«ШУНИДАН КАЙ БУВАД МОНАНДИ ДИДАН»

Ризо Мурод Саҳроӣ– раиси Маркази омӯзиши забони форсӣ барои хориҷиёни Донишгоҳи Аллома Таботабоӣ гуфт, ки мо аввалин гурӯҳ аз Ӯзбекистон ҳастем, ки барои омӯзиши забони форсӣ ба ин марказ омадаем.

Ба гуфтаи ӯ дар муддате, ки ин марказ ифтитоҳ ёфт, аз кишварҳои зиёд аъзои беш аз панҷоҳ гурӯҳи хурду бузург омадаву забони форсӣ омӯхта рафтаанд.
– Мо барои шумо машғулиятҳои омӯзиширо бо сайру саёҳат муштарак пеш мебарем. Имрӯз баъд аз дарсҳои омӯзишӣ ба яке аз минтақаҳои фароғатии шаҳри Теҳрон саёҳат хоҳед кард. Ин минтақаро Дарбанд мегӯянд. 
Дарвоқеъ, шаҳри куҳани Теҳрон ҷойҳои зиёди диданӣ ва осорхонаҳое дорад, ки ҳар кадоми он як ҷанбаи таъриху фарҳанг, расму ойин, дастовард ва қаҳрамониҳои мардуми кишварро бозтоб менамояд. Аз ҷумла, мо осорхонаи «Инқилоби исломӣ ва дифоъи муқаддас»-ро тамошо кардем ва бар ин бовар шудем, ки ҳар гуна ҷанг ғайр аз даҳшату куштор ва харобӣ чизи дигар дар пай надорад. Дар ин осорхона ашёҳо аз муборизаҳои мардуми Эрон дар ҷанги зидди Ироқ нақл мекарданд.
Ҳамчунин «Боғи табиат»- и ин шаҳрро тамошо кардем. Духтари 24- солаи теҳронӣ Марями Ироқӣ ғолиби як озмуни шаҳрдории Теҳрон шудааст ва нақшаи ӯ ҷиҳати ба ҳам васл кардани ду боғи аз ҳам ҷудои ин шаҳр барандаи озмун гардидааст. Ҳоло ду боғ тавассути пули бузурги оҳанину фаршаш тахтагин боҳам васл шудаву ба сайргоҳи мардум табдил ёфтааст.  Хоссатан аз тарафи шом мардуми зиёд он ҷо меомаданду сайр мекарданд ва дар ошхонаҳои он ба тановул машғул мешуданд.
Дарбанд дар шимоли шаҳр, дар фарозиҳои кӯҳистони Точал ва наздикии боғи Саъдобод воқеъ гашта буд. Аз оғози ин сафар ҳувайдо буд, ки Дарбанд беҳтарин сайргоҳ ва фароғатгоҳ мебошад, зеро фавҷи одамон ва мошинҳо он қадар зиёд буд, ки кас гумон мекард дар ин ҷо ягон чорабинии муҳим ё иди хоси мардумӣ баргузор шудааст.
– Шумо аз ин ҳол ба ҳайрат наоед. Агар рӯзи ҷумъа, ки истироҳат эълон шудааст, ба ин минтақа оед, ба истилоҳ ҷойи поймонӣ пайдо намекунед. Мардуми зиёд бо аъзои хонаводаву дӯстон рӯзи истироҳати худро маҳз ин ҷо сипарӣ мекунанд,– гуфт роҳбалади гурӯҳи мо оқои Алмосӣ.  
Маълум шуд, ки дар 200 соли қабл мардуми Дарбанд ба забони тотӣ суҳбат мекарданд. Дар айни ҳол ба ин забон суҳбат кардани мардуми ду рустои болотар аз Дарбандро шунидан мумкин будааст. Бар асоси маълумоте, ки дастраси мо шуд, аввал ба Дарбанд ду сокини маҳаллаи Толуқони вилояти Қазвин муҳоҷират кардаанд. Бо гузашти солҳо сокинони маҳаллаи Дарбанд хеле афзоиш ёфтааст.  
Бино ба ин маълумотҳо дар Дарбанд қасру кӯшкҳои зиёд сохта шудаанд ва Шоҳзода Аллоҳварди Мирзо ва Абулмулук Каюмарс дар ин ҷо чанд муддат иқомат ихтиёр кардаанд. Ба ин ҷо бештар сарватмандон ва ашроф бо дӯстони худ низ барои вақтхушиву фароғат меомадаанд.  Дар айни ҳол одамони зиёд тавассути роҳи симӣ худро ба баландиҳои минтақаи кӯҳистонии Дарбанд мерасониданд. Баъди тамошову саргармӣ пойи пиёда ба пастӣ мефаромаданд. Дар сари роҳи каҷу килеби арзаш кӯчак, вале дорои манзараҳои аҷоибу дилпазир паси ҳам ошхонаҳои зиёди хурду бузург дар хидмати меҳмонону сайёҳон қарор доштанд. 
Ҳар як ошхонаи ин минтақа бо меъморӣ ва суннатҳои хоси мардуми Эрон сохта шуда буд. Саҳну атрофи ин ошхонаҳоро бо диди баланд гулкорӣ карда буданд. Маълум мешуд, ки аз тарафи шаб ба назари мардум ин манзара комилан бо ҷилваҳои тару тоза ва диққатҷалбкунанда метобад ва шавқу завқи онҳоро бештар меафзояд. Соҳибони ошхонаву ресторанҳо дар сари роҳ одамонро ба хӯрдани таомҳои гуногун ва истироҳат даъват мекарданд.  
Ин тафреҳгоҳ дар баландии 1700 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гаштааст. Мардум низ меҳмонҳои азизи худро маҳз ба Дарбанд меовардаанд. Бархе аз онҳо дар баробари сайру гашт ва тамошо ҳамчунин ба кӯҳнавардӣ машғул мешудаанд,– ба сухан пайваст устоди Донишгоҳи ховаршиносии Тошканд Муҳаббат Ҳабибова. 
Вай боз тазаккур дод, ки  ҳарчи боло мешуданд, ҳавои Дарбанд тозатару беолоиш, тамошои манзараҳои он мавриди таваҷҷӯҳи бештари онҳо қарор мегирифт.  
Ногуфта намонад, ки дар Дарбанди Шимолӣ турбати як идда чеҳраҳои санъат ва фарҳангу адаби Эрон, аз қабили Муҳаммад Тақии Баҳор, Ф. Фаррухзод, Абулҳасан Сабо, Руҳуллоҳ Холиқӣ, Роҳӣ Муаййирӣ ва амсоли онҳо мавҷуд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТЕҲРОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: