БО ОМОДАГИИ КАЛОН

Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори кишварамон барои сазовор истиқбол гирифтани 28-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон тадбирҳои маънавӣ ва маърифатӣ баргузор мегарданд.

Шӯрои мувофиқгардонии фаъолияти мақомоти худидоракунии  шаҳрвандони вилояти Намангон низ дар ин самт чорабиниҳо мегузаронад.
Дар «Хиёбони адибон»-и шаҳри  Намангон таҳти шиори «Фидоиёни истиқлол ҳамеша дар ёдамон» бо шоиру нависандагон, санъаткорон, ҷавонони фаъол вохӯрӣ ба амал омад. Бахшида ба Ватан ва истиқлол мушоира баргузор гардид.
Дар «Маркази ҷавонон»-и шаҳри Намангон марҳилаи вилоятии озмун-азназаргузаронии «Шахси бо қалам ошно кам намешавад», доир шуда дар он раисони ҷамоатҳои шаҳрвандон, ки дар зинаи  аввал ғолиб омадаанд, иштирок намуданд. Раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Бӯстон»-и шаҳри Намангон Олимҷон Ҳасанов ба ҷойи якум ноил гардид.
Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Бӯстон»-и шаҳри Намангон маросими кушодашавии «Китобхонаи халқ» барпо гардид. Ба китобхона зиёда аз 3,5 ҳазор нусха китобҳои гуногун ҷамъ оварда шуд. Ҷонишини якуми шӯрои мувофиқгардонии фаъолияти мақомоти худидораи шаҳрвандони вилояти Намангон Мусохон Оппоқов, раиси Шӯрои хазинаи вилоятии «Нуронӣ» Икромхон Наҷмиддинов, шоири шинохтаи вилоят Зиёвиддин Мансуров ба китобхона 720 нусха китоб туҳфа карданд.
Дар маҷмӯи «Нуронӣ»-и шаҳри Намангон «Тӯйи хатна»-и 12 нафар фарзандони оилаҳои камтаъмин баргузор гардид. Аз тарафи ҳокимияти вилоят ба ин гуна оилаҳо кӯмаки моддӣ расонида шуд. 

А. МУРОДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: