САФАРИ ПУР АЗ ХОТИРОТ БА ӮЗБЕКИСТОН

Вақте дари ҳамкорӣ боз шуд...

Тоҷикистону Ӯзбекистон дар тақрибан се соли охир муносибати худро комилан тағйир дода, онҳоро ба сатҳи шарикии стратегӣ бароварданд. Ҳар ду кишвар 17-уми августи соли 2018 Аҳднома оид ба шарикии стратегии байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро имзо карданд. 
Бино ба маълумоте, ки Вазорати иқтисод ва саноати Ӯзбекистон ба ҳайати рӯзноманигорони Тоҷикистон пешниҳод кард, танҳо дар соли 2018 гардиши савдои байни ду кишвар 64 дарсад афзуда, 389 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст. Ба ҷуз ин, тайи ду соли охир ташкили корхонаҳои муштарак 3,5 маротиба (45 адад) зиёд шудааст. Дар ин вазорат муҳим мешуморанд, ки раванди мазкур бо ҳамин суръат нигоҳ дошта шуда, гардиши тиҷоратӣ дар соли 2019 ба сатҳи на кам аз 500 миллион доллари ИМА расонида шавад.
«Фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва Шӯрои кории Ӯзбекистону Тоҷикистон механизми самарабахши пешбурди робитаҳои дуҷониба дар соҳаи савдо ва сармоягузорӣ мебошад», — гуфтанд дар Вазорати иқтисод ва саноати Ӯзбекистон.
Барқарор кардани парвози ҳавопаймоҳо (Тошканд — Душанбе ва баръакс), роҳандозии хатсайрҳои мусофиркашонӣ (Тошканд — Хуҷанд — Тошканд, Панҷакент — Самарқанд ва ғайра), инчунин фаъолшавии гузаргоҳҳои нақлиётиву роҳи оҳан аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои дуҷониба арзёбӣ мешаванд. Ҳамзамон роҳи оҳани байнидавлатии «Fалаба — Амузанг — Хошадӣ» аз нав ба фаъолият пардохт, ки дар кашондани молу маҳсулот нақши муҳим дорад.
«Дар натиҷа, ҳаҷми боркашониҳои қатораӣ байни ду кишвар дар ду соли охир 17 дарсад зиёд шуда, 5,2 миллион тоннаро ташкил дод. Ширкатҳои ҳавопаймоии ду кишвар 10,2 ҳазор нафар мусофир ва 76 тонна бор кашониданд», — гуфта мешавад дар маълумотномае, ки Вазорати иқтисод ва саноати Ӯзбекистон дастраси журналистони Тоҷикистон кард.
Истифодаи таҷрибаи «Артел» дар Тоҷикистон 
Агар барои Тоҷикистон КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» ё ТАЛКО бузургтарин корхонаи истеҳсолии боиси ифтихор бошад, дар Ӯзбекистон ҳам аз доштани корхонаҳое чун «Артел» ифтихор мекунанд. Албатта, иқтидори тавлидотии ин ду корхона қобили муқоиса нест, аммо ба унвони ду истеҳсолкунандаи бузурги ҳамсоякишварҳо ҳайатҳои зиёдеро барои тамошо қабул кардаанд, ки ин баёнгари то чӣ андоза муҳиму стратегӣ будани онҳо мебошад. Масалан, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни нахустин сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон дар моҳи августи соли 2018 аз корхонаи «Артел» боздид ба амал овард. Ба дунболи он, моҳи сентябри соли гузашта Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳам аз ТАЛКО боздид кард.
Таъсиси намояндагии ширкати «Артел» дар Тоҷикистон ва оғози фаъолияти корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон «ТАЛКО-КРАНТАС»-ро метавон ҳосили ин боздидҳо номид, ки муваффақона амалӣ мешаванд.
Ба иштирокдорони боздиди расонаӣ ҳам имкон даст дод, ки дар рӯзи дувуми сафар ба шаҳри Тошканд бо фаъолияти ин корхонаи истеҳсолӣ шинос шаванд. 
«Artel Engineering and Management» ё мухтасар - Ширкати «Артел» ҳам акнун тасмим дорад дар идомаи таъсиси намояндагии расмӣ ва марказҳои фурӯш, соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе як корхонаи муштараки истеҳсоли техникаи маишӣ ифтитоҳ кунад.
Муовини сарвари ҶДММ «Artel Engineering and Management» Бектемир Муродов зимни боздиди журналистони тоҷикистонӣ аз корхона дар шаҳри Тошканд гуфт, ки дар ин ҷо яхдон ва дастгоҳи либосшӯӣ, қисмҳои зарурии таҷҳизот аз плостик, шиша ва фулузот, инчунин маҳсулоти бастабандӣ бо истифода аз пенопласт барои таҷҳизоти маишӣ истеҳсол мешавад.  
Воридоти техникаи маишии ин корхона ба Тоҷикистон соли 2016 оғоз гардида, сипас ҶДММ «Хонаи савдои Артел» ва 4 нуқтаи савдо дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, инчунин марказҳои дилерӣ дар аксар бозорҳои Тоҷикистон таъсис ёфтааст.
«Ҳаҷми содироти маҳсулоти «Артел» ба Тоҷикистон дар соли 2018 — 6,3 миллион ва дар моҳҳои январ-майи соли 2019 — 1,9 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод», — иттилоъ доданд дар ин ширкат.
Ба гуфтаи масъулони корхона, ҳамин афзоиши талабот ба маҳсулоташон дар Тоҷикистон боиси ба вуҷуд омадани ғояи бунёди корхонаи истеҳсолӣ дар шаҳри Душанбе гардидааст. Сипас ҷонибҳо аз таъсиси корхонаи муштараки байни «Artel Engineering and Management» (Ӯзбекистон) ва ҶДММ «Avesto Group» (Тоҷикистон) оид ба истеҳсоли техникаи маишии тамғаи «Артел» дар шаҳри Душанбе хабар доданд.
«Дар марҳилаи аввали ин лоиҳа сохтмони корхонаи истеҳсоли дастгоҳҳои обгармкунӣ ва чангкашакҳои барқии  «Артел» бо иқтидори тавлидотии 200 ҳазор адад дар сол ба нақша гирифта шудааст. Оғози истеҳсолот дар моҳи декабри соли 2019 пешбинӣ шудааст», — гуфтанд масъулони ширкат.
Ва аммо ин ниҳояти фаъолияти корхонаи мазкур дар Тоҷикистон нест. Гуфта шуд, ки дар оянда вобаста ба татбиқи муваффақонаи марҳилаи аввали лоиҳа сармоягузорони ҳар ду кишвар ба роҳандозии марҳилаи баъдӣ ва истеҳсоли навъҳои нави маҳсулот шурӯъ мекунанд.

Дар канори «деворҳои Бухоро»
Аз Тошканд ба Бухоро бо қатораи баландсуръати «Афросиёб» — тезҳаракаттарин қатораи Ӯзбекистон (суръат то 210 км/с) рафтем. 
Дар Бухоро моро бо садои карнаю сурнай пешвоз гирифтанд. Ҳанӯз қатора ист накарда, садои ошнои мусиқии мардумӣ баланд шуд. Ва кас воқеан гумон мекард, ки дар кадом як чорабинии фарҳангӣ Тоҷикистон ҳузур дорад: айни ҳамон фазои ошно, «хуш омадед»-гӯиҳои тоҷикона, пазироии самимии пешвозгирандагон...
Чун ба меҳмонхона расидем, маслиҳат  шуд, ки ҳар касе хоҳиш дорад, метавонад ба тамошои Бухорои шабона барояд. Ҳамин тавр ҳам шуд.
Ва ба зудии зуд худро ба канори «деворҳои Бухоро» расонидем. 
Ҳаяҷоне, ки ҳар яки моро баробари дидани Манораи Калон, дару деворҳои мадрасаи Мири Араб, мадрасаи Кӯкалдош ва дигар биноҳои таърихӣ фаро гирифт, тасвирношуданист. Худи ҳамин эҳсос, ки ҳамин лаҳза дар кӯчаҳои «гаҳвораи тамаддуни Осиё» қадам мезанед, касро ба андеша мебарад: чӣ ганҷинаи пурарзишеро гузаштагонамон ба мерос мондаанд.
Тамошои шабонаи Бухоро аҷаб кайфияте дорад. Шаб аз нисф гузаштаву мо ҳамоно дар кӯчаҳои Бухороем. Ин ҷо оромии комил ҳукмфармост. Лаҳзае назди Манораи Калон нишастану ба умқи таърих фурӯ рафтан, даст ба дарвозаи Мири Араб гузоштану худро дар симои Устод Айнӣ тасаввур карданро солҳои зиёд орзу доштем...
Назири НУСРАТ, хабарнигори
«ИмрӯзNews».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: