САФАРИ ПУР АЗ ХОТИРОТ БА ӮЗБЕКИСТОН

Як каф дуо бар сари турбати Исмоили Сомонӣ

Рӯзи дигар моро сайругашти фаромӯшношудание дар пеш буд: аксу наворбардории мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии шаҳри Бухоро.
Нахуст рафтем, то бубинем, ки мақбараи Исмоили Сомонӣ — асосгузори аввалин кишвари мутамаркази тоҷикон — давлати Сомониён чӣ ҳол дорад. Оромгоҳи ӯ яке аз маъруфтарин мавзеъҳои таърихии Бухоро буда, тақрибан дар маркази шаҳри қадима ҷойгир аст. Мақбара ҳамагӣ як даромадгоҳ дошта, миёнҷойи дохили он шоҳ Исмоили Сомонӣ дар хоби абадист. Қабри ӯро бо даст палмосидаву таърихи тиллоии давлатдории тоҷикон мисли навор пеши назар ҷилвагар мешуд. Ҳар қадар ин ҷо бештар нишиниву аксбардорӣ бикунӣ, ба назар мерасад, ки ҳамон қадар бештар мехоҳӣ канори ин мақбара бимонӣ. Ҳар қадар атрофи он давр мезанӣ, ҳамон қадар наздиктар ба таъриху тамаддуни худ мешавӣ...
Он ба гунае бунёд шуда, ки бо гузашти садсолаҳо зери офтоби сӯзону боду борон газанде надида: гӯё онро ҳамин чанд соли пеш сохтаанд, аммо ин хиштҳову дару девори ҳазор соли қабланд.
Атрофи мақбара пур аз сайёҳони хориҷист: ба зиёрати шахсияте омадаанд, ки оромгоҳаш беш 1100 сол инҷониб пойбарҷост. 
Бо як каф дуо ба сари гӯри Исмоили Сомонӣ хотираи ин марди бузургро гиромӣ доштаву он ҷоро тарк кардем.


Боздид аз «Bukhara Brilliant Silk» ва мулоқот бо намояндагони ВАО
Дар идомаи боздид аз Бухоро ба корхонаи шоҳибофии «Bukhara Brilliant Silk» рафтем, ки айни замон ба зоти худ ягона маҳсуб мешавад. Ин ҷо ҳамаи марҳилаҳои фаъолият — шурӯъ аз таҳияи пиллаи хом то ба омодасозии матоъ ва дӯхтани либосу ба фурӯш баровардани он — анҷом мешаванд. Дар ин ҷо ҳамаи маҳсулот ба пуррагӣ моли худист. Пилларо аз кишоварзон дастрас намуда, дар худи корхона коркард мекунанд. Дар идома ришта кашидаву онро ранг мезананд. Мутахассисони коргоҳ нақш меофаранд ва аз рӯйи ҳамин нақшҳо матоъ омода месозанд. Аз матои омодашуда, ки дар навбати худ чанд марҳиларо тай мекунад, либос медӯзанд ва онро дар мағозаи худи корхона ба фурӯш мебароранд. 
Корхона абрешими хом, абрешими ресандагӣ, матоъҳои абрешимӣ, курта, шарф, рахти хоб ва дигар маҳсулотро омода мекунад, ки ҳамагӣ аз нахи абрешиманд. 


Дар Самарқанд аз ҳамкорӣ ва саҳми хабарнигорон гуфтем
Боздид дар Самарқанд аз шиносоӣ бо фаъолияти идораи рӯзномаҳои вилоятии «Овози Самарқанд», «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник» оғоз ёфт. Ин се рӯзнома айни замон дар шумори муҳимтарин ВАО Самарқанд буда, миёни хонандагон мақому ҷойгоҳи хоса доранд. 
Рӯзноманигорони Тоҷикистонро дар назди «Бинои матбуот» бо карнаю сурнай пешвоз гирифтанд. Дар идома аз осорхонаи рӯзномаҳои мазкур боздид карда, бо намунаи дастхатҳои сад соли қабл, нахустин шумораҳои рӯзнома дар Осиёи Миёна, аксҳои таърихии Устод Айнӣ ва дигар бузургмардоне, ки бо рӯзнома сару кор доштанд, шинос шудем. 
Ҳайати эҷодӣ анъанаи неки рӯзномадорӣ дар Самарқандро ҳифз карда, ҳар ҳафта муҳимтарин ахбори дохилу хориҷ, мавзӯъоти мубрами ҷомеа, самтҳои фаъолияти давлату давлатдорӣ ва ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии шаҳрро инъикос ва пешниҳоди хонандагон месозад.


Дар Хона-музейи Устод Айнӣ 
Яке аз муҳимтарин бахшҳои барномаи сафари Самарқанд боздид аз Хона-музейи Устод Садриддин Айнӣ буд, ки худи ҳамон рӯз баъд аз анҷоми намоиши телевизионӣ ва тамошои Маркази маънавию маърифатии «Олами китоби Самарқанд» сурат пазируфт.
Дар суҳбате, ки бо Амриддин Пӯлодов, мудири Хона-музей доштем, гуфта шуд, ки айни замон тибқи нақша дар он таъмири асосӣ ҷараён гирифта, корҳои ободонӣ гузаронида мешаванд.
Бо қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои таҷдиди Хона-музейи Садриддин Айнӣ дар соли 2018 аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ 300 миллион сӯм ҷудо шудааст. 
Пӯлодов изҳор дошт, ки дар асоси ҳамин қарор азнавсозии Хона-музей идома дошта, бо анҷом ёфтани корҳои таъмирӣ, дар доираи барномаҳои фарҳангию маърифатӣ оид ба ҳаёт ва эҷодиёти Садриддин Айнӣ ҳамоишҳо ташкил мешаванд. Ҳамчунин нашри китобу варақаҳо ва мақолаҳои илмию оммавӣ оид ба рӯзгору фаъолияти ин нависандаи маҳбуб дар назар аст. 
Дар оянда тарроҳии вебсайти Хона-музейи Садриддин Айнӣ, гузаронидани конфронси байналмилалӣ ва тадбирҳои дигар ба нақша гирифта шудаанд.
Хона-музей аз ду қисм иборат буда, ба маълумоти Пӯлодов, қисмати аввали он дар охири асри XVIII — оғози асри XIX сохта шудааст. Қисми куҳнаи ҳавлӣ аз айвони дарози шимолӣ ва аввалин утоқи корӣ, меҳмонхона бо даҳлезаш ва айвони ҷанубӣ иборат аст. Қисмати дуюми онро Устод бо рафиқонашон солҳои 30-юми асри гузашта бо дастони худ бино кардаанд. 
Хона-музей дар маркази қадимаи шаҳри Самарқанд, дар наздикии муҷтамаъи таърихию меъмории «Регистон» ҷойгир аст. Фаъолияти он  бо қарори ҳукумати Ӯзбекистон 19-уми майи соли 1967 оғоз шудааст. 
Устод Айнӣ беш аз 30 сол (аз 1923 то 1954) дар ин ҳавлӣ зиндагӣ кардааст, ки он аз ҳуҷраҳои истиқоматӣ ва ду дафтари корӣ иборат буда, асарҳои «Fуломон», «Одина», «Ятим», «Мактаби кӯҳна» ва «Исёни Муқаннаъ» дар ҳамин ҷо офарида шудаанд.
Дар Хона-музей ашё ва ҷиҳози қадимию замони шӯравӣ, лавозимоти худи Устод, асарҳо ва дастхатҳо, намунаи рӯзнома ва маҷаллаҳое, ки дар нимаи аввали асри ХХ ба забони тоҷикӣ нашр мешуданд, ҳамчунин осори ба дигар забонҳо тарҷума ва чопшудаи Садриддин Айнӣ маҳфузанд.
Гуфта шуд, ки ин ҳавлӣ ҷойи дӯстдоштаи Устод буд. Ӯ бештари вақти худро дар он мегузаронид ва дӯстону ҳамкасбон, олимон, арбобони давлатию ҷамъиятӣ, ҷавонони боистеъдод ва меҳмонони хориҷӣ барои дидорбинӣ ва машварат ба ҳамин ҳавлӣ меомаданд.


Саноати наву кӯҳна дар Самарқанд
Яке аз бузургтарин коргоҳҳои шаҳри Самарқанд Корхонаи истеҳсоли воситаҳои нақлиётии «СамАвто» мебошад. Ин корхона асосан ба тавлид ва бандубасти нақлиёти мусофиркашонӣ ва боркашонӣ машғул буда, нақша дорад, ки яке аз пештозони ин самти фаъолият дар ИДМ шавад.
Зимни боздиди рӯзноманигорони тоҷикистонӣ аз ин корхона масъулин гуфтанд, ки айни замон «СамАвто» беш аз 10 навъи автобус ва нақлиёти боркашониро истеҳсол карда, ба бозорҳои Ӯзбекистон ва хориҷи кишвар мебарорад. Солона дар ин корхона 3000 нақлиёти боркашонӣ ва 1000 мусофиркаши навъҳои гуногун истеҳсол мешаванд. Масъулини «СамАвто» нақша доранд, ки барои маҳсулоти корхонаи худ дар Тоҷикистон низ харидор пайдо кунанд.
Самарқанд на танҳо бо майдони Регистону расадхонаи Улуғбек ва даҳҳо мақбараву мадрасаҳояш  машҳур аст. Ин ҷо ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои дӯзандагиву созандагии садсолаҳо қабл ҳамоно ҳифз мешаванд. Яке аз ҳамин гуна ҳунарҳои дастӣ — истеҳсоли коғаз бо усули қадимист, ки дар коргоҳи «Конигил мерос» таҳия карда мешавад.
Барои омодасозии ин коғаз усули муосир истифода намешавад. Онро аз чӯби тут ва бо истифода аз дастгоҳҳои обӣ истеҳсол мекунанд. Дақиқан, ин намунаи технологияест, ки садсолаҳо қабл гузаштагонамон бо корбурди он коғаз истеҳсол мекарданд.
Марҳилаи омодасозии коғази дастӣ якчанд рӯзро дар бар мегирад. Дар аввал чӯби тутро 3-4 шабонарӯз дар об тар мекунанд, то ин ки нарм шавад. Баъдан пӯсти онро ҷудо карда, 5-6 соат дар дег меҷӯшонанд. Дар идома пӯсти тутро якчанд соат тавассути дастгоҳи чӯбин мекӯбанд ва мисли хамир нарм мекунанд. Ба ҳар 2 килограмми он то 50-60 литр об ҳамроҳ карда, бо истифода аз асбоби махсус қолаби коғазро тайёр мекунанд. Онро дар зери санг ҳудуди 24 соат гузошта, дар тахта ва ё шишаи тиреза хушк менамоянд. Сипас коғази истеҳсолшударо гирифта, ҳамвор ва барои истифода омода месозанд.
Шоми ҳамон рӯз вохӯрӣ ва мулоқоти ҳайати рӯзноманигорони Тоҷикистон бо намояндагони Маркази миллию фарҳангии тоҷикон ва аҳли илму адаби вилояти Самарқанд ба поён расид. Зимни ҷамъомад, ки дар назди муҷассамаи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ доир гардид, шоирону нависандагон, омӯзгорону ҳунарпешагон ва хабарнигорони тоҷикзабон гирди ҳам омада, аз шарту шароити эҷодкорӣ, забону адабиёт, вазъи имрӯзаву дурнамои ҳамкориҳои аҳли эҷод суҳбат карданд.

Назири НУСРАТ,
хабарнигори
«ИмрӯзNews».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: