МАВСИМ ПУРМАЗМУН МЕГУЗАРАД

Фасли тобистонро шояд аз ҳама бештар мактаббачагон дӯст доранд.

Зеро дар ин мавсим онҳо пас аз ба итмом расондани соли хониш ба таътил баромада, нафаси худро рост мекунанд. Бемалол дар  майдонҳои варзишиву истироҳатгоҳҳо бо ҳар гуна бозиҳои шавқовар, ки ба синну соли онҳо мувофиқ аст, машғул мешаванд, ба ин восита рӯзҳои таътилро дар ҳалқаи дӯстони худ пурмазмун мегузаронанд.
Ба касе пӯшида нест, ки бо ибтикори ҳукумати кишвар ба таълиму тарбияи наврасон, хусусан, пурмазмун гузарондани даври таътили онҳо корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд ва барои ба истироҳатгоҳҳои ҳудудӣ рафта дам гирифтани мактаббачагон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, имсол дар вилояти Сурхондарё барои солимгардонии бачагон  10 истироҳатгоҳи солимгардонӣ фаъолият дорад, ки беш аз 11 ҳазор бачагонро ба онҳо ҷалб карда, барояшон ҳама шароити зист, бехатарӣ, хӯроки босифат таъмин кардан пешбинӣ шудааст. Истироҳатгоҳҳо дар ҷойҳои хушобу ҳаво, салқин ва дорои манзараҳои дилфиреб бунёд шудаанд, ки касро бо табиати нотакрори худ мафтун месозанд ва наврасон чӣ қадар зуд гузаштани муддати истироҳатро ҳис намекунанд.
Дар деҳаи Хондизаи ноҳияи Сариосиё яке аз чунин истироҳатгоҳҳо мавҷуд аст, ки солҳои зиёд дар мавсим наврасони вилояти Сурхондарёро дар обутоби ҷисмониву маънавии онҳо мусоидат мекунад. Табиати нотакрор ва серун, манзараҳои дилфиреби Хондиза аксари падару модаронро водор мекунад, ки фарзандонашонро барои пурмуҳтаво гузарондани таътил ба ин гӯшаи кӯҳсори диёр фиристонанд ва бо ин баҳона худ низ аз обу ҳавои он истифода баранд.
Истироҳатгоҳи солимгардонии бачагонаи «Хондиза»-и ноҳияи Сариосиё бо ҳамаи шароити замонавии ба рӯҳияи ҷавонон мутобиқ таъмин карда шудааст ва  дорои ҳавзи оббозӣ, майдончаҳои варзишӣ, китобхона, ошхона, клуб ва ғайраҳо мебошад.
Ба ин ҷо намояндагони миллатҳои гуногун меоянд. Фарзандони мардуми тоҷик, ӯзбек, рус, қароқалпоқ, туркман, куриёӣ ва ғайраҳо истироҳат мекунанд. Ҳамаи онҳоро ҳисси ватандӯстӣ бо ҳам муттаҳид мекунад.  
Дар ҷараёни суҳбат бо роҳбари истироҳатгоҳи мазкур Раҳматулло Соҳибов маълум шуд, ки дар ин ҷо бинобар панҷ ташаббус, ки аз ҷониби Президенти кишвар роҳандозӣ шудааст, кор бурда мешавад. Дар баробари он ки ба таълиму тарбияи ҷавонон, бедор кардани қобилиятҳои онҳо дар ҷодаи санъат, варзиш, китобхонӣ, компутер корҳои назаррас анҷом дода мешаванд, инчунин, бонувон низ бо шуғли мавсимӣ фаро гирифта шудаанд, ки ин ҷиҳати кор низ хурсандибахш аст. Наздик ба 90 фоизи ходимони истироҳатгоҳ аз ҷинси латиф иборат аст.
– Соли ҷорӣ дар истироҳатгоҳи солимгардонии бачагонаи Хондиза 1082 нафар наврасон дар чор баст қабул карда шуданд. Дар басти якум 261 нафар, дар басти дуюм 286 нафар, дар басти сеюм 239 нафар ва дар басти чаҳорум 256 нафар наврасони  синни 7-14 сола истироҳат карда, бо рӯҳи болида ва як ҷаҳон таассурот ба манзилҳои худ баргаштанд, – мегӯяд роҳбари истироҳатгоҳ Р. Соҳибов. Барои нигоҳубин ва аз ҳар ҷиҳат таъмин кардани фарзандони халқ масъулияти баланд лозим аст, хусусан, бо наврасон забон ёфтан ва аз олами ботинии онҳо хабардор будан таҷрибаи калони педагогиву равоншиносиро талаб мекунад.
Дар корҳои ташкилии истироҳатгоҳ пешоҳанг Фотеҳ Хидиров, сарҳисобчӣ Умурзоқ Бойпӯлодов, сартаббох Зуҳро Исоқова, мудири анбор Абдураҳмон Муҳиддинов, таъмингар Сулаймон Сафаров ва дигарон саъю ҳаракат карда, барои пешравии кор мусоидат намуданд.
– Дар ин ҷо ҷавонони соҳибистеъдод зиёд буданд. Барои он ки таътили тобистона ба онҳо таассуроти калон боқӣ гузорад, маҳфилҳои гуногун мисли забони англисӣ, саводнокии компутерӣ, санъати тасвирӣ, театр ва ғайраҳо ташкил карда, барои тарғиби китобхонӣ шароити зарурӣ фароҳам овардем, наврасон бо таъриху фарҳанги мардуми диёр, сарватҳои моддию маънавии он шинос шуданд, – гуфт Р. Соҳибов.
Бояд гуфт, чунин истироҳатгоҳҳо ниҳоят пухта андешида шудаанд, зеро наврасон дар чунин ҷойҳо дӯстони нав меёбанд, бо муҳити нав шинос шуда, ба он мутобиқ мегарданд. Бо як ҷумла, гуфтан мумкин аст, ки давраи таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳ гузарондан ифодаи амалии дарсҳои назарие мебошанд, ки ҳангоми таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Дарёи софу зулол, кӯҳҳои сар бафалаккашида, хониши саҳаргоҳии булбулон, пайдо кардани дӯстони нав, муошират бо наврасони гуногунзабон аҷаб нест, ки умрона дар хотираи ҷавонон нақш бандад. Зеро аксари онҳое, ки ба камол расидаанд, аз чунин лаҳзаҳои хотирмони зиндагии худ бо меҳр ёдовар мешаванд.

Х. ҲАМИДОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик».  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: