UZCARD иловаи нави мобилӣ ҷорӣ намуд

Корхонаи муштараки ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Маркази ягонаи умумиҷумҳуриявии протсессингӣ» замимаи мобилии MyUzcard-ро, ки барои пардохти бидуни нақди масофавии мол ва хидмат пешбинӣ шудааст, ҷорӣ кард.

Дар замима ҳамчунин хидматгузории «Хабардоркунии ГУБДД» барои дарёфти хабари онлайн оид ба ҷарима бо имконияти пардохти саривақти онлайн ҷойгир карда шудааст. 
Мувофиқи маълумоти корхонаи муштараки ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Маркази ягонаи умумиҷумҳуриявии протсессингӣ» замимаи нав имкон медиҳад маблағҳо барои хидмати коммуналӣ, алоқаи мобилӣ, хидмати интернет, андоз аз тариқи масофавӣ пардохта шаванд, ҳамчунин аз бисёр амалҳои дигар метавон  истифода бурд. 
Ғайр аз ин MyUzcard як қатор қарорҳои инноватсиониро амалӣ менамояд. Чунончӣ, барои нақли  пул аз корд ба корд (p2p) ба фиристонанда донистани рақами корди қабулкунанда ҳатмӣ нест, пулро метавон бо кӯмаки @username ва коди корди QR, ки дар замима мавҷуд аст, равона кард. 
Замима интерфейси креативӣ ва амалҳое дорад, ки бо назардошти талаботи истифодабаранда мувофиқ мешаванд. Ихтироъгарон ба истифодабаранда барои дизайнери кӯмакрасони молиявии худ шудан, тағйир додани ороишоти он ва илова кардани виҷетҳои зарурӣ ба экрани аосӣ имконият фароҳам овардаанд.
Бо кӯмаки амалиёти «Санаи пардохт» имконият дода мешавад, ки аз маблағи шахсии худ самарабахштар истифода бурда аз амалиёти курби асъор дар мамлакат пайгирӣ карда шавад.
Замимаи мобилии MyUzcard нафақат кордҳои маҳаллии Uzcard, балки кордҳои кобейҷингии Uzcard – UnionPay-ро дастгирӣ мекунад. Аз ин хидмат метавон аз тариқи замимаи мобилӣ, ҳамчунин аз сайт ва  Telegram–бот истифода бурд. 
Замимаи MyUzcard аллакай барои ба  App Store Google Play васл кардан дастрас мебошад.

Роман БОНДАРЧУК, хабарнигори ӮзА. 
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: