САРВАТИ БЕҲТАРИНИ КИШВАР

Ӯзбекистон кишвари сермиллат аст.

Дар диёри мо вакилони беш аз сад миллату қавм орому осуда, аҳлу дӯстона, якҷо ва якдилона умр ба сар мебаранд. Намояндаи ҳар як миллат дар ҷомеа ба мавқеи хос соҳиб аст ва дар равнақи Ватани маҳбуб саҳми муносиб мегузорад. Дар кишвари биҳиштосои мо аз солҳои аввали истиқлол ба масъалаи бародариву баробарӣ, фарохдилии динӣ ва ҳамҷиҳатии миллӣ эътибори алоҳида дода мешавад ва дар фазои кишвар сиёсати оқилонаи ба тамоилҳои демократӣ асосёфта пойдор мебошад. 
Вазифаи муҳими мо низ ба анъанаҳои дӯстона содиқ монда, оромиву осудагиро чун гавҳараки чашм ҳифз намудан аст. 
Дар вилояти Самарқанд дар радифи халқҳои дигар тоҷик ва тоҷикзабонон низ аз азал мисли гӯшту нохун, ҳамдилонаву дӯстона ҳаёт ба сар мебаранд. 
Имрӯзҳо дар Ӯзбекистон беш аз 1,5 миллион тоҷикон зиндагӣ мекунанд, ки қисме аз онҳо дар вилояти Самарқанд зиндагӣ мекунанд. 
Маркази миллию-мадании тоҷикон ва тоҷикзабонони вилояти Самарқанд яке аз марказҳои фаъоли ҷумҳурӣ ба шумор меравад, ки бо мақсади ривоҷдиҳӣ ва нигоҳдории таъриху маданияти сарватманди халқ, забон, урфу одат ва арзишҳои миллӣ фаъолияти пурсамар мебарад.   
Боиси зикр ва ифтихор  аст, ки ҳоло дар 37 мактаби таълими умумии вилоят таълим ба забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст. Имрӯзҳо беш аз 10 ҳазор нафар бачагон бо забони модарии худ таҳсил менамоянд. Дар соли хониши нави 2019-2020 ба синфи якуми мактабҳои тоҷикӣ қабули 781 нафар хонанда (мувофиқи ҳолати 12-уми август) дар назар аст.  
Инчунин дар як қатор факултетҳои Донишгоҳи давлатии Самарқанд бахшҳои тоҷикӣ мавҷуданд, ки ба мактабҳои ҳамагонӣ мутахассисони соҳиби маълумоти олиро омода мекунанд. Гурӯҳҳо дар факултаҳои забон ва адабиёти тоҷик, таърих, таълими томактабӣ, таълими ибтидоӣ, биология, физика, математика, таълими касбӣ ва кимиё аз ин ҷумлаанд. Сол то сол теъдоди довталабоне, ки ба ин факултетҳо ҳуҷҷат месупоранд меафзояд. Бинобар ин, квотаи қабули донишҷӯён низ зиёд  мешавад. Масалан, агар соли хониши 2018-2019 ба факултети таълими ибтидоӣ 20 нафар, ба таърих 15 нафар ва ба факултаи кимиё 15 нафар донишҷӯ қабул гардида бошад, дар соли хониши 2019-2020 теъдоди онҳо зиёд (факултети таълими ибтидоӣ 25 нафар, таърих 19 нафар ва кимиё 20 нафар) шуд.   
Аз ҷониби Маркази миллию мадании тоҷикон ва тоҷикзабонони вилояти Самарқанд бобати бо китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимии тоҷикӣ таъмин кардани муассисаҳои таълимӣ чорабиниҳо андешида мешаванд.   
Аз ҷониби телевизиони вилоятии Самарқанд барнома ва гуфторҳои тоҷикӣ мунтазам пешкаши ҳаводорон мегарданд. 
Рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд”, мақолаҳо дар рӯзномаи “Самарқанд”-и шаҳр ва саҳифае дар рӯзномаи ноҳиявии “Гулобод тонги” бо забони тоҷикӣ нашр мешаванд. 
Дар солҳои истиқлолият беш аз 700 нафар тоҷикон ва  тоҷикзабонон дар соҳаҳои гуногуни кишвари азиз натиҷаҳои назаррасро ба даст оварда, сазовори  мукофотҳои давлатӣ шуданд, ки дар байни онҳо теъдоди тоҷикони самарқандӣ низ кам нест. Ин ҳама аз эътибору ғамхории доимии ҳукумат нисбат ба вакилони қавму миллатҳои дигар гувоҳӣ медиҳад. 
Оре, сарвати беҳтарини кишвар ин халқи мост, ки аз вакилони миллатҳои гуногун таркиб ёфта, аз дастовардҳои  бузургтарини истиқлолият мебошад.

Акбар МАҲМУДОВ,
раиси Маркази миллию мадании тоҷикон ва тоҷикзабонони вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: