ гирд омаданд. Ҳанӯз дар давраи хеш арзишҳои умумиинсониро дар пардаҳои баланд тараннумсозии А. Қунонбоев таъкид гашт.
Гуфта шуд Абайи бузург бо ҳаёт ва фаъолияти адабию иҷтимоӣ, мероси бойи маънавие, ки боқӣ гузошт, барои  сокинони ин сарзамин, ки ватани аҷдодии  халқ ва миллатҳои гуногун мебошад, ҳамешагӣ ибрат хоҳад монд. 
Донишҷӯён аз эҷодиёти Абай намунаҳо хонданд. Базми шеъру суруд ба  оҳангҳои ҳамдилӣ даромехт.

Ёдбуди «Пахтакор-79»

11 август ба садамаи авиатсионие, ки ба ҳаёти 17 нафар намояндагони дастаи футболи «Пахтакор» (Тошканд) зомин гашт, 40 сол пур гашт. Ба ин муносибат дар пойтахт чорабиниҳо рӯи кор омаданд. 
Маҷмӯи ёдгорӣ воқеъ дар қаламрави стадиони «Пахтакор» пур аз одам. Масъулон аз Федератсияи футбол, ветеранҳои футбол, қарибон ва аъзои оилаи ҳалокшудагон, мухлисони сершуморе, ки хотираи дурахшони «Пахтакор-79»-ро дар дил зинда медоранд, дар бораи роҳи шарафноке, ки  команда тай набуд, бозиҳои зебо ва фаромӯшнопазири он нақл карданд. Баъд онҳо роҳи қабристони «Боткин»-ро пеш гирифтанд, ки дар он ҷо хоки ҳалокшудагон ва лавҳаи ёдгорӣ ба хотираи онҳо гузошта шудааст. Ҳабдаҳ ситораи ҷовидон самовии футболамонро асло фаромӯш намекунем, гуфтанд иштирокдорони чорабинӣ.
Он рӯз филми ҳуҷҷатии «Пахтакор-79» намоиш дода шуд.

М. ШОДИЕВ, мухбири «Овози тоҷик». 
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: