Соҳиб ПОШШОЗОДА: «БИГУЗОР, ДАР КИШВАРИ ЗЕБО СУРУДИ ДӮСТӢ САДО ДИҲАД»

Дар шаҳри Самарқанд ба Ҷашнвораи XII-и байналхалқии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» тайёрии ҷиддӣ мебинанд.

 Ин озмуни бонуфузи мусиқӣ, ки тӯли беш аз 20 сол гузаронида мешавад, мардуми гуногунзабону фарҳангу анъана ва урфу одати мухталифро ба сулҳу салоҳ, некӣ, ваҳдат, муносибати эҳтиёткорона ва рушди анъанаҳои санъати миллии мусиқӣ даъват менамояд.
Хабарнигори ӮзА бо ғолиби Ҷашнвораи XI-и байналхалқии мусиқии «Таронаҳои Шарқ», Ҳунарпешаи шоистаи Озарбойҷон Соҳиб Пошшозода ҳамсуҳбат шуда, фикру ақидаи ӯро дар бораи ин ҷашнвора шунид:
– Анъана ва урфу одат, эҳсос ва ғаму ташвиш, тарзи ҳаёт, сифатҳои неки инсонӣ, ки дар тӯли асрҳо ташаккул ёфтаанд, дар мусиқа инъикос мешаванд, бидуни онҳо наметавон ба камолоти маънавӣ бирасид.
Ҳар кадом халқ анъанҳои хоси мусиқӣ, асбобҳои миллӣ ва тарзи адои ҳунари худро дорад, ки аз таърихи дур ибтидо гирифта, аз насл ба насл мегузаранд. Ҷашнвораи байналхалқии мусиқии «Таронаҳои Шарқ», ки дар ҳар ду сол дар шаҳри Самарқанд баргузор мегардад, маъвои маърифат мебошад, ки дар он асарҳои гузидаи мусиқии ҷаҳонӣ иҷро мешаванд, наслҳое ҷамъ меоянд, ки аз мероси гузаштагони худ рӯҳбаланданд, онҳо таҷриба ва донишҳои худро ба ҳам мебинанд. Ин ҷашнвора дар омӯхтан, тарғибу ташвиқ кардани дастовардҳои мусиқаи ҷаҳонӣ, қаробат ёфтан бо санъати мусиқии халқҳои гуногун аҳамияти хос дорад. Ҳоли ҳозир шаҳри бостонӣ ва ҳамешаҷавони Самарқанд аз ҷониби олимони мусиқашиноси ҷаҳон, оҳангсозону устодони ҳунарманд ба сифати шаҳри маърифат, замине, ки сулҳу дӯстиро тараннум мекунад, эътироф мегардад. 
Ҷашнвораи байналхалқии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» бори аввал соли 1997-ум ташкил гардида, аз ҷониби мардуми Озарбойҷон ҳам васеъ таҷлил шуд. Мо ин ҳодисаро «Оҳангҳои ҷаҳон дар Самарқанд садо медиҳанд» номгузорӣ кардем. Ҷашнвора аз тариқи телевизиони Озарбойҷон низ намоиш дода шуд. Пас аз тамошои он ба ман хоҳиши иштирокдори ин чорабинии бонуфуз гардидан пайдо гардид. Ҳар бор ман бо устодони санъати Озарбойҷон, ки дар он иштирок кардаанд, суҳбат мекардам, аз нақлҳои онҳо ба ваҷд меомадам. Саҳнаи зебо, шаҳри таърихӣ, мардуми Ӯзбекистон, ки дар симояшон табассуми офтобӣ медурахшад, ҳамаи ин беш аз пеш меҳру муҳаббати манро ба Ӯзбекистон ва рағбатамро ба илми мусиқӣ зиёд менамуд. Дар комёбиҳои ҳолоинаи ман асари ин ёддоштҳо низ ҳаст.
Соли 2017-ум ман барои иштирок дар ҷашнвора даъватнома гирифтам. Бо дарки он ки ин баробари бахти бузург будан масъулияти зиёд ҳам мебошад, ҷиддан тайёрӣ дидам...
Самарқанди шукуҳманд маро бо тантанаи бузург, мардуми Ӯзбекистон бо хурсандӣ истиқбол гирифтанд. Ба ҷашнворае, ки тӯли 20 сол гузаронида мешавад дар сатҳи олӣ тайёрӣ дида шуд. Майдони бемонанди Регистон, ҳамоҳангии ёдгориҳои таърихӣ ба шаби мусиқӣ, ки аз ҷониби олам эътироф шудааст, беш аз пеш кайфияти идона мебахшиданд. Аз ҳамаи ин илҳом гирифта, ман барои дар ҷашнвора иҷро кардан композитсияи навро тайёр намудам. Ҳаяҷони қалб, ифтихорро аз он ки ғолиби ҷашнвора гардидам, бо сухан ифода кардан мушкил аст. Дар таърихи ҷашнвора ин аввалин ҷоизаи асосӣ буд, ки навозанда сазовор гардид.
Дар фаъолияти эҷодии ман муваффақияте, ки дар ҷашнвораи мусиқии «Таронаҳои Шарқ» ба даст овардам, ҷойгоҳи алоҳида дорад, зеро алҳол дар олам чунин чорабиниҳои дараҷаи олии мусиқӣ, ба хусус оид ба иҷрои суруду  оҳангҳои классикӣ ва халқҳои Шарқ камшумор мебошад. 
Ҷашнвора имкон дод бо оҳангсозон, олимони минтақаҳои гуногуни ҷаҳон шинос шавам, бо таҷриба ва фикру ақидаҳои онҳо ошно гардам. Бо кӯмаки он ман олами мусиқиро барои худ аз нав кашф намудам.
Ҳоло ба ҳар кишваре наравам, маро ба сифати ғолиби ҷашнвораи «Таронаҳои Шарқ» истиқбол мегиранд, ба тантанаҳои гуногун даъват менамоянд.
Инак, як мисол. Баъд аз як ҳафтаи анҷоми ҷашнвора маро ба ҷашнвораи мусиқӣ, ки дар Чин ба амал омад, даъват намуданд. Тӯли ду соли охир ба зиёда аз 10 мамлакат сафар кардам. Соли равон сафарҳои эҷодии ман дар кишварҳои Олмон, Белгия, Ҳулланд баргузор шуд, дар беш аз 10 консерт, сабақҳои ҳунарии барои соҳибистеъдодони ҷавон, ки дар ин мамлакатҳо ташкил карда шуданд, ширкат ҷустам. 
Ба Анҷумани байналхалқии санъати мақом, ки бори  аввал бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев ташкил гардид, низ даъват шудам. Дар он мо бо ҷамоаи «Муғом» ҷойи аввалро ишғол кардем, ки боз як эътирофи фаъолияти эҷодии мост. 
Алҳол дар Ӯзбекистон ба ду ҷашн — 28-умин солгарди истиқлолияти мамлакат ва Ҷашнвораи XII-и байналхалқии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» ҳамаҷониба тайёрӣ дида мешавад. Аз фурсат истифода бурда, ба халқи Ӯзбекистон фаровонӣ, оромиву осудагӣ, ба иштирокдорони ҷашнвора комёбӣ орзу мекунам. Бигузор, дар фазои кишвари зебои шумо ҳамеша суруди дӯстӣ садо диҳад. 

Мусоҳиб 
Улуғбек ШОНАЗАРОВ, хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: