НАҚШИ ЗАНУ ШАВҲАР ДАР ОИЛА

Асоси ҷамъиятро оила ташкил медиҳад ва зану шавҳар онро барпо менамоянд.

Дар оилаҳои маҳаллӣ нақши мардон дар барпо намудани оила бештар аст. Ҳамсари ҳаётии худро интихоб намуда, хостгор мефиристанд, хонаву ҷо бунёд карда, таъмини оиларо ба ӯҳда мегиранд.
Ба зиммаи зан бошад, пойдории оила, сариштаю саранҷоми рӯзгор, тозаю пок нигоҳ доштани манзил, ба дунё овардани фарзанди солим ва тарбияи дурусти он гузошта мешавад.
Мавқеи зан дар барқарории оила ва тарбияи фарзанд хеле калон аст. Рӯбучин, пухтупаз, шустушӯй барин корҳои рӯзгор низ ба зиммаи ӯст.
Мо бо модари серфарзанд Сафаргул Ғафурова, ки панҷ арӯс дораду дар ин ҷода таҷрибанок аст, суҳбат оростем.
– Ба фарзандон тарбияи хуб додан, сарфу харҷи рӯзгорро босаранҷом кор фармудан, дӯстию ҳурмати аҳли оиларо нисбати якдигар таъмин намудан, бо ҳамсояҳо муносибати хубро нигоҳ доштан, албатта вазифаи асосии зан маҳсуб меёбад. Зани оқила шавҳар, хешу табор ва дӯстони ӯро бояд ҳурмат кунад, молу давлати оиларо эҳтиёт кунад. Бузургон гуфтаанд: 
Зани хубу фармонбари порсо,
Кунад марди дарвешро подшоҳ, 
– иброз намуд янгаи Сафаргул.
– Шавҳар шабу рӯз фаровонии оиларо фикр мекунад. Бо ӯ ҳамнафас будан, итоат кардан, маслиҳатгари муносиби ӯ шудан ҳурмати занро зиёда мекунад, оиларо мустаҳкам месозад. Зан бояд ба ёфти шавҳар шукр кунад, ношукрӣ кардану ба будааш қаноат накардан хайру баракаи рӯзгорро мепарронад. Албатта, дар оила воқеаҳои мухталиф рӯй медиҳанд. Баъзан шавҳар аз кор монда шуда ё аз кадом чизе норозӣ шуда меояд. Дар ин гуна маврид бояд зан навозишкор бошад.
– Табиати мард ҳамин аст, ки баъзан ба муаммову норасоии рӯзгор сабр мекунаду ба суханони талху тунди зан тоқат карда наметавонад. Зан ҳангоми бо шавҳар суҳбат оростан бояд боандеша бошад,– ба суҳбат ҳамроҳ шуд муаллима Марям Набиева.
– Сухани талх дилро озор медиҳад, мақоли халқии «Захми задан мераваду захми сухан не» беҳуда гуфта нашудааст. Ман чор келин дорам. Мувофиқи феълу хӯйи онҳо муносибат мекунам. Баъзе арӯсони имрӯза ба шароити деҳа тоб намеоранд. Бо ҳар баҳона бо шавҳар ва хушдоман ҷанҷол мекунанд, кӯдаконро монда, ароз карда ба хонаи падар мераванд. Момоёни мо дар шароити душвори деҳа, 10-12 нафар кӯдакро дар хона ба дунё овардаанд. Онҳо ҳар доим сабру таҳаммулро пеша кардаанд. Солҳое, ки дар бахши ғоибонаи факултаи филологияи Донишкадаи омӯзгории ба номи С. Айнии Самарқанд мехондам, кӯдаки ширхораамро ба хушдоманам монда барои таҳсил мерафтам.
Дар ҷамъиятамон баъзе занҳои беодоб, кӯтоҳфаҳм низ ҳастанд, ки ба шавҳар ва волидайни ӯ беҳурматӣ зоҳир мекунанд. мардҳое низ ҳастанд, ки бо гапи зан аз волидайн ва хешу ақрабо баҳр мекананд, онҳоро озор медиҳанд. 
Оре, пурдидаҳо гуфтаанд, ки касе волидайни худро озор диҳад, дар оянда аз фарзандаш мебинад. Бояд таъкид намуд, ки аз ҷониби фаъолони маҳалла, хушдоманони рӯзгордида бояд дар ин гуна оилаҳои камхирад оиди маданияти оиладорӣ зуд-зуд суҳбат гузаронда шавад. Ҷавонони имрӯза дар интихоби ҳамсар бояд нуктадону нуктасанҷ бошанд. Пойдории забони модарӣ дар оила ба волидон вобаста аст.
Ҳоло овардани ҳикояи ибратомезро бамаврид донистам.
«Дар замони хеле қадим шахси хирадманде духтари боақлу зебое дошт. Ба духтар ду ҷавон ошиқ шудаанд. Духтар ба кадоми онҳо розигӣ доданро надониста ва ниҳоят ба онҳо чунин таклифро пешниҳод намудааст:
–Ман ба фарзанде, ки писари Ватан ва ҳимоятгари он шудан мехоҳад, модар шудан мехоҳам. Чӣ гуна тарбия намудани ӯ ба падар вобаста аст ва дар ин хусус фикри шумоёнро дониста, ҷавоби муносиб медиҳам.
– Ин кор танҳо аз дасти ман меояд. Ман ба ӯ аз тамоми фанҳо, риёзиёт, фалакиёт илму дониш меомӯзонам. Бо сиёсат машғул мешавад, машҳури олам мегардад,– гуфтааст яке аз ҷавонҳо.
Навбат ба ҷавони дуюм расида ва ӯ чунин ҷавоб додааст:
– Хазинаи бузурге, ки аз аҷдодамон мерос мондааст ин – забон мебошад. Забони модарӣ ҳасту Ватан ҳаст. Тамоми зебоӣ ва сеҳру асрор оё дар аллаи модар муҷассам нест? Ба писарат барои он ки ба забонаш хиёнат накунад, суруд, шеър, афсона, ҳикоя ва достонҳо хонда, баҳри ин забон, ки ба латофати ту латофат зам мекунад, ҷонашро дареғ надоштанро меомӯзам.
Ба ин суханон ҷавони якум қоҳ-қоҳ хандида, рақибашро ба пастақлӣ айбдор кардааст.
– Ҷанҷол накунед,– гуфтааст духтар. – Ба ҳузури хирадманди шаҳр меравем. Дар он ҷо ба ҳалли масъала рӯшноӣ меандозем. Ҳукми ӯ барои ман қонун.
Ҳар се ба ҳузури хирадманд рафтаанд ва воқеаро батафсил баён кардаанд.
Донишманд онҳоро шунида, ба ҷавони «ақлаш паст» рӯ оварда гуфтааст:
– Духтар туро дӯст медорад ё не, намедонам. Аммо ту муносиби номи шарафноки падарӣ ҳастӣ».
Ман ба оиладории бобою момоям (рӯҳашон шод бод!) ва падару модарам такя мекунам ва мисли онҳо ба оилаам бомеҳру баоқибат шуданро мехоҳам. Бузургони мо гуфтаанд:
Умр агар хуш гузарад, 
зиндагии Нӯҳ кам аст,
В-ар ба нохуш гузарад, 
ним нафас бисёр аст.

Ҳилоли ЭЛМУРОД,
омӯзгори мактаби деҳаи Сойихурди ноҳияи Нурато.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: